15:44:31 02-уми Июни 2025 сол

НАШРИ ПАНҶ НАВОРИ ВИДЕОӢ АЗ БОЙГОНИИ "ТЕРРОРИСТИ №1"

Вазорати дифои Амрико ё Пентагон панҷ навори видео аз бойгонии Усома бин Лодинро нашр кардааст. Ба гуфтаи масъулини хадамоти кашфи Амрико, бойгонии мусодирашудаи Усома бин Лодин баёнгари он аст, ки манзили ӯ дар Абботобод ситоди марказӣ буд ва назорати стратегиву фаврии “Ал-Қоида” аз он ҷо сурат мегирифт.

osama-ben-laden-44554455.jpg

Ахиран вазорати дифои Амрико панҷ навори аввали видеоӣ аз бойгонии бин Лодинро нашр кард. Дар яке аз онҳо паёми видеоии раҳбари “Ал-Қоида” ба ҷонибдоронаш сабт шудааст. Пентагон мегӯяд, ин панҷ видеои мунташиршуда дар ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ ба маҳалли иқомати Усома бин Лодин дар шаҳри Абботобод, дар наздикии Исломободи Покистон, ба даст омадааст.

Дар яке аз ин наворҳо Усома бин Лодин, маъруф ба "террористи рақами аввал", дар баробари телевизион нишаста ва тасовири худро дар шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ мушоҳида мекунад. Дар ин тасовир Усома бин Лодин кӯлоҳе бар сар дорад ва риши ӯ хокистарранг аст. Вазорати дифои Амрико ин навори видеоҳои Усома бин Лодинро бидуни садо мунташир кардааст.

Ин наворҳо бозгӯи ин аст, ки Усома бин Лодин дар маҳалли иқомати худ компютер низ доштааст, агарчӣ ба гуфтаи мақомҳои амрикоӣ вай аз интернет ё телефон бархӯрдор набудааст.

Яке аз видеоҳои бесадои Усома бин Лодин, ки аз сӯи Пентагон мунташир шудааст:

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854