02:45:48 01-уми Июни 2025 сол

"НАЗАРБОЕВ МУХОЛИФОНРО ДАР ҒАФЛАТ АНДОХТ"

Қарор аст 3 апрел дар Қазоқистон интихоботи қабл аз мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ баргузор шавад. Нурсултон Назарбоев, президенти феълии Қазоқистон, пешниҳод барои баргузории ҳамапурсӣ барои таъйиди номзадии мудомулъумри вай дар симати раиси ҷумҳуриро рад ва баргузории интихоботи қабл аз мӯҳлатро эълом кард.

 

nazarbaev 1Ин иқдом баҳсу гуфтугӯҳое дар миёни таҳлилгарону сиёсатшиносон дар Тоҷикистонро низ, ки аз дигар ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ дар Осиёи Миёна аст, ба дунбол доштааст. Бисёре аз коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки аз ин роҳ оқои Назарбоев мехоҳад садоқати худ ба арзишҳои демукротикро собит созад. Аз сӯйи дигар, соҳибназарон мегӯянд, ки вай аз маҳбубияти зиёде дар миёни мардуми Қазоқистон бархӯрдор аст ва ҳаросе аз интихобот надорад.

 

"Хости мардум"

Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демукроти Тоҷикистон, мегӯяд, ки аз тасмими Нурсултон Назарбоев барои баргузории интихоботи қабл аз мӯҳлат пуштибонӣ мекунад. Ин дар ҳолест, ки Нурсултон Назарбоев беш аз бист сол аст, ки раҳбарии Қазоқистонро бар ӯҳда дорад ва ба эътиқоди бархе аз таҳлилгарон, давлати ӯро метавон давлате худкома арзёбӣ кард. Вале оқои Собиров бо чунин изҳори назар чандон мувофиқ нест ва мегӯяд: "Ҳарчанд Назарбоевро худкома мегӯянд, аммо вай тавонистааст суботи сиёсӣ ва иқтисодии кишварашро таъмин созад."

 

Оқои Собиров афзуд дуруст аст, ки як нафар наметавонад беш аз бист сол сари қудрат бошад, вале "аз хости мардуми ин кишвар ҳам наметавон сарфи назар кард." Сайфулло Сафаров, муъовини раиси Маркази мутолеъоти Тоҷикистон, як ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳурии ин кишвар, мегӯяд, ки Нурсултон Назарбоев сиёсатмадоре варзида аст ва ӯ вазъи воқеъии кишвари худро хуб дарк мекунад.

 

"Ғафлати мухолифон"

Ба эътиқоди оқои Сафаров, ҳоло нерӯҳои мухолиф дар Қазоқистон тақвият меёбанд ва Президент Назарбоев мехоҳад ин нерӯҳоро "дар ғафлат" бигзорад. Яъне, аз роҳи баргузории интихоботи қабл аз мӯҳлат заминаҳо барои омодагии мухолифон барои интихоботи деррасро аз байн бубарад. Вай гуфт, ки ин иқдоми оқои Назарбоев як амали пешгирикунанда алайҳи мухолифон аст ва аз ин роҳ ҳассосияте, ки сари ин мавзӯъ дар ҷомеъаи Қазоқистон вуҷуд дорад, аз байн бурда мешавад.

 

Оқои Сафаров афзуд: "Ин як бозии хуб ва босаводонаи сиёсӣ аст. Аз ин роҳ як қисми мухолифи ҷомеъа ором ва қисми дигар машғул мешаванд. Ва бо ҳамин аз бӯҳрони пешомадаистодаи сиёсӣ ҷилавгирӣ мешавад."

 

Ин коршиноси сиёсӣ баъид медонад, ки ҳаводиси ахир дар кишварҳои арабӣ ба тасмими оқои Назарбоев асар гузошта бошад: "Шароити кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Хоаври Миёна фарқиятҳое дорад. Ва дар худи Қазоқистон бидуни таъсири ҳаводис дар Тунису Миср метавонад ҷараёни мушобеҳе пеш ояд."

 

Сайфулло Сафаров дар посух ба ин суол, ки оё аз ин таҷрубаи Президент Назарбоев дар кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон, низ метавон истифода кард ё хайр, вай гуфт, ки "мо ба ин амал ниёз надорем."

 

"Ҷаҳон тағйир мекунад"

Вай афзуд: "Вазъияти Тоҷикистон ба баргузории интихоботи қабл аз мӯҳлат ниёз надорад. Зеро дар ғафлат гузоштани аҳзоби сиёсии Тоҷикистон барои мо ҳатто хуб ҳам нест. Бигзор, онҳо то поёни мӯҳлати феълии раиси ҷумҳур ба интихоботи оянда омодагии хубе дошта бошанд."

 

Вале Исмоил Талбаков, узви порлумон ва муъовини раҳбари куммунистҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ки нодида гирифтани ҳаводиси кишварҳои Ховари Миёна "камоли беақлӣ" аст. Вай афзуд: "Бубинед, шояд Ҳуснӣ Муборак дар тӯли сӣ сол барои Миср корҳои шоёне анҷом додааст, вале ҷаҳон дигар мешавад ва талаботи иҷтимоъии мардум низ тағйир меёбад.

 

"Гузашта аз ин, новобаста ба зарфиятҳо ва нерӯи зеҳнии ин раҳбарон, мардум хостори ислоҳот мешаванд. Сиёсатмадори хуб нафарест, ки шароитро барои таҳвили мусолиматомези қудрат дар кишвараш фароҳам мекунад."

 

Ба гуфтаи вай, Нурсултон Назарбоев тавонистааст дар миёни сиёсатмадорони саршиноси ҷаҳон ҷойгоҳи худро касб кунад ва интихоби Қазоқистон ба раёсати Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар соли гузашта далели ин амр аст. Вале ба гуфтаи оқои Талбаков, бархе аз раҳбарони кишварҳои шарқӣ, бо шумули Қазоқистон, ки солҳои тӯлонӣ сари қудрат ҳастанд, ҳарчанд ба арзишҳои демукротик арҷ мегузоранд, вале намехоҳанд аз симати худ истеъфо диҳанд.

 

"Пешвои миллат"

Вай афзуд: "Ин мушкил дар кишварҳои мусалмоннишин хеле маҳсус шудааст. Зеро раҳбарони феълӣ намехоҳанд ба нерӯҳои ҷавонтар имкон диҳанд, ки ба қудрат бирасанд."

 

Оқои Талбаков мегӯяд шояд дуруст аст, ки Нурсултон Назарбоев аз маҳбубият дар миёни сокинони кишвараш бархурдор аст, вале ин маънои онро надорад, ки муқаррароти Қонуни асосӣ бояд нақз шавад. Зимнан, ду сол қабл порлумони Қазоқистон ба Нурсултон Назарбоев унвони "пешвои миллат"-ро дод ва аз роҳи ислоҳи Қонуни асосӣ шароитро фароҳам кард, ки президенти нахустини ин кишвар аз ҳаққи номаҳдуди ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бархӯрдор бошад.

 

Вале Исмоил Талбаков бар ин назар аст, ки Қонуни асосӣ набояд ба хотири "ҳеҷ пешвои миллате" ислоҳ карда шавад. Вай афзуд: "Бубинед, ҳарчанд барои кумунистҳо Борис Елтсин, раиси ҷумҳури вақти Русия, душмани ашаддӣ маҳсуб мешуд, вале бояд иқрор шавем, ки вай нахост барои ҳифзи қудраташ Қонуни асосиро ислоҳ кунад."

 

"Ё Владимир Путин. Вай аз симаташ рафт ва Дмитрий Медведев президенти Русия интихоб шуд. Магар аз ин амр маҳбубияти оқои Путин коҳиш ёфт? Баръакс, бештар шуд."

 

Ба эътиқоди оқои Талбаков, дар сиёсат "муҳим нест, ки аз чӣ роҳе вориди он шудӣ, муҳим ин аст, ки чи гуна онро тарк мекунӣ."

 

Искандари Фирӯз, Би-Би-Си, Душанбе

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4402-nazarboev-mukholifonro-dar-ghaflat-andokht.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854