13:39:54 01-уми Июли 2025 сол

ИБҲОМ ДАР МАВРИДИ ТАСМИМИ КАРЗАЙ БА ГУШОИШИ ПОРЛУМОН

Ба дунболи таъкиди бархе аз барандагони интихоботи порлумонии Афғонистон ба инҳилоли додгоҳи вижаи расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ, масъалаи гушоиши порлумони Афғонистон аз суи раиси ҷумҳурӣ як бори дигар дар ҳолае аз ибҳом қарор гирифтааст.

 

karzayИн барандагони интихобот таъкид мекунанд, ки додгоҳи вижаи расидагӣ ба шикоёти интихобот мабнои қонунӣ надорад ва бояд фоқиди эътибор эълом шавад. Ин дархост рӯзи гузашта низ дар дидор бо Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон матраҳ шуда буд ва интизор мерафт мавзеъи раёсати ҷумҳурӣ дар ин робита то имрӯз мушаххас шавад. Аммо то ҳоло мавзеъгирии оқои Карзай дар ин робита эълом нашудааст. Рӯзи якшанбеи 23 январ шуморе аз номзадҳои баранда бо вазири давлат дар умури порлумонӣ ташкили ҷаласа додаанд, то тасмимгирии раёсати ҷумҳуриро дар ин робита мушаххас кунанд.

 

Натоиҷи ин ҷаласа ҳанӯз дар ихтиёри расонаҳо қарор нагирифтааст. Додгоҳи вижаи расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ ахиран ба дастури Ҳомиди Карзай ташкил шуд. Ин иқдом аз ҳамон оғоз бо мухолифати номзадҳои баранда ва истиқболи номзадҳое, ки дар интихобот раъйи кофӣ наёварда буданд, рӯбарӯ шуд.

 

Ин додгоҳ ҳафтаи гузашта аз раиси ҷумҳур Карзай хост то гушоиши порлумонро ҳадди ақал то як моҳ ба таъхир биандозад, то онҳо фурсати кофӣ барои таҳқиқ дар мавриди тахаттиҳои интихобот дошта бошанд. Ин дархост аз суи оқои Карзай пазируфта шуд, иқдоме ки вокуниши шадиди намояндагонро дар пай дошт.

 

Дар пайи эъломи таъхир дар баргузории маросими ифтитоҳияи маҷлиси Афғонистон ва вокуниши манфии номзадҳои баранда оқои Карзай хостори гуфтугӯи бештар бо намояндагони маҷлис дар ин маврид шуд ва онҳо ҳам барои гуфтугӯ бо оқои Карзай омода шуданд.

 

Дар ин гуфтугӯҳо, ки рӯз шанбе анҷом шуд, раиси ҷумҳур Карзай тасмими худ ба таъхири гушоиши порлумонро пас гирифт ва тавофуқ кард, ки порлумонро ба рӯзи чаҳоршанбеи ин ҳафта ифтитоҳ кунад. Дар ин дидор аъзои барандаи интихобот низ пазируфтанд, ки тасомими додгоҳ дар мавриди "қазоёи ҷурмӣ" марбут ба интихоботро қабул хоҳад кард.

 

Аммо афроде ки дар ин дидор ҳузур доштанд, таъкид карданд, ки пайгирии ин қазоё бояд аз суи додгоҳҳои мавҷуд дар Афғонистон анҷом шавад, на додгоҳҳои вижаи расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ, ки ахиран ба дастури Ҳомиди Карзай, эҷод шудааст. Онҳо тақозо карданд, ки ин додгоҳ бояд фоқиди эътибор эълом шавад.

 

Як узви маҷлиси Афғонистон, ки дар гуфтугӯҳои рӯзи шанбеи оқои Карзай бо намояндагон ҳузур дошт ва нахост, ки номаш фош шавад, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳудуди дусад намояндаи маҷлис дар ин гуфтугӯҳо ҳузур доштаанд. Ба гуфтаи ин узви маҷлиси Афғонистон Муҳаммад Қасими Фаҳим ва Муҳаммад Карими Халилӣ, муъовинони раиси ҷумҳурӣ ва шуморе аз аъзои кобина низ дар ин гуфтугӯҳо ҳузур доштанд.

 

Номзадҳои баранда дар рӯзҳои гузашта гуфта буданд, ки ифтитоҳи маҷлиси Афғонистон аз вазоифи раиси ҷумҳурии ин кишвар ва на аз салоҳиятҳои ӯ аст, бано бар ин агар раиси ҷумҳур дар ин маросим ҳузур наёбад ҳам, маҷлис кори худро оғоз хоҳад кард ва мушкили қонунӣ дар ин маврид ба миён нахоҳад омад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4235-2011-01-23-16-02-07.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ