WIKILEAKS ДАР МАВРИДИ ӮЗБАКИСТОН
Дар мадорики нашркардаи Викиликс Ӯзбакистон як кишвари фасодзада, бо ҷароими созмонёфтаи дар ҳоли афзоиш, истифода аз нерӯи кори кӯдакон дар парвариши панба ва шиканҷаи густарда арзёбӣ шудааст. Аммо тибқи ин аснод, ба далели муҳим будани Ӯзбакистон дар интиқоли маводду муҳиммот барои амалиёти алайҳи терурисм дар Афғонистон Омрико аз ворид сохтани фишор бар Ислом Каримов, раиси ҷумҳур имтиноъ ҷустааст.
Чеҳраи воқеъии Гулнора Каримова
Дар асноди диплумотики Омрико, ки Викиликс ошкор кардааст, чеҳраи ҷаззоб вале хислатҳои зидду нақизи Гулнора, духтари Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон, мунъакис шудааст. Дар ин аснод Гулнора Каримова ҳамчун "мутанаффиртарин чеҳра дар Ӯзбакистон" қаламдод шудааст, ки ҳама гуна тиҷорати судоварро бо таҳдиду зӯр ба даст оварда ва бо номи "улёхонуми дузд" маъруф будааст. Гуфта мешавад, хонуми Каримова на танҳо ба тиҷорати маҳаллӣ, балки ба ширкатҳои бонуфузи хориҷии муқими Ӯзбакистон дасти тамаъ дароз кардааст.
Бино ба иддаъои як тоҷири омрикоӣ, ба далели рад шудани пешниҳоди Гулнора Каримова дар мавриди ба даст овардани саҳмияҳои ширкати Skytell ниҳодҳои давлати Ӯзбакистон дар пахши амвоҷи ин ширкат монеъ эҷод кардаанд. Ба гуфтаи Сафорати Омрико дар Ӯзбакистон, Гулнора бо “раҳбарони мофиёи маҳаллӣ” ҳамкорӣ карда ва аз қарордоди ширкати “Зеромакс”, як ширкати ӯзбакистонии бонуфуз дар мавриди маводди хоми нафт саҳмияи худро гирифтааст.
Пас аз нашри матолибе дар расонаҳои хориҷӣ дар бораи ин ширкат ва равобити он бо духтари Ислом Каримов, ин ширкат аз суи давлати Ӯзбакистон баста шуд. Ҳамчунин, диплумотҳои омрикоӣ гуфтаанд, ки Гулнора Каримова аз тариқи бозрасиҳои зиёди молиётӣ саҳмияҳои ширкати “Кока-Кола”-ро соҳиб гаштааст. Дар санадҳои сирии диплумотӣ Гулнора Каримова “чашмгурусна, қудратталаб" тасвир шудааст, ки "тоҷирон ё ҳар нафареро, ки барояш монеъ эҷод мекунад, тавассути қудрати падараш нобуд месозад”.
Ҳамзамон, тоҷир Нейл Ливингсон, ки дар фаъолияти ширкати “Зеромакс” ширкат доштааст, дар сӯҳбат бо рӯзномаи “Гардиан” ба нафъ надоштани Гулнора Каримова аз ин ширкат ишора кардааст. Ба навиштаи ин нашрия, хонуми Каримова хабарҳо мабнӣ бар қисман ё куллан мутааллиқ будани “Зеромакс” ба ӯро рад кардааст. Вале дар асноди Wikileaks омадааст: “Бо истифода аз мақоми диплумотик, ки падараш ба ӯ додааст, Гулнора Каримова бештари вақти худро бо ширкати “Зеромакс” дар Суис ва Испониё сипарӣ кардааст.
Дар ин аснод таъкид шудааст, ки аз соли 2004 Гулнора Каримова таҳти таваҷҷӯҳи ҷиддии Сафорати Омрико дар шаҳри Тошканд қарор гирифта ва аз фаъолияти панҷ соли ояндаи ӯ гузоришҳо ба Вошингтун ирсол гардидааст. Диплумотҳо дар канори фаъолияти тиҷоратӣ иттилоъи марбут ба зиндагии хусусии Гулнора Каримоваро ҷамъоварӣ кардаанд. Дар ин иттилоот ба сарояндаи поп будан, ба заргарӣ машғул шудан ва устоди Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳон ва диплумосии шаҳри Тошканд будани Гулнора Каримова ишора шудааст.
Ҳамчунин, Гулнора бо хоҳараш Лола соъати 3 –и шаб бо чаҳор тан муҳофизи неруманд ба бошгоҳи шабона (night club) омада ва Лола то субҳ бо марде “бо чеҳраи роҳзан” рақсидааст. Ба гуфтаи диплумотҳо, бар хилофи қавонини Ӯзбакистон дар бошгоҳи шабона, ки ба Гулнора Каримова мутаалииқ аст, ба муштариён ба миқдори зиёд алкул пешниҳод мешавад. Зимнан, гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз Руперт Ҷой, сафири Бритониё дар Тошканд , ки дар моҳи октябри соли гузашта дар намоиши мӯди Гулнора Каримова ширкат карда буд, шадидан интиқод кардаанд.
Фасод дар Ӯзбакистон
Дар мукотибаи суфарои Омрико “ба иртибот миёни ҷароими созмонёфта ва давлати Ӯзбакистон” ишора шудааст. Дар асноди сирии диплумотии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико таъкид шудааст, ки мақом ва симматҳо дар бахшҳои давлатию хусусии Ӯзбакистон “хариду фурӯш” мешаванд. Гуфта мешавад, бо ин вуҷуд Омрико ва кишварҳои Ғарб ба хотири манофеъи худ мавориди фарорвони фасод ва нақзи ҳуқуқи бюашар дар Ӯзбакистонро нодида мегиранд.
Дар асноди Сафорати ИМА омадааст: дар пайи аз зиндон озод шудани Мӯътабар Тоҷибоева, фаъоли ҳуқуқи башар дар Ӯзбакистон ва аз ҷониби Ҳилларӣ Клинтун, вазири хориҷаи Омрико ба ӯ эъто шудани ҷоизаи “Шуҷоат” Ислом Каримов ба ғазаб омадааст. Президент Каримов бо оҳанги сард ба диплумотҳои Омрико гуфтааст, “Ҳамакнун масоили марбут ба наҳваи таъмини неруҳои Омрико ба маводд дар Афғонистон дар мизи музокира қарор дорад”.
Ричард Норланд, сафири Омрико дар Ӯзбакистон 18 марти соли 2009 дар номае ба Вошингтун гуфтааст, “Ворид сохтани фишор болои Ислом Каримов мумкин аст дар раванди интиқоли маводд ба Афғонистон тавассути Ӯзбакистон мушкил эҷод кунад”.
Оқои Каримов, ки муддати ду даҳсола дар сари қудрат аст, аз ҷониби гурӯҳҳои ҳуқуқи башар барои нақзи ҳуқуқи инсон, бахусус, истифодаи шиканҷа дар зиндонҳо интиқод шудааст.Аммо ӯ ин иддаъоро рад кардааст.
Вокунишҳо ба матолиби Wikileaks
То ҳол мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди матолиби сойти Wikileaks расман ибрози назар накарданд. Бештари коршиносони тоҷик низ дар ин замина мавзеъ муҳофизакоронаеро пеш гирифта ва ба баҳонаҳои мухталиф аз ибрози андеша дар масоили матруҳа худдорӣ карданд. Иддае бар он назаранд, ки далелҳои ин сойт қотеъ набуда ва ин иқдом ба манзури барангехтани низоъ ва ноором сохтани вазъи кишварҳо роҳандозӣ шудааст.
Аз сӯйи дигар, ба эътиқоди Давлати Усмон, коршиноси тоҷик баъзе аз неруҳо дар Омрико талош доранд аз тариқи интишор сохтани асноди маҳрамонаи диплумотик мавориди фасод ва нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳои ақибмонда, бахусус, мамолики Осиёи Марказиро фош кунанд. Ҳамзамон, оқои Усмон таъкид кард, фасод танҳо хоси кишварҳои Осиёи Марказӣ набуда, кишварҳои пешрафта низ бо мушкили мушобеҳ мувоҷеҳ ҳастанд. Танҳо тафовут дар он аст, ки мақомоти фасодзада аз сӯйи журнолистон ошкор шуда, аммо ин амр дар кишварҳои Осиёи Марказӣ душвор будааст.
Дар ҳамин ҳол, иддае аз сокинони Душанбе дар воканиш ба интишори асноди маҳрамона дар сойти Wikileaks гуфтанд, ки дар мавриди хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон, барканории женерол Ғаффор Мирзоев ва илали хуруҷи неруҳои марзбони Русия аз Тоҷикистон сару садоҳо вуҷуд дошта ва ҳамакнун ин қазияҳо дар сойт пайдо шудаанд. Як хабарнигори маҳаллӣ, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт, ки "матолиби сойти Wikileaks барои боз шудани ҷомеаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус, Тоҷикистон, ки дар марҳилаи ибтидоии демукросӣ қарор доранд, мусоъидат хоҳад кард".
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3871-wikileaks---.html