«ИХВОН-УЛ-МУСЛИМУН»: АЗ ТАЪСИС ТО «ТАҲРИР»
Ҷамоати «Ихвон-ул-муслимун» барномаи ислоҳии васеъ ва густурдаеро тадвин карда, ки дар он адолати иҷтимоӣ, баробарӣ, озодӣ, сулҳ ва чӣ гуна рӯёрӯ шудан бо сахтиҳо ва мушкилоти зиндагии умумӣ ҷилвагар аст. Маҳз таҳияи ҳамин барнома омили асосии маҳбубияти ин ҷунбиш, ба вижа, дар миёни табақаи фақир шуд.
Ба гузориши оҷонсии «Форс», ҷунбиши «Ихвон-ул-муслимун» («Бародарони мусалмон»)-ро бояд зоидаи авзои сиёсӣ ва иҷтимоии таърихи муосири Миср ва раҳоварди ривоҷи тафаккури ҷудоии дин аз сиёсат (секулорисм) дар миёни рӯшанфикрон ва миллигароёни мисрӣ донист, ки барои ислоҳи Миср дар даврони баъд аз инқилоби соли1919-и ин кишвар алайҳи Инглистон шӯриданд. Аҳдофи бунёнгузори ин ҷунбиш, ба вижа, Ҳасан-ул-Бано, аз як сӯ бар эҷоди таҳаввул дар эътиқодоти исломии мусалмонон ва ба хусус мисриён аз ҳолати рукуд ва бетаҳаррукӣ ба самти пӯёӣ ва ҳокимият, таъолими шариъат бар зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсии Миср ва аз сӯи дигар бар иттиҳоди ваҳдати мусалмонон дар баробари истеъморгарони ғарбӣ, ки кишварҳои исломиро мавриди таҷовуз қарор дода буданд, тамаркуз мекард.
Аҳдоф ва иқдомоти «Ихвон-ул-муслимун» то кушта шудани Ҳасан-ул-Банно ба навъе ҳамоҳанг ва якпорча буд. Аммо дар пайи кушта шудани Ҳасан-ул-Банно ва ба вижа зуҳури Ҷамол Абдунносир, раиси Ҷумҳури вақти Миср, дар арсаи қудрат ва баҳрагирии вай аз ислом, байни аҳдоф ва иқдомоти «Ихвон-ул-муслимун» тафовут ба вуҷуд омад. Имрӯз, ки дар рӯйдодҳои ахири Миср, номи «Ихвон-ул-муслимун» дубора матраҳ гардид ва ин ҷунбиш вориди саҳнаи фаъолиятҳои сиёсии ин кишвар шуд, аз манфиат холӣ надонистем, ки дар таҳлиле ба баррасии ин ҷунбиш аз ибтидо то кунун бипардозем.
Пайдоиши ҷунбиши «Ихвон-ул-муслимун», Ҳасан-ул-Банно
Ҳасан-ул-Банно, бунёнгузори ҷунбиши «Ихвон-ул-муслимун» дар соли 1906 дар рустои “Маҳмудия”, дар канори рӯди Нил аз навоҳии “Буҳайра”-и Миср чашм ба ҷаҳон кушод. Вай ба хотири решаҳои фикрӣ ва мазҳабии падараш, ки аз талабаҳо ва пайравони мактаби бунёдгароёни ҳанбалӣ буд, бо усули исломӣ (суннатӣ) тарбият шуд ва дар муҳити комилан исломӣ рушд кард. Худ дар ин бора мегӯяд: «Ислом, падари ман аст ва ман ҷуз ӯ падаре надорам».
Вай пас аз такмили таҳсилоти муқаддимотӣ ба Қоҳира меравад. Таълимоти мазҳабӣ ва давраи омӯзгориро дар Дор-ул-улуми Қоҳира меомӯзад. Дар ин ҷо буд, ки барои нахустин бор мушкилоти мардум дар шаҳрҳои бузург ва зиндагии муррафаҳи ингилисиҳо ва фаронсавиҳоро дид, ки дар сатҳи бисёр болотаре аз мардуми Миср зиндагӣ мекарданд. Пас аз мушоҳидот Ҳасан-ул-Банно, ба узвияти созмонҳои мухталифи мазҳабӣ даромад ва дар канори дигар бародарони мисрии худ дар анҷуманҳои исломӣ, барномаи тадрис ва ширкат дар фаъолиятҳои зиддиинглисро шурӯъ кард.
Оғози фаъолият
Ҳасан-ул-Банно дар хотироташ менависад: «Дар марти соли 1928 шаш тан аз бародароне, ки дар дарсҳо ва ҷаласоти ман ширкат доштанд, яъне Аҳмад-ал-Мисрӣ, Фуод Иброҳим, Абдурраҳмон Ҳуббуллоҳ, Исмоил Азӯ ва Закӣ ал- Мағрибӣ ба манзили ман омаданд ва гуфтанд: «Мо дигар аз ин зиндагии зиллатбор хаста шудаем. Дар ин кишвар мусалмон аз ҳеҷ иззат ва ҳурмате бархурдор нестанд ва ҷойгоҳи онҳо аз хизматкорон ва бегонагон низ поинтар аст. Мо ҳозирем бо нисори хуни худ бо ту ҳамроҳ шавем».
Ман воқеан аз суханони онҳо мутаасир шудам ва медидам, ки наметавонам аз зери бори масъулияте, ки бар ӯҳдаи ман мегузоранд, шона холӣ кунам. Аз ин рӯ ба даъвати онҳо лаббайк гуфтам ва дар ҳамон ҷо бо ҳам савганд хӯрдем то ҷон дар бадан дорем, дар роҳи ислом фаъолият ва мубориза кунем. Яке аз бародарон пурсид: чӣ ном барои худ интихоб кунем? Як анҷуман, фирқа, иттиҳодия… то расмият пайдо кунем. Гуфтам: «Ҳеч як! Мо бародароне дар хидмати ислом ҳастем, яъне “«Ихвон-ул-муслимун»” ва Ихвон шиъори худро: “Худо ҳадафи мост, Расул раҳбари мост, Қуръон барномаи мост, ҷиҳод ва талош кори мост ва шаҳодат орзӯи мост” қарор дод.
Аз онҷо, ки дар он замон миёни ислом ва иҷрову татбиқи онҳо фосилаи бисёре ба вуҷуд омада буд, ин амр кумак кард, ки ҳаракати “Банно” ба суръат миёни ақшори мухталифи ҷомеаи Миср ҷо боз кунад ва мӯҷиби мушорикати васеъ ва ҳамосии мардумӣ шавад. Аз муҳимтарин авомили интишори сареъи ҷунбиши Ихвонро бояд дар мавориди зайл мулоҳиза кард:
1. Аъроб ва мусалмонони Миср дар яъс ва ноумедӣ ба сар мебурданд ва ин мавзӯъ раҳоварди зиндагии мамлӯ аз қайд ва бандҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ буд, ки аз сӯи истеъмори аврупоӣ бар онон таҳмил мешуд. Инглистон аз замони оғози ҷанги ҷаҳонии аввал ба Миср ҳамла кард ва солҳо бар ин кишвар ҳукумат кард. Ҳамин масъала мӯҷиб шуд, бисёре аз озодагону ватанпарастони мисрӣ зарурати муқобила бо истеъморро эсос кунанд ва ҷунбишеро роҳандозӣ намоянд, бисёре аз шайхҳои Ал-Азҳар бо ин ҳаракати миллӣ ҳамроҳ шуданд ва ин амр боис шуд, ин ҳамосаи миллӣ-меҳанӣ дар талаби озодӣ аз қайд ва бандҳои истеъмор аз як ақидаи исломӣ нишот бигирад.
2. Шуюъи ихтилофоти мазҳабӣ ва ҳизбӣ дар бештари аҳзоби мисрӣ аз замони оғоз ва шаклгирии онҳо мунҷар шуд, гароиш ва тамоюле дар ҳаракати мардуми Миср ба сӯи Ихвон эҷод шавад, то ин ҷунбиш ҷойгузине барои он аҳзоб бошад. Исломгароён зарурати тағйири марҳилаӣ ва хориҷ сохтани ислом аз инзиворо эҳсос карданд. Ин инзиво ба далели гароишҳои суфиёна ва ифротгароӣ ва таъассуби динӣ ба шаклҳои мухталиф эҷод шуда буд.
3. Бархӯрди мардуми Миср бо сарбозони ишғолгари инглисӣ, густариши созмонҳо ва ниҳодҳои масеҳӣ, фаъолияти теъдоде аз мусташриқон (шарқшиносони ғарбгаро) дар ҷомеаи Миср, таъсирпазирии бархе аз андешамдони мисрӣ аз ҷараёнҳои илҳодӣ (нохудоӣ) ва моддии Ғарб ва таъмиқи андешаи ҷудоии дин аз сиёсат дар ҷаҳони араб дар авохири давраи Усмонӣ ба унвони шикофи фикрӣ, ки бахши қобили таваҷҷӯҳе аз ҷаҳони арабро фаро гирифта буд.
4. Фасоди дастгоҳи сиёсии ҳоким, адами таҳаққуқи аҳдофе, ки мардуми Миср ба дунболи он буданд ва дурии аҳкоми ислом ба дунболи пайравӣ аз сиёсати ҷудоии дин аз сиёсат, аз ҷумла дар маҷомеъи илмӣ (дар ҷомеа ва ҳавзаҳои илмӣ) ва исломӣ, ки симболи он Ал-Азҳар қобили мушоҳида буд. Ба вижа интишори китобе аз яке аз шайхҳои Ал-Азҳар ба унвони “Ислом ва усули ҳукумат”, ки дар он аз табаияти давлати Миср аз истеъмори инглис интиқод шуда ва чунин давлатеро шоистаи ҳукумат бар мусалмонон надониста буд.
Дар даҳаи дуввуми қарни бист ду иттифоқ муҳим афтод, ки мунҷар ба ҷидоли васеъ миёни ду фазои фарҳангӣ ва сиёсии Миср шуд ва бар дидгоҳи “Банно” ва дар натиҷа ҷунбиши «Ихвон-ул-муслимун» дар оғози ташкили он таъсири зиёде гузошт. Иттифоқи аввал, ҷараёни даъват ба масеҳият буд, ки миссионерҳои мазҳабии инглис мубаллиғи он буданд ва дуввум қазияи шакли низоми ҳукуматӣ дар ислом буд, ки бо қудрат ва шӯру ҳамосаи бисёр тавассути уламои дин ва сиёсати Миср матраҳ шуд.
Пас аз ин эҳсосе дар миёни гурӯҳҳои динӣ ба вуҷуд омад, ки асоси ислом дар хатар аст. Ин иттифоқ пас аз лағви мансаби хилофат аз сӯи Камол Отатурк ва узли охирин халифаи Усмонӣ дар Туркия ҳодис шуд то низоми ҷумҳурӣ бар асоси қавмияти сиёсӣ ҷойгузини он шавад. Ин мавзӯъ сабаб шуд, рӯҳониёни Миср ин амрро истилои низоми сохта ва пардохтаи Ғарб бар низоми исломӣ ва хурӯҷ аз ислом қаламдод кунанд.
Ҳасан-ул-Банно, дар ин бора эълом кард, ки ҳимоят ва ёрӣ бояд танҳо барои дини Худо на халифа ё султон бошад, ҳол дараҷаи илмӣ ё қудрати халифа ҳар қадар кӣ мехоҳад бошад, бинобар ин хостори мубориза алайҳи масеҳият дар Миср ва дур кардани ҷомеа аз он шуд. Ин мавзӯъ ҷунбиши «Ихвон-ул-муслимун»-ро ба сӯи мубориза бо нерӯҳои хориҷии мавҷуд дар Миср такон дод, ки ҳомии дараҷаи аввали мубаллиғони масеҳӣ буданд. Ҳамчунин ҷунбиши «Ихвон-ул-муслимун» бар таблиғ ва фаъолият миёни мардум ва ҳукумати ҳоким бар онон ба таври ҳамзамон эътиқод дошт ва талош кард, аз тариқи дур кардани мусалмонон аз бидъат ва гумроҳӣ ва хурофот онҳоро ба сӯи ойини ислом ҳидоят кунад, ки ин ҳаракат ба он мӯътақид буд.
Густариши ҷунбиш
Ба тадриҷ бо афзоиши аъзо ва густариши доманаи фаъолиятҳо, Ҳасан-ул-Банно пойгоҳи «Ихвон-ул-муслимун»-ро ба Қоҳира мунтақил кард ва пас аз таъсиси “Дорулихвон” дар апрели 1929 расман «Ихвон-ул-муслимун» эъломи мавҷудият кард. Ҳасан-ул-Банно дар маркази фаъолиятҳо, ки “Ат-таҳзиб” ном дошт, ба созмондиҳии ташкилот пардохт ва доманаи фаъолияти Ихвонро густариш дод. Дар ин росто барои тарбият ва омӯзиши занони мисрӣ марказе бо номи “Алмаҳд-ул-уммаҳот-ул-муслимин” низ тавассути вай таъсис шуд.
Баъдҳо «Ихвон-ул-муслимун» ҳадафҳои дигареро ҳам мадди назар қарор дод ва дар соли 1939 бо такя бар ормони Фаластин ва дифоъ аз ҳуқуқи арабҳо, ба як созмони сиёсӣ табдил ёфт ва ин амр мунҷар ба густариши нуфузи он дар Сурия, Урдун ва то ҳаде дар Лубнон, Судон ва шимоли Африқо шуд ва Ҳасан-ул-Банно пешвои бузург ё ҳамон “Муршид-ул-ом” шинохта шуд. Истилоҳи муршид-ул-ом аз он ҷо нашъат гирифт, ки Ҳасан-ул-Банно худро раҳбаре фараҳманд медонист, ки мардум бидуни он ки касе онҳоро маҷбур кунад, аз вай пайравӣ мекунанд.
Ҷунбиши «Ихвон-ул-муслимун» аз роҳҳои мухталифе барои пешбурд ва густариши фаъолияти исломии худ истифода кард, ки метавон онҳоро дар равишҳои зер хулоса кард: Сохтори ҷунбиш, ки ба ҷои аз раъс ба бунёд, аз бунёд ба раъс буд, дар тавсеа ва густариши ҷунбиш дар ҷомеаи Миср ва хориҷи он нақши босазое дошт. Ташкили ҷиноҳи низомӣ, ки аз диди ҷунбиш яке аз сутунҳои давлати исломӣ ба шумор меомад ва ҷамоати Ихвон дар ҷанги соли 1948-и Фаластин аз он дар канори нерӯҳои арабӣ алайҳи нерӯҳои ишғолгари саҳюнист истифода кард.
Ҳамчунин ин ҷиноҳ соли 1951 аз муқовимати мардумӣ дар канали Суис дар ҳамоҳангӣ бо афсарони артиши Миср пуштибонӣ кард. Фаъолияти низомӣ, аз ҷумла абзори мавриди истифода ҷиноҳи низомии ҷамоати Ихвон дар даҳаи 40 бо ҳадафи эҷоди тағйир ва таҳаввулоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Миср ва алайҳи ҳукумат аз он истифода кард.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>