НУҚТАИ ИШТИРОК ВА ИХТИЛОФИ ЭРОНУ ГУРҶИСТОН
Манучеҳри Муттакӣ, вазири хориҷаи Эрон, ба Гурҷистон сафар карда, то дар сафари дурӯзаи худ бо Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳур ва Григул Вашадзе, вазири хориҷаи Гурҷистон, дидору гуфтугӯ кунад. Дар ин сафар қарордоди лағви раводид ҳам байни ду кишвар имзо шуд.
Гурҷистон яке аз муттаҳидони муҳими Омрико дар ин минтақа аст ва мақомоти ин кишвар ин шоеъаро рад крдаанд, ки мулоқоти вазири хориҷаи Эрон боъиси латма хӯрдан ба равобити ин кишвар бо Омрико мешавад. Барои кишваре, ки равобити хубе бо Эрон барқарор мекунад, чи манофеъеро метавон тасаввур кард? Баъзе аз раҳбарон мисли Ҳугу Човез, раиси ҷумҳури Венезуело, барои мухолифат бо Ғарб дидорҳои мутаъаддидеро бо мақомоти эронӣ баргузор кардааст.
Мақомоти Русия ҳам бо сохти нерӯгоҳи атомии Бушеҳр ва фурӯши таҷҳизоти низомӣ ба ратиши Эрон саъй кардаанд, то манофеъи иқтисодӣ ва нуфузи сиёсӣ дар ин кишвар касб кунанд. Дар ин миён он чи ки Гурҷистон метавонад ба даст оварад, бештар баҳрабардорӣ аз наздикии ҷуғрофиёӣ бо Эрон аст. Теҳрон чандин бор ба кумаки мақомоти гурҷӣ омадааст, ба таври мушаххас дар зимистони соли 2006, ки Русия арзаи гоз ба Гурҷистонро мутаваққиф кард.
Дар ҳоле ки Русия ҳамчунон воридот аз Гурҷистонро таҳрим карда, Омрико ҳам бо эъмоли таҳримҳое алайҳи Эрон, сармоягузории хориҷӣ дар ин кишварро маҳдуд кардааст, ба ин тартиб ҳам Эрон ва ҳам Гурҷистон дорои ваҷҳаи муштараке ҳастанд, ки ба даст овардани дӯстони бештар барои ду кишварро зарурӣ мекунад.
Аммо Теҳрон ва Тифлисӣ дар тамомии мавзӯъот мавзеъи муштараке надоранд, чаро ки Гурҷистон яке аз муттаҳидони наздики Амрико ва Исроил шумурда мешавад ва пайдост, ки барои тавсеъаи равобиташ бо Эрон ббояд эҳтиёткорона гом бардорад, то норизоятии мақомоти Амрикоӣ ва исроилиро фароҳам накунад. Яке аз мақомоти аршади Гурҷистон гуфтааст, ки то кунун пешниҳоди сафари Маҳмуди Аҳмадинажод , раиси ҷумҳури Эрон ба Тифлис борҳо рад шудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3507-2010-11-05-09-58-28.html