04:06:08 02-уми Июли 2025 сол

МУАССИСИ ВИКИЛИКС БОЗДОШТ ШУД

Пулиси Ландан Ҷулиян Осонж, муасиси сойти Викиликсро дар иртибот бо иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ ба ду зан дар Суэд (Шветсия) дастгир кардааст. Оқои Осонж, ки Устролиёӣ аст, ин иттиҳомро, ки таърихи иртикоби он ба августи соли 2010 бозмегардад, рад мекунад.

 

wikileaks_founder_julianДавлати Суэд дархости истирдоди Ҷулиян Осонжро кардааст. Искотланд Ёрд гуфт Ҷулиян Осонж субҳи имрӯз, 7 декабр бар асоси як ҳукми ҷалби байналмиллалӣ дар як истгоҳи пулис дар Ландан дастгир шуд. Ҳузури оқои Осонж дар истгоҳи пулис бар асоси қарори қаблӣ буд. Қарор аст ӯ мутаъоқибан дар додгоҳи Вестминистер ҳозир шавад.Сойти Викиликс мубодират ба интишори як ришта гузоришҳои маҳрамонаи диплумотик карда, ки муҷиби хашму сарафкандагии давлати Омрико шудааст.Марк Стивенз, вакили мудофеъи Ҷулиян Осонж ба Бибисӣ гуфт, ки муваккилаш ҳозир аст бо пулиси Бритониё суҳбат кунад, вале ба низоми ҷазоии Суэд эътимод надорад.

 

Оқои Стивенз афзуд рафтори додситонии Суэд бисёр бемантиқ ва ғайриоддӣ буда ва ӯро аз моҳияти шавоҳиде, ки алайҳи оқои Осонж буда, бехабар гузоштааст.Вакили оқои Осонж гуфт Викиликс худро барои ифшои гузоришҳои маҳрамонаи дигаре омода мекунад.Рӯзи гузашта эълом шуд, ки бонкҳои Суис ҳисоби Ҷулиян Осонжро масдуд кардаанд. Сойти Викиликс эълом карда, ки ин сойт ва оқои Осонж дар ҳафтаи гузашта ҳудуди сад ҳазор юру аз даст додаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3795-2010-12-07-18-10-33.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ