16:12:37 01-уми Июни 2025 сол

КЛИНТУН ЭРОНРО МОЯИ НИГАРОНИИ ҶАҲОНӢ ДОНИСТ

Ҳилорӣ Клитнтун, вазири умури хориҷаи Амрико гуфта, ки паёмҳои диплумотики ифшошуда тавассути "Викиликс" баёнгари ин аст, ки бисёре аз кишварҳои минтақа Эронро "хатаре ҷиддӣ" медонанд. Ҳилорӣ Клинтун дар айни ҳол зимни маҳкум кардани иқдоми "Викиликс", онро ҳамла ба ҷомеъаи байналмилалӣ хонд.

 

hilary_clintonВай ин суханонро пас аз дидор бо Аҳмад Довуд Уғлу, вазири хориҷаи Туркия, дар як конфронси хабарӣ дар Вошингтун баён кард. Хонум Клинтун гуфт иттилоъоте, ки ба паёмҳои диплумотики дарзкарда нисбат дода шуда, нишон медиҳад: "Дар нигоҳи бисёре аз кишварҳои ҳамсояи Эрон ин кившар хатаре ҷиддӣ буда ва барои минтақа низ ин нигаронии ҷиддист. Вай афзуд: "Дар ҳар ҷаласае, ки дар саросари ҷаҳон ширкат мекунам, чизе ки матраҳ мешавад, нигаронӣ дар бораи иқдомот ва мақосиди Эрон аст."

 

Мақомҳои аршади Ҷумҳурии Исломӣ зимни радди ин иттиҳом ҳузури низомии Амрико дар минтақаро омили бесуботии Ховари Миёна медонанд. Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, рӯзи душанбе, 29 ноябр, ҳудуди 251 ҳазор санади маҳрамонаи мунташиршуда тавассути "Викиликс"-ро фоқиди арзиш ва эътибор хонд ва интишори онҳоро як "шайтанат" донист, ки дар равобити Эрон бо соири кишварҳо таъсире нахоҳад гузошт.

 

Бар асоси ин аснод, раҳбарони Исроил, Арабистони Саъудӣ, Қатар, Баҳрайн ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, барномаи атомии Эронро таҳдиде алайҳи мавҷудияти худ дониста ва хоҳони ҳамлаи Амрико барои таваққуфи он шуда буданд. Бино бар ин мадорик, Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Арабистони Саъудӣ, ба таври маҳрамона Амрикоро ба бумборони таъсисоти атомии Эрон ташвиқ карда ва гуфта буд: "Сарри ин морро қатъ кунед."

 

Ин паёмҳои диплумотик ҳокӣ аз он аст, ки Шайх Муҳаммад Зоид Оли Наҳён, валиаҳди Абузабӣ ва муъовини фармондеҳи кулли нерӯҳои Аморот, низ Эронро "таҳдиде алайҳи мавҷудият"-и кишвараш дониста буд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3711-2010-11-30-05-42-02.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854