22:32:09 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАВЛАТИ АМРИКО ХОҲОНИ ОЗОДИИ КАЁН ТОҶБАХШ ШУД

Давлати Амрико хоҳони озодии Яҳё Каён Тоҷбахш, пажӯҳишгари эронӣ-Амрикоӣ ва рафъи мамнӯъулхуруҷ будани Ишо Мӯъминӣ, донишҷӯйи эронӣ-Амрикоӣ шудааст.

Иён Кели, сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Амрико, рӯзи душанбе, 13 июл, дар мавриди хабари боздошти оқои Тоҷбахш тавассути нерӯҳои амниятии Эрон амиқан ибрози нигаронӣ кард. Давлати Эрон ҳанӯз хабари боздошти оқои Тоҷбахшро таъйид накардааст. Аммо хабаргузории Осушиэйтед пресс ба нақл аз бастагони оқои Тоҷбахш гузориш дода, ки вай рӯзи панҷшанбе, 9 июл, дар манзилаш, дар Теҳрон боздошт шуд. Сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Амрико дар бораи тасмимҳои давлати Эрон, ки ба гуфтаи ӯ фақат Эронро аз ҷомеъаи байналмилалӣ мунзавӣ мекунад, ибрози таассуф кард.

Иён Кели аз давлати Эрон хост, ки ҳар чи сареътар ин шаҳрванди Амрикоро озод кунад ва гуфт, ки аз тариқи давлати Суес, ки ҳофизи манофеъи Амрико дар Эрон аст, парвандаи вайро таъқиб мекунад.

Ишо Мӯъминӣ

Ин мақоми Амрикоӣ ҳамчунин хоҳони ин шуд, ки давлати Эрон поспурти тамоми шаҳрвандони Амрико, ки дар Эрон бидуни далел ба гуфтаи вай муваҷҷаҳи мамнӯъулхуруҷ шудаандро бозгардонад. Сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Амрико бавижа хоҳони рафъи мамнӯъулхуруҷ будани Ишо Мӯъминӣ, донишҷӯйи эронӣ-Амрикоӣ, ки ба иттиҳоми иқдомоти зиддиамниятӣ барои муддате дар боздошт буд, шуд. Ишо Мӯъминӣ, донишҷӯйи донишгоҳи иёлати Колифурниё, ки дорои тобеъияти дугонаи эрониву Амрикоӣ аст, дар рӯзи 15 октябри 2008 дар Теҳрон боздошт шуд ва ба зиндони Эвин мунтақил шуд.

Ӯ 11 ноябри 2008 бо супурдани васиқа аз зиндон озод шуд, аммо мамнӯъулхуруҷ боқӣ монд. Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ Ишо Мӯъминиро ба иқдом алайҳи амнияти миллӣ муттаҳам карданд.

Аммо вакили мудофеъи хонум Мӯъминӣ иллати боздошти муваккили худро фаъолият дар дифоъ аз ҳуқуқи занон дар Эрон, аз ҷумла иртибот бо кампайни як милюн имзо эълом карда буд.

Роберт Левинсун

Сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Амрико ҳамчунин хоҳони ин шуд, ки Эрон дар мавриди таъини сарнавишти Роберт Левинсун, маъмури собиқи пулиси федероли Амрико, ки гуфта мешавад дар Эрон мафқуд шудааст, ба таври содиқона ҳамкорӣ кунад. 

Роберт Левинсун охирин бор ҳаштуми марти 2007 дар ҷазираи Кеш мушоҳида шудааст. Ӯ рӯзи баъд ҳутели худро тарк кард ва дигар хабаре аз ӯ шунида нашуд. Мақомҳои эронӣ аз иллати сафар ва сарнавишт оқои Левинсун ибрози беиттилоъӣ мекунад. Давлати Эрон мегӯяд барои таъини сарнавишти вай дар талош аст.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi