18:39:05 01-уми Июли 2025 сол

ЛИБӢ: ҲУШДОРИ ПИСАРИ ҚАЗЗОФӢ АЗ ВУҚӮЪИ ҶАНГИ ДОХИЛӢ

Сайфулислом, фарзанди Муъаммар Қаззофӣ, раҳбари Либӣ, изъон карда, ки артиш бо мӯътаризон бархӯрди хушунатборе кардааст. Аммо ӯ, ки дар телевизиюни давлатии Либӣ сӯҳбат мекард, гурӯҳҳои мухолиф ва исломгароёнро муттаҳам кард, ки ба дунболи эҷоди шикоф дар кишвар ҳастанд.

 

saif 1Ӯ гуфт артиш ба сӯйи мӯътаризон оташ гушуд, зеро барои муқобала бо нооромиҳои маданӣ омӯзиш надидааст. Изҳороти ӯ дар ҳоле пахш шуд, ки нооромиҳои Либӣ барои аввалин бор ба Таробулус, пойтахти ин кишвар, расидааст. Садои тирандозӣ дар саросари шаҳр ба гӯш мерасад ва шоҳидони айнӣ мегӯянд нерӯҳои амниятӣ алайҳи мӯътаризон аз гулӯлаи воқеъӣ ва гози ашковар истифода кардаанд. Гузориш шудааст, ки дар Бенғозӣ, дар шарқи Либӣ, беш аз 200 нафар дар асари ҳамлаи артиши Либӣ бо силоҳҳои сангин кушта шудаанд.

 

Сайфулислом гуфт, ки "баъзе" мардум кушта шудаанд, аммо расонаҳои хориҷиро муттаҳам ба "иғроқ" кард ва рақами болои куштаҳоро "тахайюлӣ" хонд. Ӯ "аносири мухолиф" дар хориҷро муттаҳам кард, ки ба дунболи тақлид аз инқилоби Миср бо истифода аз шабакаи иҷтимоъии Фуйсбук ҳастанд. Вай гуфт: "Онҳо муборизаеро оғоз кардаанд, то Либиро ба нуқтаи Миср ва Тунис бирасонанд."

 

Фарзанди раҳбари Либӣ гуфт: "Нерӯҳои амниятӣ монеъ аз он шудаанд ва бархеро дастгир кардаанд. Чанд нафар кушта шудаанд ва хушунат алайҳи пулис афзоиш ёфтааст. ...Ин иттифоқест, ки дар Бенғозӣ уфтодааст."

 

Ӯ нисбат ба вуқӯъи ҷанги дохилӣ ҳушдор дод ва гуфт, ки "ҳама" дар ин кишвар мусаллаҳ ҳастанд ва агар ҷанг оғоз шавад, мардуми Либӣ "азодори садҳо ва ҳазорон нафар хоҳанд буд. Ӯ гуфт, ки "бадмастҳо ва авбош" дар хиёбонҳо тонк меронанд ва иддае ҳам таҳти таъсири маводди мухаддир даст ба иғтишош мезананд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4492-hushdori-pisari-kazzofi-az-vukui-jangi-dokhili.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ