ИНТИҚОДИ ҒАРБ АЗ МАҲКУМИЯТИ ХОДОРКОВСКИЙ
Амрико, Бритониё ва Олмон аз маҳкумияти ҷадиди шашсолае, ки додгоҳи Русия алайҳи Михаил Ходорковский, милиордери собиқи нефтии ин кишвар содир карда, интиқод кардаанд.
Ходорковский, ки дар остонаи поёни ҳабси ҳаштсолаи худ ба ҷурми молиётгурезӣ аст, дубора муҳокима ва ба иттиҳоми ихтилос ва пулшӯйӣ ба шаш сол ҳабс маҳкум шудааст. Амрико мегӯяд ҳукми ахир сӯйиистифода аз низоми ҳуқуқии Русия аст. Русия ҳанӯз ба ин интиқод вокуниш нишон надода, аммо интиқодоти гузаштаро дахолат дар умури дохилии худ донистааст. Cухангӯйи Вазорати хориҷаи Амрико рӯзи панҷшанбе гуфт маҳкум шудани Ходорковский ва шарики ӯ, Платон Лебедев ба ҳадди аксари муҷозоти ҳокӣ аз "сӯйиистифода аз низоми ҳуқуқӣ барои аҳдофе номуносиб аст."
Хабаргузории "Руйтер" низ ба нақл аз як мақоми Амрикоӣ гуфтааст ин ҳукм мумкин аст мавонеъе дар масири пайвастани Русия ба Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ, ки интизор меравад дар соли 2011 анҷом шавад, эҷод кунад. Аммо ӯ афзуда мавзӯъи оқои Ходорковский иртиботе бо равобити куллии Амрико ва Русия ва ҳамкории ду кишвар бар сари масъалаи атомии Эрон надорад. Онгело Моркел, садри аъзами Олмон, низ аз ин ҳукми ибрози нороҳатӣ кардааст.
Вай бо судури баёнияе гуфт ба назар мерасад, ки ангезаҳои сиёсӣ дар ин муҳокима нақш доштааст. Вилём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё, амиқан ибрози нигаронӣ карда ва аз Русия мусиррона хостааст ба "усули адолат" ва "ҳукумати қонун" эҳтиром бигзорад ва онҳоро "бидуни табъиз" эъмол кунад. Вай афзуд дар Бритониё ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ нигарон аст, ки ин муҳокима ба манзалаи ақибгардӣ барои Русия бошад.
Ходорковский ва Лебедев, ки муштаракан соҳиби ширкати нефтии "Юкос" буданд, муттаҳам ба милёрдҳо дулор ихтилос ва пулшӯйӣ шуданд. Ӯ аз ҳомиёни мухолифони сиёсии Влодимир Путин, нахуствазири кунунӣ ва раиси ҷумҳури собиқи Русия буд. Мунтақидон мегӯянд оқои Путин, ки интизор меравад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2012 ширкат кунад, аз тамдиди ҳабси Ходорковский то соли 2017 ҳимоят кардааст.
Ба гуфтаи ин таҳлилгарон, Кремл нигарон аст, ки Ходорковский ин интихоботро ба чолиш бикашад. Вакили оқои Ходорковский гуфт, ки ҳукми ҷадиди додгоҳ, ки рӯзи панҷшанбе (30 декабр), содир шуд, шадид ва намоёнгари "беқонунӣ" аст. Пеш аз судури ҳукми додгоҳ, оқои Путин дар тавсифи оқои Ходорковский гуфт ӯ як дузд аст ва бояд дар зиндон бимонад.
Русия интиқодҳои кишварҳои ғарбӣ аз раванди муҳокимаи оқои Ходорковскийро дахолат дар умури дохилии ин кишвар донистааст. Вазорати хориҷаи Русия рӯзи сешанбе (28 декабр), гуфт талош барои таҳти фишор қарор додани додгоҳ қобили қабул нест ва хориҷиҳо набояд дар умури дохилии Русия дахолат кунанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4025-2010-12-31-10-40-58.html