12:51:45 01-уми Июли 2025 сол

ШИОРИ "МАРГ БАР КАРРУБӢ, МУСАВӢ, ХОТАМӢ" ДАР МАҶЛИСИ ЭРОН

Дар пайи тазоҳуроти рӯзи 25 баҳман (14 феврал) дар Теҳрон, раиси маҷлиси Эрон дастури ташкили кумитаи "Баррасии афроди зиддиинқилоб"-ро содир кардааст ва намояндагон алайҳи раҳбарони ислоҳталабон шиъор дода ва хостори эъдоми онон шудаанд.

 

iran_reformistsСубҳи рӯзи сешанбе, 15 феврал, сойти Воҳиди марказии хабар, мутаъаллиқ ба созмони родию ва телевизиюни давлатии Эрон, гузориш кард, ки ҳангоми суханронии Алии Лориҷонӣ, раиси маҷлис, дар интиқоди шадид аз роҳпаймоии рӯзи гузашта, "намояндагони маҷлис якпорча қиём карданд ва бо сар додани шиъри "Марг бар Амрико!" ва "Марг бар мунофиқ" пардохтанд." Дар ин гузориш омадааст, ки "намояндагон ҳамчунин шиъори "Марг бар Мусавӣ", "Марг бар Каррубӣ", "Мусавӣ в Каррубӣ эъдом бояд гарданд", "Марг бар Хотамӣ" ва "Марг бар фитнагар" сар доданд.

 

Дар ин гузориш омадааст, ҳангоми суханронии Алии Лориҷони, намояндагон чандин бор суханони ӯро бо шиъорҳое "алайҳи фитнагарон ва Амрикову режими саҳюнистӣ қатъ карданд". Мақомот ва расонаҳои давлатии Эрон аз мӯътаризон ба натиҷаи баҳсбарангези интихоботи даҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ бо унвони "фитнагар" ном мебаранд. Ба гуфтаи Воҳиди марказии хабар, намояндагон дар ҳимоят ва ибрози итоъат аз раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ ҳам шиъорҳое доданд.

 

Бар асоси ин гузориш, оқои Лориҷонӣ дар суханони худ дар оғози ҷаласаи рӯзи сешанбеи маҷлис гуфт, ки роҳпаймоии 25 баҳман "ҷараёне бадалӣ ва инҳирофӣ дар ҷиҳати аҳдофи Амрико ва режими саҳюнистӣ" будааст. Хонаи миллат, пойгоҳи иттилоърасонии Маҷлис, низ гуфтааст, ки Алии Лориҷонӣ дар суханони худ кумиссиюнҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ, шӯроҳо ва умури дохилии кишвар , асли навад қонуни асосӣ, фарҳангӣ ва қазоӣ ва ҳуқуқии маҷлисро маъмури ташкили кумитае "барои баррасии моҳияти гурӯҳии афроди зиддиинқилоб дар кишвар" кард.

 

Вай аз аъзои ин кумита хост "абъоди мухталифи моҳияти афроди зиддиинқилобро баррасӣ ва гузорише аз натоиҷи баррасиҳои худ ба маҷлис ироа диҳанд, то намояндагон бидонанд бо ин ҷараён чигуна бархӯрд кунанд." Воҳиди марказии хабар соъоте баъд гузориш кард, ки "намояндагони маҷлис навиштае бар девори ҷойгоҳи ҳайати раиса насб кардаанд, ки рӯйи он навишта шудааст: Мо намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломӣ хостори муҳокима ва муҷозоти шадиди Мусавӣ ва Каррубӣ ба ҷурми ифсоди филарз ва иқдом алайҳи амнияти миллӣ ҳастем."

 

Бар асоси ин гузориш, Руҳуллоҳ Ҳусейниён, аз намояндагони тундрави ҳомии давлат, ба хабарнигорони родию ва телевизиюни давлатӣ гуфтааст, ки "намояндагон машғули ҷамъоварии имзо барои муҳокимаи сарони фитна ҳастанд."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4448-shiori-marg-ba-arrubi-musavi-hotami.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ