10:04:37 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОҚИЕВ АКСАРИЯТИ ОВОЗҲОРО БА ДАСТ ОВАРД

Бино ба натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи Қирғизистон, Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури феълии ин кишвар, соҳиби 86 дарсади овозҳо шудааст.

Дар ин бора комиссиюни марказии интихоботии Қирғизистон пас аз шумориши беш аз 60 дарсади баргаҳо иттилоъ додааст. Тибқи ин сарчашмаи расмӣ, рақиби аслии ӯ аз иттиҳоди мухолифин Алмосбек Ҳотамбоев ҳамагӣ каме беш аз 7 дарсади ороро ба даст овардааст. Алмосбек Ҳотамбоев, номзади мухолифини ҳукумати Қирғизистон, субҳи имрӯз гуфт, ки натиҷаҳои интихоботро қабул надорад, зеро интихобот бо ҳодисаҳои зиёди нақзи қонун сурат гирифтааст. 

Ба гуфтаи номзади мухолифин, назарпурсии анҷомдодаи иттиҳоди мухолифин дар назди ҳавзаҳои интихоботӣ шаҳодат медиҳад, ки ҳудуди 60 дарсади раъйдиҳандагон аз вай ҷонибдорӣ кардаанд ва Қурмонбек Боқиев ҳамагӣ 25 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст.

Интихоботи президентии Қирғизистонро нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо интиқод кардаанд. Ба таъкиди нозирони САҲА, дар ҷараёни тарғиби пешазинтихоботӣ байни президент Боқиев ва номзадҳои дигар фазои нобаробар вуҷуд доштааст ва истифодаи захираҳои идорӣ, эҷоди монеаҳо ва таҳдид болои мухолифон ҳангоми интихобот эътимоди баргузории интихоботи демократиро аз байн бурдааст.

Аммо нозирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоботи президентии Қирғизистонро шаффоф ва демократӣ номидаанд. 

Раҳбарияти бархе аз кишварҳои минтақа Қурмонбек Боқиевро ҳануз то эълони натоиҷи умумии интихобот бо пирӯзӣ табрик кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни як сӯҳбати телефонӣ Қурмонбек Боқиевро бо дубора интихоб шудан ба мақомӣ президентӣ табрику таҳният гуфтааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi