01:11:59 02-уми Июли 2025 сол

ДАҲҲО КУШТА ДАР СОНЕҲАИ ҲАВОПАЙМОИ МУСОФИРБАРӢ

Мақомҳои эронӣ мегӯянд, ки як ҳавопаймои мусофирбарии хутути ҳавоии "Эронэйр" бо беш аз сад сарнишин, ки аз Теҳрон ба Урумия мерафт, дар 15 килуметрии фурудгоҳи Урумия дучори сонеҳа шуда, ки дар асари он даҳҳо нафар кушта шудаанд.

 

iran_plane_crashПизишки қонунии устони Озарбойҷони Ғарбӣ омори куштаҳоро 72 нафар ва омори маҷруҳонро 33 нафар эълом кардааст. Мудири кулли пизишкии қонунӣ гуфт, ки ҳавопаймо 105 сарнишин дошта ва ин ки куллия 12 хадамаи он аз ҷумла халабон кушта шудаанд. Ба гузориши хабаргузории расмии Ҷумҳурии Исломӣ, ИРНО, Ҳайдари Ҳайдарӣ, муъовини Созмони имдод ва наҷоти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар пештар гуфт, ки то кунун "70 нафар бар асари ин сонеҳа кушта ва 32 нафар низ маҷруҳ шудаанд.

 

Мақомҳои эронӣ гуфтаанд, ки аксари маҷруҳон ба бемористони "Имом Ризо" дар Урумия мунтақил шудаанд. Ҳавопаймои Буёнг 727 ба шумори парвози 277, ки бо як соъат таъхир Теҳронро тарк карда буд, баъд аз соъати 7.30-и шаби якшанбе ба вақти маҳаллӣ дучори ҳодиса шуд. Иллати парвози ҳодиса ҳанӯз маълум нест. Мақомҳои мутаъаддиди эронӣ ибтидо пас аз ҳодиса гуфтанд, ки ҳавопаймо дар ҳавои бад маҷбур ба фуруди изтирорӣ шуд, аммо баъдан дар тозатарин гузоришҳо аз "суқути" ҳавопаймо сухан гуфта шуд.

 

Аҳмади Маҷидӣ, муъовини мудирияти буҳрони вазорати роҳ ,гуфтааст, ки дар асари ҳодисаи ҳавопаймо ба ҷанд қитъа шудааст. Ба гузориши хабаргузории "Форс" ӯ гуфт, ки халабони ҳавопаймо ба далели "диди пойин" муваффақ ба фуруд дар фурудгоҳи Урумия нашуд, ки "маҷбур ба бозгашт аз ин фурудгоҳ шуд, ки дар замони бозгашт дар фурудгоҳи изтирорӣ сонеҳаи мазкур рух дод." Ин мақом гуфт, ки яке аз ду ҷаъбаи иттилоъоти ҳавопаймо пайдо шудааст.

 

Хабаргузории ИРНО дар мавриди ҳодиса навишт: "Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ ин ҳавопаймо барои фуруд дар мавқеъияти фурудгоҳи Урумия қарор гирифта, аммо ба далели шароити номусоъиди ҷаввӣ муваффақ ба фуруд нашуда ва пас аз дур шудан аз фурудгоҳ барои қарор гирифтан дар мавқеъияти фуруди муҷаддад ба ногоҳ аз саҳфаи родор маҳв шудааст."

 

Пештар Муҷтабо Холидӣ, коршиноси масъули маркази амалиёти уржонси кулли кишвар, ба хабаргузориҳои дохилӣ гуфт: "Ҳавопаймо... фуруди изтирорӣ дошта ва халабон аз суқути ҳатмӣ ҷилавгирӣ карда, аммо минтақаи ҳавоии бисёр баде дорад."

 

Ҳайдар Ҳайдарӣ, муъовини наҷоти созмони имдод ва наҷоти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон гуфт, ки ҳамакнун 100 нафар маъмури имдодии ин ҷамъият бо 20 дастгоҳи омбулонс ва худраве наҷот машғули кумак ба осебдидагон ҳастанд. Ба гузориши хабаргузории "Форс" устондори Озарбойҷони Шарқӣ гуфт, ки ҳавопаймо дар яке аз боғҳои ноҳия ба замин нишаст.

 

Пештар воҳиди марказии хабар ба нақл аз мудирони кулли ситоди буҳрони устони Озарбойҷони Ғарбӣ гузориш карда буд, ки "ин ҳавопаймо бо як соъат таъхир аз Теҳрон ба мақсади Урумия дар парвоз будааст." Ӯ иллати парвози ин сонеҳаро авзоъи номусоъиди ҷаввӣ ва меҳи ҷадид унвон кард.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4105-2011-01-10-08-14-16.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ