12:38:20 01-уми Июли 2025 сол

ҲУСНӢ МУБОРАК АГАР СУҚУТ КУНАД…

Фаъолони сиёсии Миср бо интишори баёнияҳое дар сафҳаи наве, ки дар Феесбук ба номи “Ҳама Холид Саъид ҳастем” ифтитоҳ шудааст, аз мардуми Миср дархост намуданд, ки имрӯз, 28-уми январ, баъд аз намози ҷумъа дар эътироз ба ҳолати бади маъишӣ ва идомаи “Инқилоби хашм” дар тазоҳуроти эътирозомези миллионнафарӣ ва сар то сарии ин кишвар ширкат намоянд. Холид Саъид, ҷавони 28-солаи мисрие буд, ки аз ҷониби полиси ин кишвар то сарҳади марг лату кӯб карда шуд.

 

khusni mubarakГуфта мешавад аз замони мунташир шудани баёнияи мазкур то вақти пайгирии мо дар робита ба охирин хабар аз авзоъи Миср, беш 450 ҳазор нафар аз корбарони интернет аз ин сафҳаи интернетӣ дидан карда буданд ва наздик ба 27 ҳазори каси дигар дар зарфи қариб се соати аввал, ба он посухи мусбат дода буданд. Тазоҳуроти мардумии Миср, шурӯъ аз 25-уми январи соли равон то кунун, ҷиҳати ворид намудани ислоҳоти куллӣ дар кишвар ва аз по афтонидани режими кунунии Миср, рӯзи чаҳорум аст, ки дар ин кишвар идома дорад.

 

Дар ин тазоҳурот беш панҷ нафар кушта ва беш 280 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҳам чунин ба хотири пароканда кардани ҷамъи тазоҳуротгарон аз ҷониби мақомоти интизомии ин кишвар беш аз ҳазор нафар барои чанд муддат зиндонӣ шудаанд. Аммо бо вуҷуди он тазоҳуроткунандагон то суқути ҳукумати Муборак пароканда шуданӣ нестанд. Расонаҳои хабарӣ бошанд дар дохил ва хориҷи кишвар мардумро барои давом додани тазоҳуроти дастаҷамъӣ ташвиқ мекунанд…

 

Оғози нигарониҳо

Мардуми Миср солҳо боз аз ҳукмронии ҳокими кишварашон нигаронӣ мекарданд. Ба хусус дар мавриди муносибати ғайримунсифона бо мусалмонони азияткашидаи Фаластин ва ҳимояту пуштибонӣ аз саҳюнистҳое, ки дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин ба сар мебаранд, борҳо эътирозоти худро баён карда буданд. Бо ин вуҷуд, ба ҳукумати Муборак чандон хушбин набуданд.

 

Хашми мардуми Миср тақрибан ду моҳ пеш рӯ ба авҷ гирифт. Баъд аз баргузории интихоботи порлумонӣ дар Миср ва эътироз ба қонуншиканиҳо дар он боис шуд, ки хашму нафрини мардум рӯз то рӯз пурҷӯштар шавад ва ҳар лаҳза фурсати ибрози хашму ғазаби худро аз номуваффақиятҳои ҳукумати сисолаи Ҳусни Муборак интизорӣ мекашиданд.

 

“Дарси ибрат”

 Абдулмунъим Ҳаммода Ҷаъфар Халифа, (10-ум феврали 1962), фарди мисрие, ки соҳиби як ошхона буд, бо сабаби баста шудани ошхонааш аз ҷониби мақомоти интизомӣ ва гӯш накардан ба шикоятҳояш, эҳтимолан, аз ҳаводиси Тунис ва Муҳаммад Бӯ Алӣ, ки худро оташ зада буд, илҳом гирифта, худро дар назди бинои Парлумони Миср оташ зад. Ин «ҷабрдида» қабл аз оғози амалиёт шиорҳое назири «Эй нерӯҳои амниятии ин кишвар ҳаққи ман дар даруни Миср зоеъ ва поймол шудааст»-ро сар дод. Баъд аз он бензинро бар баданаш рехт ва худро оташ зад, мардум ба кумаки ӯ шитофтанд ва оташро хомуш карда, вайро ба беморхона бурданд…

 

Сешанбе-РӮзи хашм

Мардуми фурсатталаб худсӯзии ин мардро барои худ як “дастак” қарор доданд ва ҳол то он ҷо расид, ки 25-ум январ наздик ба 12 ҳазор эътирозгар ба кӯчаҳои Қоҳира, пойтахти Миср рехтанд. Ҳар лаҳза афроди дигар ба ҷамъи онҳо зам мешуд. Онҳо шиъорҳои гуногунро сар дода, гирди ҳам ҷамъ мешуданд. Афзун бар он, ин тазоҳурот дар ҳоле “рӯзи хашм” ном гирифт, ки тазоҳуркунандагони хашмгини мисрӣ тасовири марбут ба Муборакро пора мекарданд ва ба таври як садо шиъори “Мо хоҳони сарнагунии режим ҳастем!” ва шиъори “Муборак! Бирав гум шав!”-ро сар медоданд.

 

Тазоҳуроткунандагон бо баёни ин ки “Миллати Миср суқути режимро хостор аст”, таъкид мекарданд, ва хостаҳои худро дар чанд меҳвар аз ҷумла озодии ҳамаи зиндониёни сиёсӣ, озодии таъсиси аҳзоби сиёсӣ, аз байн бурдани фасоди табақаи ҳоким, рафъи бекорӣ, афзоиши дастмуздҳо ва ғайра баён карданд.

 

Расонаҳои арабзабон

Рӯзномаи “Ал-Қудсуларабӣ”-и чопи Лондон дар ин бора навишт: «Дар ҳоле, ки майдони озодӣ дар Қоҳира мизбони бузургтарин таҷаммуъи ҷавонони мухолифи диктотурӣ буд, дар дигар шаҳрҳои Миср монанди Искандария, Мансура, Суиз, Дамёт, Асют, Исмоъилия ва ғайра низ мардум ба хиёбонҳо оманданд то мухолифати худро идома диҳанд».

 

Ба навиштаи расонаҳои хабарии арабзабон кишварҳои арабӣ обистани ҳаводиси бисёре мебошанд. Ҳар лаҳза метавонад, як ҳаракати ноҷо қиёми мардуми гӯш ба бод истодаро ба вуҷуд биорад. Ҷомеаи ҷавони Миср дар ин тазоҳурот плакатҳои рангорангеро дар даст доранд, ки рӯи онҳо навишта шуда аст: “Бин Алӣ туро садо мезанад, Бин Алӣ дар Ҷадда мунтазири туст”, “Муборак, ҳавопаймо мунтазири туст”, “ Бирав берун Муборак”, “Ҷамол, ба падарат бигӯ, миллат аз ту безор аст”, “Миср мисли Тунис аст” ва “Зайнулобидин рафт. Акнун навбати кист?”…

 

Аз худкомагӢ то мардумсолорӢ

Ни Окуте (Nii Akuetteh), таҳлилгари масоили сиёсии Африқо, дар гуфтугӯ бо шабакаи Presstv гуфт: “Кишварҳои шимоли Африқо бо илҳом аз инқилоби Тунис, қасд доранд режимҳои худкомаи худро сарнагун кунанд”.

 

Окуте хотирнишон кард: “Ҳокимони худкомаи зиёде вуҷуд доранд, ки бисёре аз онҳо даҳаҳои пай дар пай аст, ки аз ҷониби Амрико ҳимоят мешаванд, аммо ин давлатҳо акнун дар ҳоли сарнагунӣ ҳастанд ва суқути онҳо ҳам бо Тунис оғоз шудааст”.

 

Вай гуфт: “Ҳеч кас наметавонад ҳимоятҳои Амрико аз ҳукуматҳои худкомаи Африқои Шимолиро инкор кунад”.

 

Окуте афзуд: “Гузар аз даврони худкомагӣ ба асри мардумсолорӣ ба суръат дар ҳоли шаклгирӣ аст”.

 

Ҳароси Амрико аз суқути Муборак

Миср, ба рағми ҳимояти Амрико аз ҳокимияти 30 солаи Ҳусни Муборак, раиси ҷумҳури он кишвар, қодир аст даврони гузар ба демукросиро бо муваффақият пушти сар бигузорад. Расонаҳои гурӯҳӣ ин ҳаракати мардумии Мисрро ба “Ҳаракати Фил”, шабеҳ дониста, навиштаанд: «Агар тазоҳуроти мардумӣ дар Миср ба натиҷаи мусбат бирасад, таклифи дигар кишварҳои араб ба вижа Яман ва Урдун низ мушаххас хоҳад буд». Таъкид мекунанд, ки ҳимоятҳои бечунуну чарои Амрико дар ним қарни гузашта аз ҳукуматҳои диктотурии арабҳо ба онҳо ҷуръати ҳар гуна зулму шинкаҷаро нисбат ба мардумашон додааст.

 

Ба навиштаи ин расонаҳо шикояти хонум Ҳилорӣ Клентон аз вазъи мавҷуд дар кишварҳои араб ифодакунандаи нигаронии вай аз пешомадҳои эҳтимолӣ дар ин кишварҳо ва дархосташ барои хештандорист! Хонум Клинтон аз Миср даъват кард, барномаи ислоҳоти фарогиреро рӯи даст бигирад ва эътирозҳои зидди давлатро саркӯб накунад. Ӯ ҳамчунин аз ҷонибҳо хост, ки аз хушунат ҷилавгирӣ кунанд. Ӯ аз Ҳуснӣ Муборак низ даъват ба амал овард, ки ба ҳарфи мардумаш гӯш диҳад.

 

Дар ҳамин ҳол, ин таклифи Вошингтонро расонаҳои хабарӣ шарҳу тафсили гуногун додаанд. Чунки дар ҳолати аз сари қудрат рафтани “бачаи угайи Амрико дар Миср, аммо гапгир” чароғаки Миср ба рӯи фаластиниҳо ҳамешасабз рӯшан хоҳад буд ва дар чунин ҳолат ғосибони саҳюнист ҳолашон танг хоҳад шуд.

 

Агар Ҳукумати кунунии Миср аз сари қудрат равад Исроил, намояндаи Ғарб дар Ховари Миёна, табъаш хира хоҳад шуд. Амрико бо дарназардошти амнияти Исроил, аз Миср чунин талаб карда аст. Ин хоҳиши “дилсӯзона”-и Амрико, гувоҳи он аст, ки суқути давлати Миср оғози заволи Исроил хоҳад буд. Ба ҳамин хотир Амрико чунин садо баланд кардааст: “Муборак бояд ба ҳарфи мардуми Миср гӯш диҳад».

 

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4284-2011-01-28-05-02-09.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ