23:20:29 22-уми Майи 2025 сол

ТОРИҚ АЗИЗ БА ЭЪДОМ МАҲКУМ ШУД

Додгоҳе дар Ироқ Ториқ Азиз , муъовини собиқи нахуствазири хориҷаи ин кишвар дар замони ҳукумати Саддом Ҳусейнро ба марг маҳкум кардааст. Бар асоси ҳукми додгоҳ, оқои Азиз дар иртибот бо саркӯб ва озору азияти аъзои аҳзоби шиъа дар даҳаҳои ҳаштоду навади мелодӣ ва эъмоли фишор бар аҳзоби мазҳабӣ маҳкум шудааст.

 

tariqazizТориқ Азизи 74 сола, ки солҳо ба унвони чеҳраи байналмилалии ҳукумати собиқи Ироқ шинохта мешуд, илова бар тасаддии мақомҳои муҳими давлатӣ, аз мушовирони наздики Саддом Ҳусейн ҳам маҳсуб мешуд. Пеш аз ин додгоҳи дигаре дар Ироқ оқои Азизро ба ҷурми даст доштан дар эъдоми 42 бозаргон, ки муттаҳам ба судҷӯйӣ дар замони таҳримҳои иқтисодӣ буданд, ба понздаҳ сол ҳабс маҳкум карда буд. Бар асоси баъзе аз гузоришҳо оқои Азиз батозагӣ сакта карда ва башиддат бемор аст.

 

Телевизиюни давлатии Ироқ дар мавриди ҳукми эъдоми оқои Азиз эълом кард: “Додгоҳи олии ҷиноӣ, Ториқ Азизро ба далели нақши ӯ дар ҳазфи аҳзоби мазҳабӣ ба эъдом маҳкум кардааст."

 

Мақомоти расмии давлати Ироқ эълом кардаанд, ки ба ғайр аз Ториқ Азиз, Саъдун Шокир, вазири собиқи кишвар ва Обид Ҳамуд, муншии махсуси Саддом Ҳусейн ҳам ба марг маҳкум шудаанд. Саддом Ҳусейн, ки худ суннимазҳаб буд, тайи даҳаҳои 10 ва 90 мелодӣ тамомии талошҳо аз сӯйи гурӯҳҳои рақиби сиёсӣ барои фаъолият дар Ироқро башиддат саркӯб кард.

 

Ӯ ба таври хос бо аҳзоби шиъаи ироқӣ, аз ҷумла ҳизби Алдаъва, ки Нурӣ Моликӣ, нахуствазири кунунии Ироқ аз аъзои он аст, бархурд кард. Ҷим Мюр, хабарнигори Би-би-сӣ дар Бағдод мегӯяд ҳокимони кунунӣ дар Ироқ нисбат ба режими Саддом Ҳусейн нафрат доранд. Муҳаммад Абдулсоҳиб, сухангӯйи додгоҳ, замони иҷрои ҳукми эъдомро эълом накард.

 

Дар мавриди ҳукми эъдоми Ториқ Азиз имкон дархости таҷдиди назар вуҷуд дорад ва ин ҳукм бояд ба таъйиди ниҳоии Шӯрои раёсати ҷумҳурии Ироқ бирасад. Зиёд Азиз, писари Ториқ Азиз ба Би-би-сӣ гуфт интизори судури чунин ҳукмеро аз сӯйи додгоҳ доштааст. Бо ин ҳол ӯ таъкид кард, ки падараш бегуноҳ аст. Ӯ ба Би-би-сӣ гуфт: "Онҳо мехоҳанд тамоми касонеро, ки ба ҳукумати собиқи Ироқ вобаста будаанд, бикушанд. Писари Ториқ Азиз дар мавриди падараш гуфт: "Ӯ як сиёсатмадор буд ва бо расонаҳо сару кор дошт. Бо масоили амниятӣ даргир набуд."

 

Ториқ Азиз дар соли 2003 ва муддати кӯтоҳе пас аз суқути ҳукумати Саддом Ҳусен таслими нерӯҳои артиши Омрико шуд. Дар моҳи марти 2009, оқои Азиз ба ҷурми даст доштан дар эъдоми 42 бозаргони ироқӣ ба понздаҳ сол ҳабс маҳкум шуд. Панҷ моҳ баъд, додгоҳ ба далели нақши ӯ дар кӯчи иҷбории ақвоми курди ироқӣ 7 сол ба даврони ҳабси ӯ изофа кард.

 

Ториқ Азиз дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Гардиян” дар моҳи август, бори дигар аз Саддом Ҳусейн дифоъ кард ва гуфт: “Таърих исбот хоҳад кард, ки ӯ ба кишвараш хидмат кард.” Оқои Азиз дар ин мусоҳиба аз Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, ба далели барномаи артиши ин кишвар барои хуруҷ аз Ироқ интиқод кард ва гуфт ӯ бо ин кор "Ироқро ба чанголи гургҳо хоҳад супурд."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3430-2010-10-27-05-41-39.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ