ТАЗОҲУРОТ ДАР КИШВАРҲОИ АРАБ: ТАҚДИРИ ИЛОҲӢ Ё ТАДБИРҲОИ МАРДУМӢ?
Раҳбари Эрон, Сайид Алии Хоманаӣ, дар фарҷоми Конфронси ҷаҳонии Тақриби мазоҳиби исломӣ, 20-уми моҳи равон, дар Теҳрон бо чанде аз чеҳраҳои калидии кишварҳои исломӣ, ки дар байни онҳо намояндаи Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ низ ҳузур дошт, мулоқот кард ва дар ин дидор вазъияти кунунии кишварҳои исломӣ ба хусус хезиши мардумиро дар кишварҳои арабӣ ҳассос арзёбӣ кард ва афзуд: «Душманон талош мекунанд, то ҳаракати мардумӣ дар Миср, Тунис ва дигар нуқоти дунёи исломро ғайриисломӣ ҷилва диҳанд, дар ҳоле ки ин ҳаракати мардумӣ қатъан исломӣ аст ва бояд тақвият шавад».
Агар воқеан гуфтаи раҳбари Эрон дуруст ва ин хезиши мардумӣ сирф исломӣ бошад, пас суоле, ки аз ин паём дар зеҳн халқ мешавад, ин аст: нооромиҳо ва хезиши мардумӣ дар кишварҳои Ховари миёна ва Африқо натиҷаи тақдири Илоҳист ва ё тадбири мардумӣ? Худои карим, дар робита ба тағйир ва таҳаввулоти ҷомеа аз як вазъ ба вазъияти дигар чунин иршод мефармояд: «Дар ҳақиқат Худо ҳоли қавмеро тағйир намедиҳад то онон ҳоли худро тағйир диҳанд ва чун Худо барои қавме осебе (бадие) бихоҳад ҳеч баргаште барои он нест ва ғайр аз Ӯ ҳимоятгаре барои онон нахоҳад буд!» (Раъд, ояи 11).
Ин ояи карима баёнгари он аст, ки то замоне мардум ва ё масъулини онҳо дар зиндагии рӯзмарраи худ ҷӯёи таҳаввулот ва ё барномаи тағйироти хуб ва ё бадеро рӯи даст нагиранд, Худои мутаъол ҳоли онҳоро аз ҳолати хуб ба хубтар ва ё аз вазъият нохуб ба бадтар тағйир намедиҳад. Ӯ таъоло таъкид мекунад, ки агар Худои карим хоҳони ба бало гирифтор кардани қавмеро (бо сабаби баъзе рафторҳои ношоистаашон) дошта бошад, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз пеши роҳашро гирифта наметавонад. Дар ояи дигар мефармояд: «Ин (подош) бадон сабаб аст, ки Худованд неъматеро, ки бар қавме арзонӣ дошта тағйир намедиҳад, магар он ки онон ончиро дар дил доранд тағйир диҳанд ва Худо шунавои доност!» (Анфол, ояи 53).
Аз ояҳои дар боло оварда шуда фаҳмида мешавад, ки тағйир ва таҳаввулоти ҷомеа бо чанд далел ба ҳаракатҳои мардумӣ бастагӣ дорад:
1. Тарбияи ангезаи ҷадидгароии инсон дар ботини худ. Агар ангезаи ҷадидгароӣ, яъне рӯ овардан ба ҷомеае, ки воқеан ҳуқуқи шаҳрвандон ба таври одилона риоят шавад, ки аксарият хоҳони он мебошанд, дар шахсияти афроди тазоҳуроткунанда шакл намегирифт ва эшон барои ислоҳи ҷомеаи худ қиём намекарданд, онҳо ҳеҷ гоҳ ба сарнагун кардани ҳукуматҳои худкомаи худ сарфароз намешуданд.
2. Тамомии ин мардум аз парастиши буте, ки бо номи тарс, ҳарос ва ё хавф, дар муддати даҳсолаҳо, дар ниҳодашон парварда шуда буд, натанҳо аз ибодаташ рӯ тофтанд, балки камари он бутро низ шикастанд. Ба ибораи дигар, тазоҳуротчиён бо сабру таҳаммул ва истодагариҳои худ исбот карданд, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз азми онҳоро тағйир дода наметавонад.
3. Ҳукуматҳои худкомаи кишварҳои арабӣ барои мардуми ин кишварҳо ҳамчун «неъмати Худододӣ» унвон мешуд. Худои карим ин «неъмат»-ҳои худро ба онон арзонӣ дошта буд. Аммо сокинони маҳал «шукри неъмат»-ро дуруст ба ҷо наоварданд ва ба ҳамин хотир «куфри неъмат» ҳукуматҳои худкомаро аз кафашон бурун кард.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раҳбари Эрон оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, дар ин дидор таъкид кард, ки мушкилии асосии ҷаҳони ислом дахолати бевоситаи Ғарб аст: “Бояд ин мушкилро аз дунёи ислом бартараф ва Амрикоро тазъиф кард ва танҳо роҳ ҳам, умед ба Худованд ва доштани ҳусни занн (хубгумонӣ) ба ваъдаи илоҳӣ аст.”
Аммо бар акси ҳол амал кардан, яъне нисбат ба Худои худ гумони бад кардан оқибати нохушеро дар пай хоҳад дошт, ӯ мегӯяд: “Натиҷаи ҳусни занн ба ваъдаи илоҳӣ, истодагӣ ва ҳаракат рӯ ба пеш аст, дар ҳоле ки натиҷаи суизанн (гумони бад) ба Худованд, маръуб (тарсу ҳарос доштан) ва таслим шудан дар баробари душман аст.”
Раҳбари Инқилоби исломӣ дар Эрон, зимни сӯҳбатҳояш бо намояндагони кишварҳои исломӣ таъкид кард, ки Ғарб дар қиболи сисёсатҳои пешгирифтаи кишвараш поафтода шудасту ба қавли ӯ: “Ҷанҷоли ғарбиҳо дигар таъсире надорад ва гузашти замон низ ба суди Эрони исломӣ аст.”
Аз он ҷо ки Худои мутаъол ҳоли ҳеҷ қавмеро то шаклгирии иродаи ботиниашон тағйир намедиҳад ва мардуми кишварҳои исломӣ огоҳона ва бо иродаи худ бо ҳам муттаҳид шудаанд, иродаи Худовандӣ барои тағйири ҳукуматҳои худкомаи онҳо таҳаққуқ пайдо кард. Ба ҳамин хотир сохтани сарнавишт ва ба ҳадар нарафтани хуни шаҳидон ва ҷавонмардони ин мардум гуфт:
“Эҳсоси вазифаи миллатҳои исломӣ нисбат ба якдигар муҳимтарин асари ваҳдати исломӣ аст. Имрӯз мардуми Миср, ки мардуме фаҳим ва дорои собиқаи дурахшони исломӣ ҳастанд, дар саҳна ҳузур ва бояд муроқибат шавад то душман ҳаракати мардумро мунҳариф накунад ва як фарди вобаста ба режими Фиръавни Мисрро сари кор наоварад. Ҳаракати кунунӣ дар дунёи ислом ба пеш хоҳад рафт ва мо ваъдаи илоҳиро қабул дорем ва мутмаин ҳастем, ки Худованд ба инсонҳои мӯъмин кӯмак хоҳад кард.”
Худои карир дар робита ба қавмҳои гузашта, ки неъматҳои Худододиро фаромӯш карда, даст ба моли дигарон дароз кардаанд, чунин мефармояд: «Чун ҳамаи андарзҳоеро, ки ба онҳо дода шуда буд, фаромӯш карданд, ҳамаи дарҳоро ба рӯяшон кушодем, то аз он чӣ ёфта буданд, шодмон гаштанд,(ва ба онҳо дилбастанд) пас ба ногаҳон ононро гирифтем ва ҳамагон навмед гардиданд!» (Анъом, ояи 44).
Суннати Илоҳӣ низ ҳамин аст, ҳеч гоҳ ҳеч амалеро беподош намегузорад. Ӯ таъоло мефармояд: «Ва Худоро аз он чӣ ситамкорон мекунанд ғофил мапиндор, ҷуз ин нест, ки (подоши) ононро барои рӯзе ба таъхир меандозад, ки чашмҳо дар он хира мешаванд!» (Иброҳим, ояи 42). Ва Худованд ҳеч гоҳ зулмро бар бандагонаш раво намебинад ва чароғи зулми золим низ то дами маҳшар намесӯзад…
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4533-tazohurot-dar-kishvarhoi-arab.html