16:02:18 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ВИДОЪ БО ФАЪОЛИ КУШТАШУДАИ ҲУҚУҚИ БАШАР

Ҷанозаи муҳофизи ҳуқуқ Наталя Эстемирова зӯҳри панҷшанбе дар гӯристони деҳи падариаш дар ноҳияи Гудермеси ҷумҳурии Чеченистон дар мутобиқат бо оини мусалмонӣ ба хок супорида шуд. 

Маросими видоъ бо Наталя Эстемирова, дар рӯбарӯи бахши созмони «Мемориал» дар Боғи ёдбуди хабарнигорони ҳалокшуда бо иҷтимоъи муҳофизони ҳуқуқ, хабарнигорон ва дӯстони марҳум гузашт. Бино ба тафтишоти муқаддамотӣ, Наталя Эстемирова, корманди маркази ҳуқуқии «Мемориал» субҳи чаҳоршанбе дар шаҳри Грозний, пойтахтиЧеченистон бедарак шуд. Шоми ҳамон рӯз ҷасади вай бо ду тир - дар сандуқи сина ва сар - дар қаламрави Ингушистон, ҳамсояҷумҳурии Чеченистон ёфт шудааст. 

Намояндаи расмии Кумитаи бозрасии Додситонии Кулли Русия Владимир Маркин эълом кард, дар робита ба ҳалокати муҳофизи ҳуқуқ Наталя Эстемирова парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтиш идома дорад. Намояндаи Кумитаи бозрасӣ гуфт, тафтишот ҳалокати муҳофизи ҳуқуқро ба фаъолияти касбии вай марбут медонад. 

Наталя Эстемирова ба таҳқиқи мавридҳои куштор, азият ва одамрабоӣ дар Қафқози шимолӣ машғул буд. 

Раисиҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев ба пайвандон ва дӯстони Наталя Эстемирова тасаллият арз карда, ба Додситонии кулл дастур додааст, оҷилан ба тафтиши ҷиноят шурӯъ кунанд. 

Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чечнистон бо ибрози таассуф аз ҳодиса эълом кардааст, ҷустуҷӯи гунаҳкорони ҳалокати Наталя Эстемироваро шахсан таҳти назорат мегирад. 

Ин дар ҳолест,ки бархе аз муҳофизони ҳуқуқ, аз ҷумла ҳамкорони Наталя Эстемирова дар куштори муҳофизи ҳуқуқ мақомоти Чеченистонро шарик медонанд. Олег Орлов, раиси созмони «Мемориал» мегӯяд: «Ман намедонам, ба куштани Наталя кӣ фармон додааст, аммо медонам, дар ин амал кӣ гунаҳкор аст. Номи вай Рамазон Қодиров аст ва мақоми вай раисиҷумҳурии Чеченистон .Ман ҳамчунин медонам ки ин одам Наташаро хеле бад медид ва чандин бор дар бораи вай бо накӯҳиш сухан кардааст».

Муҳофизони ҳуқуқи Русия шоми панҷшанбе ба ёди Наталя Эстемирова, корманди ҳалокшудаи маркази ҳуқуқии «Мемориал», дар гулгашти Новопушкинскийи Маскав гирдиҳамоӣ баргузор карданд .

Дар гирдиҳамоӣ ёдоварӣ шуд, ки Наталя Эстемирова аз дӯстони наздики Анна Политковская буд, ки дар тирамоҳи соли 2006 дар Маскав дар натиҷаи сӯиқасд кушта шуд. Эстемирова ҷоизаи ба номи Политковскаяро дар 2 соли пеш дарёфт карда буд ва имрӯз худ ҳамқисмати Политковская шуд. 

Лозим ба ёдоварист, ки кушандагони Политковская , Владислав Листев, Павел Хлебников, Искандари Хатлонӣ ва даҳҳо хабарнигори дигар ва фаъолони ҳуқуқи башар дар Русия ҳанӯз боздошт нашудаанд ва фаъолони ҳуқуқи башар бим доранд, ки парвандаи қатли Наталя Эстемирова низ ба ин феҳрасти тӯлонии ин кушторҳои бозношуда хоҳад афзуд.

Муҳофизони ҳуқуқ аз мақомоти марбутат Русия тақозо карданд, парвандаи кушандагони Наталя Эстемирова ва дигар хабарнигорону муҳофизони ҳуқуқ холисона таҳқиқ ва гунаҳкорон дар чаҳорчӯби қонун ба додгоҳ кашида шаванд.

Муҳаммадраҳими Сайдар, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi