00:48:51 02-уми Июли 2025 сол

ДАҲҲО КУШТА ВА ЗАХМӢ ДАР ИНФИҶОРЕ ДАР ПОКИСТОН

Як ҳамлаи интиҳорӣ бо бумб дар шимоли ғарби Покистон дастикам чиҳил кушта ва теъдоди зиёде захмӣ бар ҷой гузоштааст, ки ҳоли бисёре аз онҳо вахим аст. Садҳо фарди бехонумон барои дарёфти саҳмияи маводди ғизоӣ дар маконе дар шаҳри Хор дар минтақаи Боҷур дар наздикии марзи Афғонистон ҷамъ шуда буданд, ки фарде бумби ҳамроҳи худро дар миёни онҳо мунфаҷир кард.

 

bajaurИн афрод дар пайи даргириҳои ахири минтақа бехонумон шуда буданд. Барномаи Ҷаҳонии Ғизо, ки аз созмонҳои вобаста ба Созмони Милал аст, маводди ғизоиро миёни онҳо тавзеъ (тақсим) мекард. Ҳанӯз ҳеч фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро ба ӯҳда нагирифтааст. Манотиқи марзии шимоли ғарби Покистон, ки аз пойгоҳҳои аслии Толибон ва Алқоъида маҳсуб мешавад, ахиран шоҳиди ҳамалоти бисёре будааст. Рӯзи ҷумъаи 24 декабр ҳудуди 150 тан аз нерӯҳои Толибон ба чанд пусти бозрасӣ дар Покистон, ки дар наздикии марз бо Афғонистон воқеъ шудаанд, ҳамла карданд ва дастикам 11 сарбозро куштанд.

 

Толибон зимни таъйиди ин ҳамалот дар минтақаи қабоилии Муҳманд гуфтанд теъдоди талафоти нерӯҳои давлатӣ аз он чи давлат эълом карда, бештар аст. Сухангӯйи Толибон дар Муҳманд ба Би-би-сӣ гуфт танҳо ду нафар аз пайкорҷӯёни Толибон дар ин амалиёт кушта шуданд. Авоили моҳи ҷории милодӣ низ ду ҳамлаи интиҳорӣ (худкушона) ба як муҷтамаъи давлатӣ дар Муҳманд мӯҷиби кушта шудани 43 нафар ва маҷрӯҳ шудани 120 нафари дигар шуд.

 

Ҳамчунин, дар моҳи июли гузашта ду ҳамлаи интиҳорӣ, ки ришсафедони қабоилиро дар Муҳманд ҳадаф қарор дода буд, ба кушта шудани 100 нафар мунҷар шуд. Давлати Покистон аз ҷониби Омрико таҳти фишори фазояндае қарор гирифта, то дар минтақаи қабоилии Вазиристони Шимолӣ таҳоҷуми густарда алайҳи шӯришиёни Толибонро шурӯъ кунад. Давлати Покистон ин иттиҳомро, ки барои решакан кардани Толибон талоши кофӣ намекунад, рад карда ва мегӯяд аз соли 2002 то кунун шумори қобили таваҷҷӯҳе аз сарбозони покистонӣ дар ҷанг бо исломгароён кушта шудаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3977-2010-12-25-15-19-54.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ