06:08:50 11-уми Июли 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ЭЪЛОНИ ПИРӮЗИИ БОҚИЕВ ДАР ИНТИХОБОТ

Комиссияи марказии интихобот ва баргузории референдумҳои Қирғизистон имрӯз натиҷаҳои интихоботи президентии 23 июлро эълон кард.

Бино ба ин натиҷагирӣ дар интихоботи президентӣ 79,13 дарсади раъйдиҳандагон ё 2 миллиону 328 ҳазору 69 нафар ширкат карданд. Аз ин шумор ба тарафдории президенти кунунӣ Қурмонбек Боқиев 76,12 дарсади раъйдиҳандагон овоз додаанд. Дар ҷои дуввум раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон Алмосбек Атамбоев қарор дошта, 8,41 дарсади раъйи мардумро ба даст овардааст. Бино ба комиссияи марказии интихобот дар ҷои севвум раиси ҳизби «Ақ Шумқор» Темир Сариев меистад ва ин номзад 6,74 дарсади раъйҳоро соҳиб шудааст. 

Тухтаойим Уметалиева бо 1,14 дарсади оро ҷои чорумро ишғол мекунад. Ба иттилои комиссияи марказии интихобот ва референдумҳо аммо ба ҷонибдории Нулан Мотуев 0,93 ва Ҷенишбек Назаралиев 0,83 дарсади мардум раъй додаанд.

Ба ин тартиб комиссияи марказии интихобот ва баргузории референдумҳо интихоботи президентии 23 июлро натиҷагирӣ кард ва онро ба додгоҳи Қонуни асосӣ барои тасвиб ироъа намуд. 

Бақит Бешимов, узви ҷиноҳи Ҳизби сосиал демократи Қирғизистон дар порлумони ин кишвар, мегӯяд, ки фақат ба хотири ҳифзи фазои озодӣ ва демократия онҳо мубориза мебаранд. Вай меафзояд, раъйдиҳандагон аз интихоботи ғайриҳаққонӣ норозиянд ва маҳз баргузории чунин интихобот вазъиятро ба ташаннуҷ рӯбарӯ хоҳад кард.

Ба гуфтаи Бақит Бешимов, дар шаҳри Балиқчии вилояти Иссиқкӯл 20 пайравони онҳо ба иттиҳоми таъсиси беназмиҳо мавриди боздошт қарор гирифтаанд. Вай гуфт, мақомот роҳҳои онро меҷӯянд, ки ҷунбиши иттиҳоди мардумиро ба иттиҳоми табадуллоти давлатӣ муттаҳам кунанд.

Ба гуфтаи намояндагони мухолифин, тарафдорони онҳо ба муқобили натиҷагириҳои ғайриқонунии комиссияи марказии интихобот ва референдумҳо даст ба аксуламалҳои густурда хоҳанд зад.

Мирасрори Фарғонӣ, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi