11:29:41 29-уми Апрели 2025 сол

УСТОДИ ТОЛИБОН: «АМРИКО БОЯД БО ТОЛИБОН МУЗОКИРА КУНАД»

Мавлоно Самиъулҳақ, раиси мадрасаи Ҳаққония, мегӯяд, ки танҳо музокираи мустақими Амрико бо шӯришиёни афғон метавонад роҳи ҳалли ҷанги Афғонистон бошад. Садҳо тан аз муҷоҳидин ва толибони афғон, аз ҷумла Мулло Муҳаммад Умар, раҳбари Толибон, дар мадрасаи динии Дорулъулуми Ҳаққония дарс хондаанд.

haqaniПеш аз ин, ман гуфтугӯйе дар бораи авзоъи Афғонистон бо женерол Ҳамид Гул, раиси собиқи Созмони Истихбороти Покистон (ISI), анҷом дода будам ва ӯро аз қавли таҳлилгарони масоили минтақа падари маънавии Толибон хонда будам. Баъд, вақте Насируллоҳи Бобур, вазири дохилаи собиқи давлати Покистон, дар асари куҳулати синнӣ даргузашт, ӯро ҳам "падари маънавии Толибон" муъаррифӣ кардем.

Аммо шояд Мавлоно Самиъулҳаққи Ҳаққонӣ, ки барои солҳои тӯлонӣ заминаи фарогирии дуруси диниро барои муҷоҳидин ва толибони афғон фароҳам кардааст, пеш аз ҳама сазовори ин унвон бошад. Мадрасаи Ҳаққонияи ӯ ҳанӯз беш аз се ҳазор талаба дорад ва оқои Ҳаққонӣ дар танзими кор ва барномаи беш аз 40 ҳазор мадрасаи фаъоли динӣ дар Покистон нақши таъйинкунандае дорад.

Давлати Афғонистон аксари ин мадорисро дарвоқеъ марокизи ҷалбу ҷазби шибҳинизомиён медонад ва борҳо хостори мамнӯъ кардани ин мадорис шудааст. Дар мусоҳиба бо Мавлоно Ҳаққонӣ ҳамаи ин нигарониҳоро бо ӯ дар миён гузоштам ва ибтидо пурсидам, ки чи қадар нисбати "падари маънавии" Толибон барои ӯ дуруст аст:

Ҳаққонӣ: Масъалаи аслӣ ин аст, ки Дорулъулуми Ҳаққонӣ як ниҳоди омӯзишӣ аст, бо сиёсат ва дигар масоил иртиботе надорад, дуруст мисли марокизи омӯзишӣ дар Урупо ва ҷаҳон.

Дар чаҳордаҳ соле, ки ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ ҷараён дошт, фармондеҳони аршади ин ҷиҳод фориғуттаҳсили Дорулъулуми Ҳаққония буданд. Ба ин лиҳоз, дорулъулумро нишона мегиранд. Робитаи мо бо Толибон як робитаи рӯҳонӣ ва маънавӣ аст.

-Робитаи Шумо бо Мулло Муҳаммад Умар чи гуна аст?

-Масъалаи аслӣ ин аст, ки толибони афғон ҳам барои дарс ба мадрасаи мо омаданд. Мулло Умар ҳам омад. Мулло Умар давраи ҳадисро хонд ва натавонист дарсашро инҷо тамом кунад. Каме ҳам дар Кветта дарс хонд ва баъдан дар ҷиҳод (алайҳи Шӯравии собиқ) саҳм гирифт. Узви ҳизби исломии Мавлавӣ Юнуси Холис буд. Мулло Умар фақат як муҷоҳид буд. Авзоъ тавре рақам хӯрд, ки Худо хост ба василаи Толибон амният (дар Афғонистон) барқарор шавад. Мулло Умар ҳам зоҳир шуд.

-Феълан робитаатон бо Мулло Умар чи гуна аст?

-Феълан, ҳамаи онҳо махфӣ шудаанд. Барои онҳо осон нест, ки ба Покистон биёянд. Таҳти таъқиби Амрико ҳастанд. Барои дастгирии ҳар яке аз онҳо чанд милюн дулор ҷоиза гузошта шуда. Агар бихоҳад ҳам бо ман робита барқарор кунад, мушкил аст.

-Шумо устоди Толибон будед. Фикр мекунед чи қадар бар Толибон нуфуз доред, агар бихоҳед онҳоро ташвиқ ба оштии миллӣ дар Афғонистон кунед?

-Он бовар ва муҳаббате, ки ба устод доранд, ҳануз вуҷуд дорад. Аммо ман таҷруба накардаам, ки ҳарфамро гӯш мекунанд ё на. Онҳо аҳдофи бузурге доранд. Ҷанги азиме доранд. Дар роҳи ҷиҳод қурбонӣ додаанд, садҳо нафар шаҳид додаанд. Онҳо ҳадафи худро худ таъйин кардаанд. Толибон ба ҳарф ё ҳидояти касе ҷангро шурӯъ накардаанд.

-Давлати Афғонистон барои музокира бо Толибон Шӯрои Олии Сулҳро ташкил дода. Фикр мекунед ин муассир тамом хоҳад шуд?

-Тарафи аслии ин ҷанг давлати Афғонистон нест. Амрико бо Толибон ва касоне, ки дар канори Толибон меҷанганд, тараф аст. Агар инҳо (Амрико ва Толибон) гуфтугӯ кунанд, роҳи ҳал пайдо мешавад.

-Аммо оё Толибон ба ҳуқуқи башар эътимоде доранд?

-Толибон ҳаргиз ба касе зулм накарда. Ин таблиғоти сӯъ (бад) буд. Ҳадафи Амрико ин аст, ки Толибон низоми исломӣ барпо накунанд. Ин асли матлаб аст.

-Оё ҳамалоти интиҳорӣ аз лиҳози шаръӣ ҷавоз (иҷоза) дорад?

-Бубинед, ҳамалоти интиҳорӣ як аксулъамал аст. Барои ҳалли он, амал бояд ислоҳ шавад. Маълум шавад, ки интиҳорӣ вокунише ба кадом амал аст.

-Оё Шумо фикр мекунед касе, ки амали интиҳорӣ мекунад, ба биҳишт хоҳад рафт?

-Ман феълан аз ҷойгоҳи як шахсияти сиёсӣ бо Шумо ҳарф мезанам. Дар ин маврид бояд уламо фатво бидиҳанд. Ҳатто агар ман фатво ҳам бидиҳам, онҳо даст аз корашон нахоҳанд кашид. Албатта, ман аз ҳамалоти интиҳорӣ ҳимоят намекунам.

-Бисёре мегӯянд мадориси динӣ табдил шуда ба паноҳгоҳ ва омӯзишгоҳи шӯришиён. Назари Шумо чист?

-Мо як низоми вифоқулмадорис дорем, ки тамоми мадориси Покистон шомили он аст. Нисоб, низом, нишасту бархост ва ҳамаи умури мадорисро мо кунтрул мекунем. То ҳол давлатҳо ҷойеро ба мо нишон надодаанд, ки биравем ва бубинем, ки шӯришиён онҷо омӯзиш мебинанд.

Ҳорун Наҷафизода, Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ