20:19:49 22-уми Майи 2025 сол

ГОРБАЧЕВ: "ПИРӮЗИИ НИЗОМӢ ДАР АФҒОНИСТОН МУМКИН НЕСТ"

Охирин раҳбари Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ гуфтааст, ки пирӯзии НОТУ дар Афғонистон номумкин аст. Михаил Горбачев, охирин раиси ҷумҳурии Шӯравӣ, дар мусоҳиба бо бахши русии Би-би-сӣ таъкид кардааст, ки кишарҳои узви паймони НОТУ барои ҷилавгирӣ аз табдил шудани Афғонистон ба Ветноми дувум, роҳи дигаре ҷуз хориҷ кардани нерӯҳои низомии худ аз Афғонистон надоранд.

 

gorbachevОқои Горбачев аз соли 1985 то замони фурӯпошии ин кишвар дар соли 1991, раиси ҷумҳурии Шӯравӣ буд ва дар давраи зимомдории худ нерӯҳои Шӯравиро пас аз даҳ сол ҳузури низомӣ дар Афғонистон, аз он кишвар хориҷ кард. Михаил Горбачев, ки ҳудуди бист сол пас аз хуруҷи низомии Шӯравӣ аз Афғонистон сухан мегуфт, тасмими Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, барои хориҷ кардани нерӯҳои низомии он кишвар аз Афғонистонро мавриди таъйид қарор дод, аммо пешбинӣ кард, ки Омрико дар иҷрои ин тасмим ва хориҷ шудан аз вазъияти кунунӣ бо душвориҳое рӯбарӯ хоҳад шуд.

 

Ӯ гуфт: "Пирӯзӣ дар Афғонистон номумкин аст. Кори Убомо, ки мехоҳад сарбозони худро (аз Афғонистон) берун бибарад, дуруст аст."

 

Оқои Горбачев гуфт, ки Иттиҳоди Шӯравӣ қабл аз хуруҷи низомӣ аз Афғонистон бо кишварҳои Эрон, Ҳинд, Покистон ва Омрико ба тавофуқҳое расида буд. Ӯ гуфт: "Мо орзу доштем Омрико ба ин тавофуқнома пойдор боқӣ бимонад, ки бар асоси он Афғонистон мебоист як кишвари демукротики бетараф бошад, ки бо кишварҳои ҳамсоя ва ҳамчунин бо Омрико ва Шӯравӣ равобити хубе дорад."

 

Охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин мусоҳиба гуфт: "Омркоиҳо ҳамеша мегуфтанд, ки аз ин тавофуқ ҳимоят мекунад, аммо дар айни ҳол, ниманизомиёнро омӯзиш медоданд - дуруст ҳамин ниманизомиёне, ки имрӯз Афғонистон ва ҳамчунин Покистонро гирифтори даҳшатафканӣ кардаанд."

 

Вай изҳор дошт: "Ба ҳамин далел, барои Омрико душвор хоҳад буд то худро ба осонӣ аз ин вазъият халос кунад."

 

Оқои Горбачев гуфт, ки Омрико чораи дигаре ҷуз хуруҷи низомӣ аз Афғонистон надорад ва пурсид: "Гузинаи дигар чист? Як Ветноми дигар? Фиристодани ним милюн сарбоз? Чунин корҳое натиҷа нахоҳад дод."

 

Михаил Горбачев гуфт, ки беҳтарин дастоварде, ки НОТУ метавонад дар Афғонистон дошта бошад, кумак ба Афғонистон аст, то ин кишвар битавонад рӯйи пои худ биистад ва вайрониҳои ношӣ аз ҷангро бозсозӣ кунад. Оқои Горбачев аз шароити сиёсии Русия дар ҳоли ҳозир ибрози нохурсандӣ кард ва гуфт: "Мо дар нимароҳи сайр аз як низоми тамомиятхоҳ ба сӯйи демукросӣ ва озодӣ ҳастем ва мубориза дар ин роҳ ҳамчунон идома дорад."

 

Вай Влодимир Путин, раиси ҷумҳурии собиқ ва нахуствазири феълии Русияро мавриди интиқод қарор дод ва изҳор дошт: "Путин ба ҳар коре даст зада, то аз демукросӣ дур шавад ва дар қудрат бимонад. Михаил Горбачев ин эҳтимолро низ рад накард, ки мумкин аст ба унвони номзад дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Русия ширкат кунад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3439--q-----q.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ