14:37:16 02-уми Июни 2025 сол

ЧИ КАСЕ МИЗБОНИ УСОМА БИН ЛОДИН БУД?

Барои Покистон бадтар аз ин намешуд, ки Усома бин Лодин натанҳо дар хоки ин кишвар кушта шавад, балки дар чандқадамии окодемие пайдо шавад, ки бисёре аз женеролон ва кумондуҳои Покистон, давраи афсарии худро дар он сипарӣ мекунанд. Билол Товани шаҳри Абитобод, ки дар 115-килуметрии Исломобод қарор дорад, ҷойи мураффаҳнишине аст.

osama-ben-laden445544545.jpgБисёре аз афсарони бознишастаи артиши Покистон, тоҷирон ва донишгоҳиён дар хонаҳои гаронбаҳои тозасохти ин маҳалла зиндагӣ мекунанд. Иддае ҳам дар ин маҳал хонаҳои тобистонӣ доранд ва вақте ки дар дигар нуқоти Покистон ҳаво гарм мешавад, барои муддате ба муҳити сарсабзи Абитобод меоянд.

Кокул, Окодемии низомии Покистон, мӯътабартарин ниҳоди низомии ин кишвар, ҷое аст, ки женерол Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳурии пешин ва женерол Ашфоқ Киёнӣ, раиси кунунии артиш низ дар он давра афсарии худро гузарондаанд.

Хонаи иҷораӣ

Хонае, ки Бин Лодин аз он ба унвони пойгоҳаш солҳо дар ин минтақа истифода карда, шояд панҷ дақиқа ҳам аз Окодемии низомии Покистон фосила надошта бошад; ҷое, ки ҳарчанд вақт як бор фармондеҳони аршади артиш дар маросими фароғат аз таҳсили афсарони ҷавон ширкат мекунанд.

Ин хона, ки деворҳои баландтар ва масоҳати бузургтаре дорад, бо сими хордор иҳота шуда ва ба дурбини мадорбаста муҷаҳҳаз будааст. Гуфта мешавад ин хона зерзамине ҳам дорад, аммо то кунун артиши Покистон ба хабарнигорон иҷозаи вуруд ба хонаи Бин Лодинро, ки иҷора будааст, надодааст.

Соҳиби ин хона як паштуни вазиристонӣ унвон шуда ва гуфта мешавад, ки нафароти Бин Лодин чанд соле ин хонаро аз ӯ ба иҷора гирифта буданд. Мардуми маҳал мегӯянд вақте аз сокинони маҳаллии ин хона пурсиданд, ки чарои барои адои намоз ба масҷид намеоянд, ба онҳо гуфта шуд, ки сокинони хона аз фирқаи мазҳабии дигаре пайравӣ мекунанд. Аҳолии Абитобод умдатан паштунтабор ва панҷобӣ ҳастанд, вале баъзе аз шаҳрвандони муҳоҷири афғон ҳам дар ин маҳалла касбу кор доранд

Муаммои ҳузури Бин Лодин

Абитобод бештар ба як шаҳри низомӣ шабеҳ аст. Воҳидҳои артиш, бемористони низомӣ, Окодемии низомӣ, ки солона садҳо нафар фориғуттаҳсил дорад ва даҳҳо созу барги дигари юнифурмпӯшон дар он қарор дорад. Аз кулли ин минтақа дуруст монанди бисёре аз маҳаллоти ҳассос, ки марокизи артиш дар он мавқеъият гирифта, муҳофизат мешавад ва рафту омади умум дар он бо маҳдудиятҳое рӯбарӯ аст.

Агар Бин Лоденро, ки 25 милюн дулор ҷоиза барои сараш таъйин шуда буд ва душмани дараҷаи яки Омрико қаламдод мешуд, душмани Покистон ҳам бидонем, буду боши ӯ дар ин маҳалла як муъаммо аст. Ва аз ин рӯ ин гумоназанӣ беш аз ҳар замони дигаре қувват мегирад, ки худи артиши Покистон мизбони бузургтарин пайкорҷӯйи исломгаро будааст.

Амалиёти шикори Бин Лодин ҳам комилан бидуни иттилоъот ва машварати артиши Покистон сурат гирифт. Ҳатто созмони ғулпайкари истихбороти Покистон (ISI), ки тасаллути он бар тамоми ин кишвар қобили инкор нест, дар ин амалиёт ширкат надоштааст.

Бисёре мӯътақиданд бо ҳамлаи кумондуҳои омрикоӣ парда аз барномаи ҳимояти Созмони истихбороти Покистон аз шибҳенизомиёни исломгаро барафтод. Ин бидуни шак барои Покистон бидуни паёмад нахоҳад буд ва интизор меравад, ки сиёсатмадорони омрикоӣ бихоҳанд дар кумаки милёрдҳодулории Вошингтун ба Исломобод таҷдиди назар шавад.

Мавзеъи Покистон

Покистон аммо мавзеъи инъитофпазире дар пеш гирифтааст. Осифалии Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон, ин иддаъоро рад кард, ки Бин Лодин бехи гӯши артиш роҳ дода шуда буд. Оқои Зардорӣ гуфт: "Баъзе дар расонаҳои омрикоӣ мегӯянд Покистон иштиёқе ба пайгарди теруристон надорад, бадтар аз он, мегӯянд Покистон ба теруристҳо паноҳ медиҳад. Ин гузоришҳои беасос, фақат хабарҳои ҳаяҷонангезе месозанд, аммо ҳама орӣ аз ҳақиқат аст."

Оқои Зардорӣ ҳарчанд пазируфта, ки артиши кишвараш дар амалиёти дирӯз нақше надошта, аммо мегӯяд: ӯйдодҳои дирӯз амалиёти муштараке набуд. Аммо ҳамкорӣ ва шарокат байни Покистон ва Омрико, ки тайи як даҳа ҷараён дошт, ба нобудии Бин Лодин анҷомид."

Нобудии Бин Лодин дар дарозмуддат ба нафъи Покистон, ки мегӯяд беш аз ҳар кишваре дигар дар ҷанг алайҳитерурисм қурбонӣ дода, бошад ё набошад., феълан шикори раҳбари Алқоъида дар паноҳгоҳаш дар Абитобод, бисёре аз покистониҳоро дучори сардаргумӣ кардааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854