ҶАНҶОЛ БАР САРИ ҲУЗУРИ ЗАНИ МУСУЛМОН ДАР МУСОБИҚАИ МАЛИКАИ ЗЕБОӢ
Як модели мусулмони бритониёӣ, ки дар рақобат барои интихоби намояндаи кишвараш дар мусобиқаи маликаи зебоии ҷаҳон ширкат карда ва вокуниш ба интиқодҳое, ки алайҳи ӯ сурат гирифта буд, аз тасмими худ дифоъ кард.
Дар сурате, ки Шоно Бухорӣ муваффақ шавад ба унвони маликаи зебоии Бритониё ба мусобиқаи маликаи зебоии ҷаҳон (Miss Universe) роҳ пайдо кунад, аввалин намояндаи мусулмони Бритониё дар чунин рақобатҳое хоҳад буд. Албатта пеш аз ин ҳам дар соли 2005 як духтари мусулмони афғониуласл ба намояндагӣ аз Бритониё дар мусобиқаи мушобеҳе таҳти унвони Miss World барои интихоби маликаи зебоии ҷаҳон ширкат карда буд.
Ҳамоса Кӯҳистонӣ то марҳилаи ниманиҳоии ин мусобиқа, ки дар шаҳри Сан Ё Чин баргузор шуд, расид. Хонум Бухорӣ, ки 24 сол дорад ва сокини шаҳри Манчестри Инглистон аст, мегӯяд аз замоне, ки ба финоли мусобиқа интихоби маликаи зебоии Бритониё роҳ ёфта, паёмҳое нажодпарастона ва тавҳиномез дарёфт кардааст.
Шоно Бухорӣ мегӯяд, ки мусулмон дар Бритониё бояд ҳақ дошта бошад ба майли худ ба сабки ғарбӣ зиндагӣ кунад, аммо гурӯҳҳои мусулмон ӯро муттаҳам ба беэҳтиромӣ ба ислом кардаанд. Шоно, ки мутаваллиди Инглистон аст, баъд аз ин ки таҳсилоти донишгоҳии худро дар мақтаъи лисонс ба поён расонд, ба унвони як модели тамом вақт шурӯъ ба фаъолият кард.
Ӯ мегӯяд рӯёяш ин аст, ки тоҷи мусобиқаи маликаи зебоии ҷаҳон бар сари ӯ гузошта шавад, аммо мунтақидин ба ӯ гуфтаанд, ки бо ширкат дар ин мусобиқа алайҳи дини ислом амал кардааст. Шоно мегӯяд аз шунидани чунин назароте нороҳат мешавад чун ба эътиқоди ӯ ширкат дар ин мусобиқот ӯро ба як мусулмони бад табдил намекунад.
Ҷанҷол бар сари ба тан кардани мою
Яке аз масоили аслие, ки боъиси хашми баъзе аз мусулмонон шуда, ин аст, ки Шоно дар яке аз мароҳили мусобиқа бояд мою (либоси шино) ба тан кунад. Муҳаммад Шафиқ, аз аъзои бунёди Рамазон, ки дар заминаи ироаи мушовира ба ҷавонони мусулмон фаъолият мекунад, яке аз касоне аст, ки бо ҳузури Шоно дар мусобиқаи маликаи зебоии ҷаҳон мухолиф аст.
Ӯ мегӯяд: "Ислом басароҳат мушаххас карда, ки зан бояд дар пӯшиш ва либоси худ риъоятишарму ҳаёро бикунад ва мо фикр намекунем, ки пӯшидани либоси шинои дутика кори дурусте бошад."
Оқои Шафиқ гуфт, ки қабул дорад, ки занони мусулмон бояд ҳақ дошта бошанд навъи пӯшиш ва либоси худро интихоб кунанд, аммо изофа кард, ки ба ҳар ҳол онҳо бояд ба усули ислом эҳтиром бигзоранд, ҳатто агар дар ҷомеъаи ғарбӣ зиндагӣ мекунанд.
Бо ин ҳол Шоно мегӯяд, ки бештари мардум аз ӯ ҳимоят мекунанд, аз ҷумла хонаводааш дар Покистон. Ӯ дар айни ҳол таъкид кард, ки тасмим надорад аз либоси шинои дутика истифода кунад ва ба ҷои он либоси шинои яктика ва домани суннатии сорунг ба тан хоҳад кард.
Аммо бо ин ҳама, Самиро, хоҳари бузурги ӯ иқрор кард, ки изҳороти тавҳиномезе, ки алайҳи Шоно сурат гирифта мояи нигаронии ӯ шудааст. Самиро гуфт: "Ҳоло чи хоҳад шуд, вақте хоҳарам дар хиёбон роҳ меравад, бояд мунтазири партоби сангу хишт бошад?"
Вокуниши Шоно Бухорӣ ба интиқодот
Агар Шоно дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи маликаи зебоии Бритониё, ки аввали моҳи май баргузор мешавад, баранда шавад, нахустин зани мусулмоне хоҳад буд, ки ба унвони намояндаи Бритониё ба финоли ҷаҳонии ин мусобиқот, ки имсол дар Бразил баргузор мешавад, роҳ пайдо мекунад.
Ӯ мегӯяд: "Мардум доранд бо истифода аз ибрози мазҳаб ба ман ҳамла мекунанд. Аммо оё воқеъан масъалаи мазҳаб аст? Ё ин ки ҳасудӣ мекунанд, ки духтаре қадам ба пеш гузошта, ки намегузорад дигарон ба ӯ ҳарфи зӯр бизананд?"
Мусобиқаи маликаи зебоии ҷаҳон нахустин бор дар соли 1952 баргузор шуд. Унвони маликаи зебоии ҷаҳон дар ҳоли ҳозир дар ихтиёри Шимно Новорте аз кишвари Мекзик аст.
Би-Би-Си