ОЖОНС: ЭРОН ҲАМКОРИИ КОФӢ НАКАРДААСТ
Юкиу Омону, мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, рӯзи душанбе бо таслими гузориши солонаи Ожонс ба 192 узви Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид хостори ҳамкории комили Теҳрон бо бозрасон шуд. Вай ба Маҷмаъи Умумӣ гуфт: “Эрон ҳамкории лозимро барои таъйиди сулҳомез будани куллия фаъолиятҳои атомиаш мабзул накардааст.”
Исҳоқ Оли Ҳабиб, яке аз диплумотҳои Эрон дар мақарри Созмони Милали Муттаҳид, ин изҳоротро “ғалату гумроҳкунанда” хонд. Вай гуфт Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ҷузъиёти фаъолиятҳои ҳастаии Эронро мунташир карда ва ин ҳокӣ аз дастрасии комили бозрасон ба куллия маводди ҳастаӣ дар Эрон аст. Ӯ афзуд Эрон дар интизори дидани ҳусни соири тарафҳо барои гуфтугӯи атомӣ аст. Дар ҳамин ҳол Туркия ибрози омодагӣ кардааст, ки мизбонии даври баъдии гуфтугӯҳои Эрон ва гурӯҳи панҷ ба иловаи якро бар уҳда дошта бошад.
Эрон иттиҳоми кишварҳои ғарбӣ мабнӣ бар талош барои дастёбӣ ба силоҳи атомиро рад мекунад ва мегӯяд ҳозир нест аз ҳаққи қонунии худ барои ғанисозии урониюм чашм бипӯшад. Бархе коршиносон муътақиданд аз ҳангоми раёсти Юкиу Омону дар соли гузашта лаҳни Ожонси байналмилалии энержии атомӣ алаҳи Эрон тундтар шудааст. Эрон Ожонсро муттаҳам карда таҳти таъсири фишорҳои кишварҳои ғарбӣ қарор гирифтааст.
Манучеҳри Муттакӣ, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе гуфт Теҳрон ҳозир ба музокира дар бораи табодули сӯхт аст ва Туркия маҳалли муносибе барои ин гуфтугӯҳост. Пас аз он Абдуллоҳ Гул, раиси ҷумҳурии Туркия, ки дар Бритониё ба сар мебурд, рӯзи душанбе гуфт ин кишвар “базудӣ” мизбони ин музокирот хоҳад буд. Вай афзуд ин гуфтугӯ барои эътимодсозии байни ду тараф ва ҳалли диплумотики ихтилоф бар сари барномаи атомии Эрон муҳим хоҳад буд.
Оқои Гул дар вокуниш ба изҳороти ахири мақомҳои исроилӣ мабнӣ бар таҳдиди низомии Эрон гуфт Туркия моил нест ҷанги дигаре дар минтақа рух диҳад ва бояд бо абзорҳои диплумотик чолиши кунуниро ҳал кард. Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, рӯзи якшанбе дар мулоқот бо Ҷу Бойден, муъовини раиси ҷумҳури Омрико, гуфта буд, ки танҳо таҳдид ба як иқдоми низомии ҷиддӣ алайҳи Эрон метавонад барномаҳои атомии ин кишварро мутаваққиф кунад.
Аммо Роберт Гейтс, вазири дифоъи Омрико, дар вокуниш гуфт таҳримҳои иқтисодии Эрон бисёр беш аз он ки пешбинӣ мешавад, муассир буда ва Вошингтун муътақид ба идомаи рӯйкарди сиёсӣ ва иқтисодии кунунӣ алайҳи Теҳрон аст. Вай гуфт: “Ман бо ин (дидгоҳ) мухолифам, ки фақат як таҳдиди низомӣ, Эронро маҷбур мекунад ба барномаи таслиҳотии атомиаш поён диҳад.”
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3533-2010-11-09-05-45-40.html