АМАЛИЁТ АЛАЙҲИ РАҲБАРОНИ ШӮРИШИЁН ДАР АФҒОНИСТОН
Нерӯҳои эътилофи байналмилалии мустақар дар Афғонистон гуфаанд, ки дар пайи як ришта амалиёт алайҳи раҳбарон ва фармондеҳони шӯришиён шуморе аз онҳоро боздошт кардаанд. Ин нерӯҳо рӯзи шанбеи 6 ноябр бо судури эъломияе гуфтаанд, ки яке аз фармондеҳони боздоштшуда фардест, ки борҳо бумбгузориҳои интиҳориро дар шаҳри Ғазнӣ созмондиҳӣ ва нерӯҳои эътилофро бо хатар мувоҷеҳ кардааст.
Нерӯҳои эътилоф номи ин фармондеҳро фош накардаанд, аммо гуфтаанд, ки ӯ дар пайи амалиёти муштараки сарбозони эътилоф ва афғон дар шаҳри Ғазнӣ ҳамроҳ бо панҷ нафар аз зердастони худ боздошт шудааст. Нерӯҳои эътилоф гуфтаанд, ки фармондеҳи дувумӣ дар вилояти Лугар, дар ҷануби шаҳри Кобул, боздошт шудааст. Номи ин фармондеҳ ҳам фош нашуда, аммо нерӯҳои эътилоф гуфтаанд, ки ӯ ҳамалоти зиёдеро алайҳи нерӯҳои байналмилалӣ ва афғон созмондиҳӣ ва иҷро кардааст.
Бар асоси иттилоъияи нерӯҳои эътилоф, ин фармондеҳи Толибон дар пайи амалиёти муштараки сарбозони эътилоф ва афғон боздошт шуда ва дар ҳоли ҳозир ба боздоштгоҳе барои бозҷӯйӣ мунтақил шудааст. Нерӯҳои эътилоф ҳамчунин гуфтаанд, ки дар пайи чаҳор амалиёти дигар, ки бо ҳадафи боздошти фармондеҳони аршади гурӯҳи Толибон ва шабакаи Ҳаққонӣ дар ҷануб ва шарқи Афғонистон ба роҳ андохта шуд, дастикам даҳ шӯришӣ боздошт шудаанд.
Шабакаи Ҳаққонӣ яке аз се гурӯҳи аслии шӯришӣ аст, ки умдатан дар манотиқи ҷануби шарқии Афғонистон таҳти раҳбарии Сироҷиддини Ҳаққонӣ, писари Ҷалолиддини Ҳаққонӣ, аз фармондеҳони муҷоҳидини собиқ, фаъолият дорад. Маркази фармондеҳии нерӯҳои эътилоф номҳои фармондеҳонеро, ки дар ин чаҳор амалиёт ҳадафи нерӯҳои муштарак будаанд, зикр накарда, вале гуфтааст, ки онҳо фармондеҳони аршаде ҳастанд, ки дар бархе аз вилоятҳо, аз ҷумла Ҳилманд ва Зобул, дар ҷануби Афғонистон, фаъолиятҳои шӯришиёнро раҳбарӣ мекунанд.
Нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон гуфтаанд, ки барои тазъифи шӯришиён раҳбарон ва фармондеҳони онҳоро ҳадаф қарор медиҳанд. Хабари боздошт ва ҷустуҷӯйи ин фармондеҳон дар ҳоле эълом шудааст, ки ҳафтаи гузашта женерол Довуди Довуд, фармондеҳи ҳавзаи шимоли пулиси Афғонистон, аз пайвастани беш аз сад фармондеҳи Толибон ба давлат ва кушта шудани чанд фармондеҳи муҳимми дигари Толибон хабар дод. Дар ҳоли ҳозир амалиёти низомии нерӯҳои таҳти фармони НОТУ ва афғон дар ҷануби Афғонистон алайҳи шӯришиён башиддат идома дорад ва як мақоми артиши Афғонистон гуфта, ки ин амалиёт дастикам то 18 моҳи дигар идома хоҳад ёфт.
Толибон барои коҳиши фишорҳои низомӣ бар худ дар ҷануби Афғонистон талош доранд доманаи фаъолиятҳои худро дар шимоли ин кишвар густариш диҳанд. Пулиси Афғонистон гуфтааст, ки амалиёти густардаеро алайҳи ҳузури шӯришиён дар вилоятҳои шимолии ин кишвар ҳам ба роҳ андохта ва оқои Довуд гуфта, ки ин амалиёт дастовардҳои чашмгире доштааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3518-2010-11-07-06-37-44.html