РУСИЯ ЭРОНРО ҚУДРАТМАНДАТАРИН КИШВАРИ МИНТАҚА МЕДОНАД
Русия Эронро қудратмандатарин кишвари минтақа медонад ва хостори рафтори раҳбарони он бар асоси қавоъиди ҷомеъаи байналмилалӣ аст. Михаил Морглев, раиси кумисииюни равобити хориҷии Шӯрои федеросиюни Русия мегӯяд равобити Теҳрон ва Маскав дар ҳоли ҳозир аз субот бархӯрдор аст, вале таъомул бо ҳамсояи ҷанубии кишварашро мушкил медонад. Эрон ва Русия дар моҳҳои гузашта равобити пуртанишеро пушти сар гузоштаанд
Ҳамроҳии Русия бо Амрико ва соири кишварҳои ғарбӣ дар раъй ба ташдиди таҳримҳои Эрон дар Шӯрои Амният ва лағви қарордоди фурӯши сомонаи дифоъи зиддиҳавоии Эс-300 ба ин кишвар аз мушкилоти аслӣ дар равобити ду кишвар будаанд. Руасои ҷумҳури Русия ва Эрон моҳи гузашта дар ҳошияи иҷлоси сарони кишварҳои ҳошияи дарёи Хазар дар Боку дидор карданд. Дидоре, ки ба гуфтаи мақомҳои Русия бо гуфтугӯи сареҳи ду тараф ва матраҳ шудани масоили нохушоянд ҳамроҳ буд.
Оқои Морглев дар гуфтугӯ бо Би-би-сии форсӣ гуфт Русия фақат ба хотири манофеъи миллии худ бо Амрикодар ташдиди таҳримҳои байналмилалии Эрон ҳамроҳӣ кардааст. Шӯрои федересиюни Русия, Маҷлиси аълои порлумони Русия аст ва аз ҷойгоҳе мушобеҳ бо Маҷлиси сено дар Иёлоти Муттаҳида бархӯрдор аст. Матни мусоҳибаи Михаил Морглев ва Би-би-си-ро дар зер мехонед:
-Оқои Морглев, мавқеъияти байналмилалии Эронро дар шароити кунунӣ чи тавр мебинед?
-Дар натиҷаи амалиёти низомӣ дар Ироқ ва сарнагунии Саддом Ҳусейн, Эрон ба қавитарин кишвари минтақа табдил шуд. Эрон тавре рафтор мекунад, ки нишон медиҳад аз нақши ҷадиди худ дар минтақа ва мавқеъияти роҳбурдии худ бохабар аст. Эрон як бозигари муҳим дар минтақа ва як бозигари муҳим дар сиёсати дохилии Ироқ, Лубнон, Сурия ва дигар кишварҳои ҳамҷавор аст.
Фикр мекунам давлати пешини Амрико табаъоти ҳамла ба Ироқ ва нақши он дар афзоиши нуфузи минтақавии Эронро дуруст арзёбӣ накарда буд. Имрӯз мо шоҳиди натиҷаи камбуди дироят (дониш) (дар давлати қаблии Омрико) ҳастем.
-Оё мавқеъияти ҷадиди Эрон Русияро нигарон кардааст?
-Эрон ҳамсояи мост. Албатта кор кардан бо он ҳамсоя осон нест. Мо имрӯз равобити босуботе бо ин кишвар дорем. Албатта фикр кунам равобити ду кишвар ҷойи пешрафти бештаре дорад." Фикр мекунам раҳбарони Эрон ва ҳукумати ин кишвар бояд бар асоси қавоъиди ҷавомеъи байналмилалӣ амал кунанд ва дар таъомул бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бо шаффофияти бештаре амал кунанд.
-Дар як соли гузашта шоҳиди тағйири рафтори Русия дар қиболи Эрон будаем.
-Аз чи назар?
-Наздик шудани Русия ба Амрикова афзоиши таҳримҳои Эрон
-Русия ба Русия наздиктар мешавад на ба кишварҳои дигар. Мо аз манофеъи кишварҳои дигар дифоъ намекунем. Авлавияти аслии мо барқарории равобити дӯстона ё ҳадди ақал хунсо дар манотиқи ҳамҷавори марзҳоямон аст. Ин ба мо имкон медиҳад дар ҷиҳати мудернсозии Русия ҳаракат кунем.
Мо бо давлати қаблии Амрико дар робита бо абзори мавриди назари онҳо барои мувоҷеҳ бо ҳукумати Эрон ихтилоф доштем. Мо бар ин боварем, ки равобити сиёсӣ бо кишварҳои шарқӣ монанди бозии шатранҷ аст ва на футболи омрикоӣ. Имрӯз ҳам ҳамон мавзеъро дорем.
-Тавофуқномаи фурӯши системи падофандии Эс-300 чаро лағв шуд?
-Фуқдони шаффофият, фуқдони эътимод, адами итминон ба корбурди дуруст ва сулҳомези ин таслиҳот иллати лағви муъомила буд.
-Оқибати гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо Эронро чи гуна мебинед?
-Сиёсатмадорони эронӣ оқил ва ботаҷриба ҳастанд. Онҳо бо қавоъиди бозор ошно ҳастанд. Фикр мекунам дер ё зуд шоҳиди ин хоҳем буд, ки раҳбарони Эрон дар музокироташон бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ воқеъгаротар хоҳанд шуд. Дар ғайри ин сруат таҳримҳо, ки воқеъан ба Эрон фишор овардаанд, идома хоҳанд ёфт ва ин кишварро заъифтар хоҳад кард. Фикр намекунам ин ба салоҳи ҳукумати Эрон бошад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3911-2010-12-17-16-22-06.html