10:59:27 01-уми Июли 2025 сол

ИСЛОМ КАРИМОВ: БУТШИКАНӢ Ё ТАЪРИХЗУДОӢ?

Бино ба иттилои «Интерфакс» дар пойтахти Ӯзбекистон муҷассамаи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ генерал-майор Собир Раҳимовро барканданд.

 

sabir rahimovҲайкали чорметраи сарлашкари машҳурро, ки соли 1981 поягузорӣ шуда буд, шаш булдозери пурқувват ба замин афкандааст. Ин амали ҳукуматдорон таҳти тадобири шадиди амниятӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Чанде пештар ҳукуматдорони шаҳри Тошканд номи ноҳия ва стансияи метроеро, ки ба ифтихори ин ягона генерали ӯзбекистонии даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ номгузорӣ шуда буданд, тағйир доданд. Ноҳияи ҳамномеро дар вилояти Фарғона низ табдили ном карданд.

 

Соли 2009 дар Боғи Шарафи Ҷангии Тошканд пайкараи Муҳофизи Ватанро поин карда буданд.  Ҳамон давра гулгаштеро низ бо нимпайкараҳои намояндагони қушӯнҳои мухталиф аз байн бурда буданд. Дар зарфи ду рӯз аз Боғи мазкур ҳавопаймоҳои ҳарбии Миг-15, Миг-21, «Катюша», танк, ракет ва пушкаҳоро, ки  ба ҳайси экспонат хизмат мекарданд, барчиданд.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4100-2011-01-09-12-18-03.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ