КАРРУБӢ "АЗ ДИДОР БО ХОНАВОДААШ МАНЪ ШУДААСТ"
Саҳомнюз, пойгоҳи хабарии Ҳизби Эътимоди Миллӣ дар Эрон мегӯяд, ки Меҳдии Каррубӣ, раҳбари ин ҳизб ва яке аз сарони мухолифони давлат аз дидор бо аъзои хонаводаи худ манъ шудааст.
Ин вебсойт навиштааст: "Субҳи имрӯз (панҷшанбе 10 феврал) маъмурони амниятӣ, ки дар баробари сохтмони манзили маскунии Меҳдии Каррубӣ буданд, ба фарзанди Каррубӣ эълом карданд, ки ҳаққи вуруд ба манзили падарии худро то 14 феврал надоранд." Оқои Каррубӣ ба ҳамроҳи Мирҳусейн Мусавӣ, яке дигар аз раҳбарони мӯътаризон дар Эрон, аз давлати ин кишвар хостаанд, ки ба ҳаводорони онҳо иҷоза диҳад дар рӯзи 14 феврал дар ҳимоят аз ҷунбишҳои зиддиистибдодӣ дар кишварҳои арабӣ роҳпаймоӣ кунанд.
Ба навиштаи Саҳомнюз, маъмурони амниятӣ гуфтаанд, ки то он рӯз танҳо ҳамсари оқои Каррубӣ иҷозаи рафту омад ба хонаро дорад ва ҳатто фарзандон ва бастагони наздики ӯ ҳам наметавонанд бо ӯ дидор кунанд.
Дирӯз сартип Ҳусейн Ҳамадонӣ, фармондеҳи сипоҳи Теҳрон гуфта буд: "Фитнагарон ҷанозае беш нестанд ва бо ҳар гуна таҳарруки онҳо башиддат бархӯрд мекунем."
Сипоҳи Теҳрон масъули амнияти пойтахти Эрон дар шароити изтирорӣ аст ва дар ҷараёни нооромиҳои соли гузашта ҳам нақши аслиро дар бархӯрд бо эътирозоти хиёюонӣ ба уҳда дошт.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4398-karrubi-az-didor-bo-khonavodaaash-man-shudaast.html