ИА: "ГУФТУГӮҲОИ ЭРОН ВА 5+1 ЭҲТИМОЛАН 20-УМИ ЯНВАР ДОИР ШАВАД"
Сухангӯи Кэтрин Эштон, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа эълон кард, гуфтугӯҳои гурӯҳи 5+1 бо Эрон эҳтимолан дар 20-уми январ баргузор шавад. Ба гузориши хабаргузории Фаронса, сухангӯи Кэтрин Эштон дар ин бора гуфт: «Ин як таърихи эҳтимолӣ аст, ки дар назар дорем.» Сухангӯи Кэтрин Эштон афзуд: «Мо вокуниши мусбате аз тарафи Эрон доштаем.»
Даври пешини музокироти гурӯҳи 5+1 бо Эрон дар рӯзҳои 6-7-уми декабри соли гузашта дар Женева ва пас аз 14 моҳи таваққуф баргузор шуд. Дар ин музокирот, панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти СММ, шомили Русия Чин, Фаронса, Бритония, ИМА ба ҳамроҳи Олмон ҳузур доранд. Дар ҳамин ҳол як манбаъ дар Иттиҳодияи Аврупо ба хабаргузории Олмон дар бораи чигуна баргузории музокирот гуфт: «Ин нишаст эҳтимолан тибқи барномаи таъиншуда, шомгоҳи рӯзи 20-уми январ оғоз шуда ва дар рӯзи 21-уми январ ва субҳи 22-юми январ идома ёбад.»
Барномаи атомии Эрон дар солҳои ахир ҳамвора бо бадгумониҳои кишварҳои ғарбӣ ҳамроҳ будааст, ки натиҷаи он гузаронидани шаш қатънома дар Шӯрои Амнияти СММ будааст, аз миёни ин шаш қатънома, чаҳор қатънома таҳримҳоеро алайҳи Эрон вазъ кардааст. Эрон дар ҳафтае, ки гузашт аз Иттиҳодияи Аврупо ва чанд кишвари дигар даъват кард, ки аз таъсистоти ҳастаияш дидор кунанд, ки аз сӯи Кэтрин Аштон, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рад шуд. Кэтрин Эштон рӯзи ҷумъа гуфт, ки ин кори бозрасони Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аст, ки чунин дидорҳоеро анҷом диҳанд.
Вазорати умури хориҷаи Эрон пештар эълом карда буд, ки даъватномаи Эрон барои боздид аз таъсисоти Натанз ва Арок ба сафирони чанд кишвар, ки узви Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳастанд, фиристода шудааст.
Рӯзи ҷумъа Али Акбар Солеҳӣ, сарпараст вазорати хориҷаи Эрон дар бораи ин даъват гуфт: «Пеш аз ин низ иқдомоти монанде дар ин замина доштаем ва ин бор, ки дар остонаи музокирот бо гурӯҳи 5+1 ҳастем, барои нишон додани ҳусни ният, аз муассисаҳои байналмилалӣ ва намояндагони онҳо ва ҳамчунин теъдоде аз кишварҳо даъват кардем, ки намояндагоне ба Эрон бифиристанд ва аз таъсисоти ҳастаии кишварамон боздид кунанд.»
Алӣ Акбар Султония низ гуфтааст, ки Эрон аз «10 тан сафирон ва раисони гурӯҳои ҷуғрофиёӣ дар Ожонс» даъват кардааст. Намояндаи Эрон дар Ожонс ҳамчунин ин иқдомро як «даъвати воқеӣ» хонд, ки барои шаффофсозӣ сурат мегирад.
Аз сӯи дигар хабаргузории Фаронса ба нақл аз манбаъҳои дипломатӣ гузориш додааст, ки ин даъватномаҳо ба намояндагони Русия, Чин, Миср, Куба ва низ Маҷористон, ки раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро ба ӯҳда дорад, дода шудааст. Ин хабаргузори ҳамчунин ба нақл аз манобеъи худ дар Ожонс гузориш додааст, ки Эрон аз Бритония, Фаронса, Олмон ва ИМА барои боздид аз таъсисоти ҳастаии худ даъват накардааст.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4092--q-51-20-q.html