18:26:44 01-уми Июли 2025 сол

ТАШЙЕЪИ ҶАНОЗАИ МУҲАММАД МУХТОРӢ ДАР ТЕҲРОН

Маросими ташйеъи ҷанозаи Муҳаммад Мухторӣ, яке аз кушташудагони 25-и баҳман дар ҳоле тавассути ҳаводорони ҳукумати Эрон баргузор мешавад, ки мухолифони давлат онҳоро ба “шаҳиддуздӣ” муттаҳам кардаанд. Хабаргузории Форс гузориш додааст, ки ҷасади ин ҷавони 22-сола баъд аз зӯҳри чоршанбе “дар дастони ҷамъе аз мардуми инқилобӣ” дар муқобили манзили хонаводаи ӯ дар Шарқи Теҳрон ташйеъ шуд.

 

mohammad_mokhtariФорс менависад, ширкаткунандагон дар ин маросим шиъорҳои назири “Марг бар Мусавӣ”, “Марг бар Каррубӣ” сар медоданд. Ин дар ҳолест, ки тарафдорони Мирҳусайн Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ басиҷиён ва нерӯҳои либосшахсии вобаста ба ҳукуматро ба “дуздидани ҷасади дувумин шаҳиди 25 баҳман” муттаҳам кардаанд. Дафтари таҳкими ваҳдат, аз гурӯҳҳои мухолифи давлат тайи баёнияе эълом кард: “Иҷозаи мусодираи хуни поки шуҳадои роҳи озодиро ба қотилонашон намедиҳем.”

 

Ин гурӯҳ гуфт: “Дардовартар ин ки бешармии саркубгаронро ниҳояте нест ва ҳадафи баъдишон мусодираи хуни поки шуҳадо ва тақдими дубораи онҳо ба қотилонашон аст, то бар сараш ашки тимсоҳ бирезанд ва намоише барпо кунанд.”

 

Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, Муҳаммад Мухторӣ, фарзанди Исмоил рӯзи душанбе дар асари асобати гулӯлаи мустақими маъмурони амниятии мотурсавор ба сӯйи тазоҳуркунандагон дар ҳаволии хиёбони Рӯдакӣ, аз ноҳияи китф захмӣ шуд ва сипас дар бемористон даргузашт. Мақомҳои давлатӣ эълом кардаанд, ки Муҳаммад Мухторӣ ва Сонеъ Жола, донишҷӯи донишкадаи ҳунари донишгоҳи Теҳрон, тавассути “авомили мунофиқин” ҳадаф қарор гирифта ва кушта шуданд.

 

“Тунели ботум”

Ҳусайни Шариъатмадорӣ, мудири масъули рӯзномаи Кайҳон ва аз чаҳраҳои муҳофизакор рӯзи чоршанбе дар суханронӣ дар телевизюни Эрон гуфт, ки Сонеъ Жола барои рӯзномаи ӯ аз барномаҳои донишҷӯён, аз ҷумла дидори анҷумани исломии донишгоҳи ҳунар бо Оятуллоҳ Мунтазирӣ хабар бурдааст.

 

Мухолифони ҷумҳурии исломӣ ахбори марбут ба наздикии оқои Жола бо ҳаводорони давлатро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин курди суннимазҳаб узви басиҷ набуд ва корти басиҷ ки мақомҳо ба ӯ нисбат додаанд, ҷаълӣ аст. Ташйеъи ҷанозаи Сонеъ Жола субҳи чоршанбе анҷом шуд, ки дар асоси гузоришҳо, тайи он нерӯҳои “басиҷӣ” ба шуморе аз донишҷӯён ҳамла карданд.

 

Шоҳидони айнӣ ба Би-би-сӣ форсӣ гуфтанд, ки донишҷӯёни донишкадаи ҳунари донишгоҳи Озод, қарор гузошта буданд, ки субҳи чоршанбе барои адои эҳтиром ба Сонеъ Жола ва азодорӣ дар донишгоҳ ҷамъ шаванд, аммо ҳангоми вуруд саҳни донишгоҳро пур аз басиҷӣ дидаанд. Як шоҳиди айнии дигар ба Би-би-сӣ гуфт, интизомоти донишгоҳ ибтидо талош мекард, ки аз вуруди нерӯҳои басиҷ ба донишгоҳ ҷилавгирӣ кунад, аммо натавониста ба таври комил муваффақ шавад.

 

Вай гуфт, басиҷиҳо дар баробари наҳорхурии донишгоҳ “тунели ботум” дуруст карда буданд ва ба донишҷӯён гуфтанд, ки ҳар кас ки мехоҳад маҳалро тарк кунад, бояд аз ин тенул убур кунад. Ба гузориши родиюи Эрон дар ин маросими ташйеъи ҷаноза шиъорҳое алайҳи раҳбарони мухолифони давлат сар дода шуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4464-janozai-muhammad-mukhtor-dar-tehron.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ