ШИРКАТИ ДАҲҲО ҲАЗОР НАФАР ДАР ТАЗОҲУРОТИ ТЕҲРОН
Дар вокуниш ба даъвати раҳбарони мухолифи давлат хабаргузориҳои хориҷӣ аз Теҳрон гузориш медиҳанд, ки ҳазорон нафар дар ин роҳпаймоӣ ширкат кардаанд. Хабаргузории Фаронса аз Теҳрон гузориш дода, ки ҳазорон нафар дар роҳпаймоии мухолифони давлат барои эъломи ҳамбастагӣ бо мардуми Миср ва Тунис ширкат кардаанд.
Ризо Соя, хабарнигори СиЭнЭн дар Исломобод аз қавли шоҳидони айнӣ мегӯяд, ки даҳҳо ҳазор нафар аз мухолифони давлат дар ҳоли роҳпаймоӣ ҳастанд ва бо торик шудани ҳаво бар теъдодашон афзуда шудааст. Як шоҳиди айнӣ бо таъйиди ин хабар ба Би-би-сӣ гуфт, ки бо торик шудани ҳаво ангор тарси бештари мардум рехта ва гурӯҳҳои тоза дар ҳоли пайвастан ба таҷаммуъоти эътирозӣ ҳастанд. Гузоришҳо ҳокӣ аст, ки дар бархе нуқоти шаҳри Теҳрон даргириҳое байни маъмурони амниятӣ ва низомӣ бо мардум рух дода ва пулис аз гози ашковар истифода кардааст.
Ҳузури густардаи маъмурони амниятӢ ва либоси шахсӢ
Гузоришҳо нишон медод, ки дар вокуниш ба даъвати раҳбарони мухолифи давлат ба роҳпаймоӣ дар Теҳрон нерӯҳои амниятӣ дар бархе нуқоти мухталифи шаҳр мустақар шудаанд. Ба гузориши хабаргузории Руйтер аз Теҳрон субҳи рӯзи душанбеи 14 феврал ва бо наздик шудани замони баргузории тазоҳуроти ҳимоят аз қиёмҳои мардумӣ дар Тунис ва Миср нерӯҳои амниятӣ дар бархе нуқоти пойтахт ҳузури маҳсус доштанд.
Ин хабаргузорӣ ба нақл аз шоҳидони айнӣ гузориш кард, ки дастае аз маъмурони пулис ва нерӯҳои амниятӣ дар хиёбони Валиаср мустақар шуда ва истгоҳҳои метру дар ин масир баста шуда буд. Бастани истгоҳҳои метру ба манзури ҷилавгирӣ аз азимати мухолифон ба маҳалҳои баргузории тазоҳурот аз иқдомоти мутаъорифи ниҳодҳои амниятӣ дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ баъд аз интихоботи даҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ будааст.
Ҳамин хабаргузорӣ ба нақл аз як шоҳиди айнии дигар гуфтааст, ки теъдоде худрави пулис, ки панҷараҳои онҳо бо порчаи сиёҳ пӯшонда шуда, дар наздикии зиндони Эвин дар шимоли Теҳрон порк шуда буд. Пештар сойти "Саҳом Нюз" мутааллиқ ба ҳизби эътимоди миллӣ аз таҷаммуъи гурӯҳе аз мардум дар яке аз майдонҳои шаҳри Теҳрон хабар дода буд.
"Саҳом Нюз" ба нақл аз вебсойти "Нидои сабзи озодӣ" маҳалли ин таҷаммуъро майдони Содиқияи Теҳрон гузориш карда ва ин маҳалро дорои аҳамият донист. Дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи натиҷаи баҳсбарангези интихоботи даҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ майдони Содиқия яке аз маҳаллоти шинохташудаи таҷаммуъ ва тазоҳуроти муътаризон ва даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ будааст.
Сойти "Калима", ки хабарҳо ва дидгоҳҳои Мирҳусайни Мусавӣ, аз раҳбарони мухолифи давлатро мунъакис мекунад, ҳам ба нақл аз гузоришгарони худ аз ҳузури чанд ҳазор нафар дар майдони инқилоб ва хиёбонҳои атрофи он хабар дода буд. Дар ҳамон ҳол гузорише аз таҳаввулоти рӯзи душанбе дар расонаҳо ва хабаргузориҳои дохилии ҷумҳурии исломӣ инъикос наёфтааст.
Мамониъат аз хуруҷи раҳбарони мухолифони давлат
Субҳи рӯзи душанбе ҳамчунин гузориш шуд, ки маъмурони амниятӣ бо истиқрор дар баробари хонаи Мирҳусайни Мусавӣ ва ҳамсараш, Заҳро Раҳнавард иртибототи ононро бо хориҷ қатъ карданд, ки зоҳиран далели он ҷилавгирӣ аз ҳузури онон дар роҳпаймоии ҳимоят аз қиёми мардуми Миср ва Тунис будааст. Бар асоси ин гузориш, ки сойти "Калима" онро мунташир кард, аз рӯзи гузашта хутути телефун ва телефуни ҳамроҳи оқои Мусавӣ ва хонум Раҳнавард қатъ шуда буд.
Аз рӯзи 10 феврал нерӯҳои амниятӣ монеъ аз тамоси боздидкунандагон бо Меҳдии Каррубӣ шудаанд ва танҳо ба ҳамсари ӯ иҷозаи вуруд ба хонаро додаанд. Рӯзи 5 феврал оқоён Каррубӣ ва Мусавӣ дар номае хитоб ба вазири кишвар аз ӯ хостанд бо судури муҷаввиз бо роҳпаймоии "ҳамбастагӣ бо ҳаракатҳои мардумӣ дар минтақа" муваофиқат кунад. Агарчи вазорати кишвар ба ин дархост ҷавоби мусбат надод, аммо дар рӯзҳои ахир вебсойтҳои мухолифи давлат хостори ҳузури густардаи мардум дар ин роҳпаймоӣ шуданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4436-tazohurot-dar-tehron.html