14:43:59 22-уми Майи 2025 сол

БЕШ АЗ 30 ЗАХМӢ ДАР ИНФИҶОРИ БУМБ ДАР ИСТОНБУЛ

Дар асари як инфиҷори интиҳорӣ дар майдони "Тақсим"-и Истонбул беш аз сӣ нафар аз ҷумла 10 нерӯи пулис захмӣ шудаанд. Пулиси Туркия мегӯяд соъати нуҳи субҳ ба вақти маҳаллӣ бумбгузоре саъй кард савори утубуси нерӯҳои пулис шавад ва ҳамон замон бумбро мунфаҷир кард.

 

taksimҲанӯз гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда нагирифта, аммо оташбаси думоҳаи пайкорҷӯёни курд имрӯз поён меёбад ва хабарнигори Би-би- сӣ дар Истонбул мегӯяд, эҳтимолан ангушти иттиҳом мутаваҷҷеҳи гурӯҳи пайкорҷӯёни курд хоҳад шуд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия гуфт давлати ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ бо касоне, ки амният ва суботи кишварро хадашадор кунанд, музокира нахоҳад кард. Майдони "Тақсим"и Туркия аз марокизи аслии туристии Истонбул ба шумор меравад.

 

Ин минтақа ҳамакнун ба муҳосираи нерӯҳои пулис даромадааст. Нерӯҳои пулис баъд аз ин инфиҷор чанд бумб дар гӯшаҳои дигари майдон "Тақсим"-ро ҳам хунсо кардаанд. Гузоришҳо ҳокӣ аст, ки ин инфиҷор мутаваҷҷуҳи нерӯҳои пулиси зиддишӯриш буд, ки дар майдон мустақар буданд. Пулиси зиддишӯриш дар наздики муҷассамаи Истиқлол дар ин майдон мустақар ҳастанд.

 

Майдони "Тақсим" аз марокизи аслии туристии Истонбул ба шумор меравад. Тайи соли гузашта гурӯҳи ҷудоиталаби ПиКоКо (ҳизби Коргарони Курдистони Туркия), гурӯҳҳои ифротии чап ва гурӯҳҳои исломгаро дар Истонбул бумбгузорӣ кардаанд. Дар соли 2003 пайкорҷӯёни Алқоъида дар бумбгузориҳое 57 нафарро дар ин шаҳр кушта ва садҳо нафари дигарро захмӣ карданд.

 

"ПиКоКо", ҳизби Коргарони Курдистони Туркия аз соли 1984 то кунун барои истиқлол аз Туркия дар ҷануби шарқи ин кишвар бо давлат меҷангад ва то кунун наздик ба чиҳил ҳазор нафар дар ин даргириҳо кушта шудаанд. Туркия, Омрико ва Иттиҳодияи Урупо ҳизби Коргарони Курдистони Туркияро як гурӯҳи терруристӣ мешиносанд. Ақаллияти курдҳо, ки умдатан дар шарқи Туркия мастақар ҳастанд, ҳудуди бист дарсади ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3467---30------.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ