11:58:41 01-уми Июни 2025 сол

ДАҲҲО КУШТА ДАР ОТАШСӮЗӢ ДАР ОСМОНХАРОШ

Оташсӯзии муҳиб як осмонхарошро дар шаҳри Шонгҳой дар Чин вайрон кард. Дастикам 42 нафар дар ин оташсӯзӣ ҷони худро аз даст додаанд. Ин сониҳа ҳадди ақал 90 нафар захмӣ низ бар ҷой гузоштааст. Ин сохтмони 28 табақаи маскунӣ, ки дар як минтақаи пуртарадуд ва шулуғи шаҳр қарор гирифта, дар ҳоли мараммат шудан буд, ки дучори оташсӯзӣ шуд.

 

chinaТелевизиюни давлатии Чин тасовиреро нишон дод, ки дар он мардум аз дорбастҳои канори сохтмон овезон шуда буданд ва мунтазири маъмурони буданд, то онҳоро аз шӯълаҳои оташ наҷот диҳанд. Маъмурони оташнишонӣ барои хомӯш кардани оташ соъатҳо талош карданд. Ҳанӯз иллати ин сониҳа мушаххас нашудааст, вале як шоҳиди айнӣ гуфт, ки ибтидо масолеҳи сохтмониро дида, ки оташ гирифта ва сипас шуълаҳо ба қисматҳои болоии дорбасти атрофи сохтмон густариш пайдо кардааст.

 

Бозмондагони ин оташсӯзӣ имрӯз барои ёфтани бастагонашон бемористонҳои шаҳрро ҷустуҷӯ мекарданд. Ин сохтмон маҳалли сукунати омӯзгорони бознишастаи Шонгҳой буд. Мақомоти шаҳрдорӣ гуфтанд, ки дар маҷмӯъ 156 хонавода дар он сукунат доштанд. бқи гузориши телевизиюни Чин, бозмондагони сониҳа ба истодиюме дар наздикии сохтмон бурда шудаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3581-2010-11-16-04-16-41.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854