АМРИКО: МАСЪУЛИЯТИ АТОМИИ ЭРОН ҲАР РӮЗ САНГИНТАР МЕШАВАД
Кохи Сафед эълом карда, ки Эрон барои ҳалли муноқишаи атомӣ дар ҳар гуна музокираи чандҷониба бо Ғарб, бояд мувофиқат кунад, ки миқдори бештаре аз урониюми ғанишудаи худро ба хориҷ бифиристад. Рӯзномаи “Ню-Йурк тоймз” рӯзи панҷшанбе (28 октябр) навишт, ки давлати Амрико ва муттаҳидони урупоии ин кишвар пешниҳоди ҷадиде ба Эрон хоҳанд дод, ки дар муқоиса бо пешниҳодҳои қаблӣ маҳдудиятҳои бештареро пеши рӯйи Эрон мегузорад.
"Ню-Йурк тоймз" ба нақл аз манобеъи худ навиштааст, ки дар сурати оғози музокирот, Ғарб аз Эрон хоҳад хост, ки ҳудуди 2000 килуграм аз урониюми ғанишуда бо холисии пойини худро бо сӯхти атомӣ мубодила кунад., ки бештар аз миқдоре аст, ки дар тарҳи октябри соли гузашта омада буд. Илова бар ин, Эрон бар асоси тарҳи ҷадид бояд ғанисозии 20 дарсадиро мутаваққиф кунад. Мақомҳои Амрикоӣ мегӯянд, ки Эрон ҳанӯз ба даъвати Гурӯҳи 5+1 барои оғози музокироти атомӣ расман посух надодааст.
Роберт Гибс, сухангӯйи Кохи Сафед, рӯзи панҷшанбе аз изҳори назар дар бораи ҷузъиёти гузориши "Ню-Йурк тоймз" худдорӣ кард, аммо гуфт "тардиде вуҷуд надорад", ки дар сурати оғози музокироти Эрон бояд мувофиқат кунад, ки миқдори бештаре аз упрониюми ғанишудаи худро ба хориҷ бифиристад. Ин мақоми Амрикоӣ гуфт: "Масъулияти онҳо (Эрон) ҳар рӯз сангинтар мешавад, ҳамон тавр ки таҳримҳо низ Эронро ҳар рӯз бештар таҳти фишор қарор медиҳад."
Мақомҳои Ҷумҳурии Исломӣ ҳанӯз ба ин изҳорот вокунише нишон надодаанд, аммо онҳо дар гузашта борҳо таъкид кардаанд, ки фишор ва таҳрим бар хатти машйи атомии ин кишвар таъсире намегузорад. Ин дар ҳолест, ки Филип Кровлӣ, сухангӯйи Вазорати умури хориҷаи Амрико, гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида ва қудратҳои бузург дар ҳоли ниҳоӣ кардани ҷузъиёти тарҳи пешниҳодии худ ба Эрон ҳастанд.
Вай гуфт масъалаи мубодилаи сӯхти барои реоктури таҳқиқотии Теҳрон мавзӯъи аслӣ нест, аммо музокира бар сари ин тарҳ метавонад ба эътимодсозӣ барои гуфтугӯ бар сари моҳияти барномаи атомии Эрон кумак кунад. Пеш аз суханони Роберт Гибс, Кохи Сафед тайи баёнияе гуфта буд, ки агар Эрон ба хостаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид амал накунад, Гурӯҳи 5+1 иқдомоти бештаре алайҳи ин кишвар анҷом хоҳад дод.
Дар ин баёния омадааст, ки акнун вазъияти мутафовите дар муқоиса бо октябри соли гузашта, ки Эрон пешниҳоди Гурӯҳи 5+1 дар Виенро рад кард, вуҷуд дорад; чун Теҳрон ба ғанисозии урониюм бо ғализии пойин идома дода ва ғанисозии 20 дарсадиро низ оғоз кардааст. Кохи Сафед афзуд Эрон бояд ғанисозии 20 дарсадиро мутаваққиф ва ба қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид амал кунад.
Давлати Эрон ва намояндагони Гурӯҳи 5+1 пойизи соли гузашта бар сари мубодилаи бахши аъзами урониюми ғанишудаи Эрон бо сӯхти ҳастаӣ барои реоктури пажӯҳишии Теҳрон ба тавофуқи куллӣ даст ёфтанд, аммо Эрон баъдан бо ҷузъиёти он тарҳ мухолифат кард ва амалан аз пазириши он сар боз зад. Эрон чанд моҳ пеш пешниҳоди дигареро таҳвили намояндагони Гурӯҳи 5+1 дод, аммо Амрико гуфт, ки пешниҳоди ҷадид нигаронӣ дар бораи барномаи атомии Эронро бартараф намекунад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3445-2010-10-29-05-17-58.html