21:22:54 02-уми Июни 2025 сол

ҲАМЛАИ НЕРӮҲОИ ҚАЗЗОФӢ БА ШАҲРИ БЕНҒОЗӢ

Артиши Либия ҳамлаҳои густурдаеро алайҳи пойгоҳи аслии мухолифон дар шаҳри Бенғозӣ оғоз карданд. Шабакаи телевизионии Ал-ҷазира аз бомбаборони шаҳр тавассути ҳавопаймоҳои артиши Қаззофӣ хабар медиҳад. Манобеи хабарии мухолифон мегӯянд, як ҳавопаймои низомиро сарнагун кардаанд.

 

libiaХабаргузории Ройтерз бо нақл аз манбаъҳои маҳаллӣ гузориш медиҳад, ки ҳамлаҳои ҳамаҷонибаи артиши Қаззофӣ аз нахустин соатҳои бомдоди шанбе оғоз шуд. Ин дар ҳолест, ки пас аз ин ки қатъномаи СММ ба қудратҳои ҷаҳон салоҳият дод то ба куштори мардумони мулкӣ дар Либия поён диҳанд, режими Қаззофӣ дар ҷанг алайҳи шӯришиён оташбаси якҷонибаро эълом карда буд. Мусо Кусо, вазири умури хориҷии Либия дар Троблус пойтахти ин кишвар гуфта буд, ки ҳукумат бар асоси қатъномаи СММ, ки рӯзи панҷшанбе тасвиб шуд, тасмим гирифт, ки ба хотири ҳифозати афроди ғайри мулкӣ, тамоми амалиётҳои низомиро мутаваққиф кунад.

 

Таҳаввулоти ҷадиди Либия дар ҳоле сурат мегирад, ки кишварҳои узви НАТО ва Иттиҳодияи Араб барои баррасии чигунагии иқдоми низомӣ алайҳи ҳукумати Қаззофӣ, имрӯз дар Порис ташкили ҷаласа медиҳанд. Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса мизбони мулоқоти раҳбарон ва намояндагони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, кишварҳои Ҷомеаи Араб ва Иттиҳодияи Африқо хоҳад буд. Мумкин аст, дар ин мулоқот Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико ва Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ ширкат варзанд.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854