22:04:07 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

НОИБИ АҲМАДИНАЖОД АЗ МАҚОМАШ БАРКАНОР ШУД

Исфандиёр Раҳим Мошоӣ, ки тақрибан даҳ рӯз пеш аз сӯи раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод мақоми ноиби сарвари кишварро соҳиб шуда буд, зери фишори раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ аз мақомаш канор рафт. 

Ба иттилои хабаргузориҳо, оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ пойфишории худ барои барканории Мошоиро бо он омил марбут кардааст, ки таъини ӯ дар мақоми муовини раисиҷумҳур боиси тафриқа дар ҷомеъа, аз ҷумла миёни ҷонибдорони худи Аҳмадинажод мегардад. Номаи оятуллоҳ Хоманаӣ ба раисиҷумҳур дар мавриди барканории Мошоӣ ахиран аз тариқи телевизиони давлатии Эрон қироат шуд. 

Ёдовар мешавем, як ҳафта пеш шабакаи телевизионии давлатии инглисзабони Press-TV хабар дода буд, ки Мошоӣ, қудои раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод, се рӯз баъд аз пазируфта шуданаш дар мақоми муовини раисиҷумҳур бар асари ошкор шудани пайванди хешутаборияш бо Аҳмадинажод аз мақомаш истеъфо додааст. Ва аммо Мошоӣ ин иттилоъро рад кард ва изҳор намуд, ки сару садоҳо дар бораи истеъфояш аз сӯи душманони ҳукумат пахш мешавад. 
Зимнан, Исфандиёр Раҳим Мошоӣ соли гузашта барои гуфтаҳояш дар бораи он, ки Эрон дӯсти мардуми Исроил аст, ҳадафи танқиди муҳофизакорон ва аз ҷумла оятулло Алӣ Хоманаӣ қарор гирифта буд. 

Ва маҳз ба ҳамин хотир муҳофизакорон аз таъини Мошонӣ дар мақоми муовини раисиҷумҳур нороҳат буданд. Рӯзи ҷумъа бархе аз ҷонибдорони Маҳмуди Аҳмадинажод ҳам ба нишони эътироз алайҳи ин таъинот дар Теҳрон намоиши эътирозӣ баргузор карданд ва гуфтанд, ки бо назардошти машваратҳои шифоҳии оятуллоҳ Хоманаӣ Исфандиёр Мошоиро аз мақом барканор кунад. 

Оятуллоҳ Аҳмад Хотамӣ ҳам, ки намози ҷумъаи Теҳронро хатибӣ мекард, аз раиси ҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод хост, дар бораи барканории Исфандиёр Раҳим Мошоӣ ҳарчӣ зудтар тасмим бигирад. 

Гуфта мешавад, ки Маҳмуди Аҳмадинажод тақрибан як ҳафта ишораҳо пардапӯши раҳбари рӯҳонии кишварро нодидаву ношунида гирифт. Ва аммо баъд аз иншои номаи расмии оятуллоҳ Хоманаӣ ба ҷуз барканор кардани қудояш аз маснад чорае надошт. 

Коршиносон мегӯянд, дар ҳоле, ки мухолифин интихоботи раёсатҷумҳурии Эронро тақаллубӣ мехонанд ва аз талаби худ барои лағви натоиҷи он даст набардоштаанд, бо раҳбари рӯҳонии кишвар вориди ихтилоф шудани Маҳмуди Аҳмадинажод гумон буд, ки ба фойидаи раисиҷумҳур анҷом меёфт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi