ДАРХОСТ АЗ МАСЕҲИЁНИ ИРОҚ БАРОИ ХУРУҶ АЗ ИН КИШВАР
Баландпоятарин рӯҳонии масеҳии ироқӣ дар Бритониё қарор аст аз масеҳиёни Ироқ бихоҳад то ба дунболи ҳамалоти ахири Алқоъида ин кишварро тарк кунанд. Усқуф Довуд беш аз ин борҳо аз иқдоми нокофии давлати Ироқ барои таъмини амнияти масеҳиён интиқод кардааст. Дар моҷарои агаравгонгирии ахир дар калисои котулики Бағдод, ки бо ҳамлаи нерӯҳои амниятӣ ба ин калисо поён ёфт, 52 нафар кушта шуданд.
Гаравгонгирӣ дар калисои Марями муқаддас дар Бағдод баъд аз зуҳри якшанбеи гузашта, 31 октябр оғоз шуд. Чанд фарди мусаллаҳ ба ин калисо дар маҳаллаи Алкародаи Бағдод ҳамла карданд. Дар он замон ҳудуди сад нафар дар ин маҳал машғули ниёиш буданд. Афроди муҳоҷим аз тариқи телефуни ҳамроҳ бо мақомҳои давлатӣ тамос бақарор карда ва хоҳони озодии зиндониёни Алқоъида дар ин кишвар ва чанд зани мусалмон, ки иддаъо мекарданд назди калисои қибтии Миср зиндонӣ ҳастанд, шуданд.
Ба дунболи шикаст дар музокирот нерӯҳои амниятӣ ба калисо ҳуҷум бурданд, ки талафоти сангине ба бор овард. Қарор аст усқуф Довуд дар маросими мазҳабии имрӯз аз масеҳиёни Ироқ бихоҳад дар вазъияте ки Алқоъида ваъдаи ҳамалоти бештар алайҳи масеҳиёнро дода, хоки ин кишварро тарк кунанд. Ӯ ҳамчунин аз давлати Бритониё хоҳад хост то ба масеҳиёни Ироқӣ паноҳандагӣ диҳад.
Умдаи масеҳиёни Ироқро ошуриҳо ташкил медиҳанд, ки аз қарни аввали мелодӣ дар ин кишвар зиндагӣ кардаанд. Аз замони суқути ҳукумати Саддом масеҳиёни Ироқ дар инзиво ба сар бурдаанд ва давлати ин кишвар тавоноии муроқибат аз онҳоро надошта ва ё тамоюле барои ин кор нишон надодааст.
Ҳамалот ба ибодатгоҳи масеҳиён дар Ироқ мунҷар ба хуруҷи ҳазорон нафар аз онҳо аз ин кишвар шудааст. Ҳамакнун наздик ба панҷсад ҳазор масеҳӣ дар Ироқ зиндагӣ мекунанд. Раҳбарони масеҳиёни Ироқ пеш аз ин аз масеҳиёни ин кишвар хоста буданд то дар Ироқ боқӣ бимонанд ва ба тақвияти ҷавомеъи худ бипардозанд, аммо бо афзоиши ноамниҳо нишонаҳо ҳокӣ аз он аст, ки ин сиёсат мумкин аст тағйир кунад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3520-2010-11-07-15-53-58.html