ПРЕЗИДЕНТИ ТУНИС КИШВАРРО ТАРК КАРД
Пас аз 23 соли раҳбарӣ раисиҷумҳури Тунис Зайнулобидин Бен Алӣ дар баробари эътирозҳои дастҷамъонаи рӯзҳои ахир аз мақомаш истеъфо дод ва масъулияти ин кишварро сарвазири он бар дӯш гирифт. Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки Бен Алӣ ҳукуматашро ба истеъфо фиристод ва хостори баргузории интихоботи зудрас дар шаш моҳи оянда шуд. Аммо ошӯб ва эътироз идома карда, на танҳо пойтахти Тунис, балки ҳамаи шаҳрҳои бузурги онро фаро гирифт.
Бархе аз нозирони авзоъ рӯйдодҳои Тунисро "Инқилоби ёсуманӣ" ном ниҳоданд. Эълони вазъи изтирорӣ ва қуюди шабгардӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки ошӯбҳо идома доранд ва полис дар муқобили мӯътаризон аз гази ашковар ва гоҳе мошинҳои оташфишон истифода мекунад. Дар ошӯбу тазоҳуроти чанд рӯзи гузашта, бино бар хабарҳои расмӣ 36 нафар кушта шудаанд. Раҳбарони мухолифон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, теъдоди кушташудагон ба маротиб бештар аст.
Акнун бино бар қоидаҳои вазъи изтирорӣ ҳама гуна ҷамъомадҳои оммавӣ манъ шудаанд. Эътирозҳо дар ҳоле оғоз ёфтанд, ки раисиҷумҳури Тунис ваъдаи озодиҳои бештар дод ва гуфт, баъд аз даври шашуми раёсаташ дар соли 2014 ба истеъфо хоҳад рафт.
Аммо эътирозгарон мегӯянд, Бен Алии 74-сола ва атрофиёни ӯ, ки дар фақру бекории фарогир, фасод ва фишору таъқибҳои сиёсӣ гунаҳкоранд, бояд бираванд. Дар яке аз шиорҳо гуфта мешавад, "Мо фаромӯш накардаем!" ва манзур ҳалокати даҳҳо нафари осоишта дар тазоҳуроти миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта аст.
Гурӯҳе аз вакилони ҳуқуқӣ ҳукуматро дар шиканҷа ва қатли маҳбусони сиёсӣ айбдор мекунад. Аммо нозирони маҳаллӣ мегӯянд, пайиҳам боло рафтани нархи маводи ғизоӣ сабаби ҳамоиш ва тазоҳуроти мардум шудааст. Бен Алӣ дар соли 1987 зимни як табаддулоти осишта дар Тунис ба қудрат расид ва аз он вақт то 14-уми январи соли 2010 раҳбари ин кишвар буд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4161-2011-01-15-06-33-12.html