04:17:42 02-уми Июли 2025 сол

СОЛЕҲӢ: «ДАР ТАВЛИДИ КЕЙКИ ЗАРД ХУДКИФО ШУДЕМ»

Эрон мегӯяд, ки аввалин маҳмулаи кейки зарди тавлидшуда дар муҷтамаъаи Гачини Бандари Аббос ба сойти ҳастаии Исфаҳон мунтақил шуда ва ин кишвар ба худкифоӣ дар тавлиди кейки зард даст ёфтааст.

 

Алиакбари СолеҳӣАлиакбари Солеҳӣ, раиси созмони энержии атумии Эрон дар мароосими вуруди аввалин маҳмулаи кейки зард ба сойти ҳастаии Исфаҳон гуфта, ки "ғарбиҳо дилбаста буданд, ки мумкин аст мо дар тавлиди маводи аввалияи тавлиди сухт мушкил дошта бошем, аммо ин намуна аввалин маҳмулаи кейки зарди ирсолӣ аз маъдани Гачин аст, ки таҳти назорат ва ҳисобпурсии Ожонс низ қарор дорад. Эрон то кунун аз кейки зарди воридотӣ истифода мекард, ки мақодири зиёде аз онро дар авосити даҳаи 1970 аз Офриқои Ҷанубӣ харида буд.

 

Бархе гузоришҳо ҳокӣ аз он буд, ки ин кейки зарди воридотӣ дар ҳоли тамом шудан аст, вале Эрон мегӯяд, ки акнун метавонад онро дар дохил тавлид кунад. Ба гуфтаи оқои Солеҳӣ бо иқдоми тоза дар тавлиди кейк "гоме дигар дар таъмини ниёзҳои санъати ҳастаии боқудрат бардошта шуд."

 

Кейки зард дар воқеъ хоки маъдании урониюм аст аст, ки баъд аз тасфия ва фароварӣ аз санги маъдани урониюм таҳия мешавад. Эрон барои таъмини кейки зарди мавриди ниёз дар маъдани урониюми Соғанди Язд ва Ардакон низ сармоягузорӣ кардааст ва ба гуфтаи оқои Солеҳӣ маъдани Соғанд ба зудӣ ба баҳрабардорӣ мерасад ва "раванди сохти таъсисоти кейки зарди Ардакон ҳам шитоб гирифтааст."

 

Оқои Солеҳӣ гуфтааст, ки мехоҳем дар арзи чанд сол (ҳудуди чаҳор панҷ сол) кишварро ба лиҳози иктишоф ва истихроҷ ва таъмини маводи аввалия таъмин кунем. Раиси созмони энержии атумии Эрон аз ироаи иттилоъот дар бораи маҳмулаи кейки зард худдорӣ карда ва ба хабарнигорон гуфта, ки "акнун ба ироаи иттилоъот дар бораи доштаҳои худ аз манобеъи урониюм вуруд намекунем ва ҳатто вазни ин маҳмула ва маҳмулаҳои ояндаро эълом намекунем."

 

Як манбаъи огоҳ ба Би-би-сии форсӣ гуфт мизони ниёзи рӯзонаи Эрон ба кейки зард як тун аст, ки дар ҳоли ҳозир амалан чунин имконе дар ин кишвар вуҷуд надорад. Дар рӯзҳои гузашта ба хусус баъд аз террури ду физикдони эронӣ мақомоти расмӣ дар Эрон Ожонси Байналмиллалии Энержии Атумиро ба интишори иттилоъоти маҳрамонаи ҳастаӣ муттаҳам кардаанд. Оқои Солеҳӣ гуфт, ки "ба ҳеҷ унвон нахоҳем пазируфт, ки вазни маводи аввалияи моро эълом кунанд."

 

Оқои Солеҳӣ гуфт, ки яке аз мушкилот ва гилояҳои мо аз Ожонси Байналмиллалии Энержии Атумӣ ин аст, ки иттилоъотеро, ки инъикоси он дар гузоришҳо зарурӣ нест ва бояд дар ожонс маҳрамона бимонад, мунъакис мекунад. Эрон дар ҳоле худкифоӣ дар тавлиди кейки ҳастаиро эълом карда, ки Саъиди Ҷалилӣ, сарпарасти музокироти ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон худро барои азсаргирии гуфтугӯҳо бо гурӯҳи 5+1 омода мекунад. Ин музокирот дар рӯзҳои 6-7 декабр дар Женеви Свис баргузор мешавад.

 

Дар ҳоле ки кишварҳои гурӯҳи 5+1 бар табаъияти Эрон аз мусавваботи Шурои Амнияти Созмони Миллали Муттаҳид дар мавриди таваққуфи бархе барномаҳои ҳастаии ин кишвар ба хусус ғанисозии урониюм таъкид доштаанд, мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ ин барномаҳоро қобили музокира надонистаанд. Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ бар ғайринизомӣ будани фаъолиятҳои ҳастаии худ таъкид дошта ва гуфтаанд, ки ғанисозии урониюм ҳаққи инкорнопазири Эрон аст, ба унвони яке аз кишварҳои имзокунандаи паймони манъи густариши ҷангафзориҳои ҳастаӣ аст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3776--l-----r.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ