НООРОМИҲОИ МИНТАҚА БА УМОН РАСИД
Нерӯҳои амниятӣ дар шайхнишини Умон ба самти тазоҳуркунандагоне, ки хоҳони ислоҳоти сиёсӣ буданд, гози ашковар шиллик кардаанд. Задухӯрд миёни муътаризон бо нерӯҳои амниятӣ дар шаҳри санъатии Суҳор дар шимоли ғарбии Масқат, пойтахти ин кишвар рӯй додааст.
Дар ин даргириҳо то кунун ду нафар кушта шудаанд, панҷ нафар низ ба иллати партоби гози ашковар захмӣ шудаанд. Садҳо тазоҳуркунанда барои дувумин рӯзи мутаволӣ дар ин шаҳр ҷамъ шуда буданд. Дар шаҳри Салола дар ҷануби ин кишвар низ тазоҳуроти мушобеҳе баргузор шудааст. Султон бен Қобус, ҳокими Умон ба дунболи тазоҳуроти кучаке, ки ҳафтаи пеш баргузор шуд, рӯзи шанбе бароҳи коҳиши танишҳо дар ин кишвар, тағйироте дар кобинаи ин кишвар эҷод кард.
Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки артиш барои тақвияти мавозеъи нерӯҳои амниятӣ вориди амал шудааст. Умон дар гӯшаи ҷануби шарқии шибҳҷазираи Арабистон қарор гирифта ва мавқеъияти истротежикии муҳиме дар даҳонаи халиҷи форс дорад. Султон Қобус дар соли 1970 бо як кудето падарашро барканор кард ва қудратро дар даст гирифт. Ӯ аз он замон ислоҳоти иқтисодиро шуруъ кард ва сармоягузории давлатро дар беҳдошт ва омӯзиш афзоиш дод.
Ин кишвар дорои шурои қонунгузорӣ аст, аммо ин шуро ихтиёроти зиёд надорад. Монанди соири кишварҳои халиҷи Форс, нафт манбаъи аслии даромад ва бахши аъзами тавлиди нохолиси миллии ин кишвар аст. Кишоварзӣ ва моҳигирӣ низ манобеъи муҳиме ба ҳисоб меоянд. Умон аз ҷумлаи кишварҳои миёнарав ва дар айни ҳол суннатгарои арабӣ ба шумор меравад ва ҳам қабл ва ҳам пас аз инқилоби соли 1979 равобити ҳасанае бо Эрон доштааст. Умон ҳамчунин яке аз муттаҳидони қадимии Омрико дар минтақа ба шумор меравад.
Мудохилаи низомии Эрон дар Умон дар соли 1980 Султон Қобус, ҳокими Умонро аз суқути ҳукуматаш ба дасти шуришиёни чапгаро раҳонид ва боби робитаи наздике миёни ду кишварро кушуд. Пас аз инқилоб низ дар ҳоле ки ағлаби давлатҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс дар ҷанги миёни Эрон ва Ироқ ҷониби Ироқро гирифта буданд, Умон сиёсати миёнҷигарӣ барои поён бахшидан ба ҷангро дар пеш гирифт.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4539-nooromihoi-mintaka-ba-umon-rasid.html