03:15:02 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2005 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

ҲУЗУРИ МУСАВӢ ДАР "БИҲИШТИ ЗАҲРО"-И ТЕҲРОН

Мирҳусейни Мусавӣ асри панҷшанбе барои бузургдошти ёди кушташудагони ҳаводиси ахири Теҳрон дар "Биҳишти Заҳро" ҳозир шуда, аммо шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки пулис монеъ аз рафтани ӯ бар сари мазори Нидо Оқосултон шудааст.

Хабаргузориҳои Руйтерз ва Фронс пресс ба нақл аз шоҳидони айнӣ аз ҳузури оқои Мусавӣ дар "Биҳишти Заҳро" хабар додаанд, аммо Фронс пресс навиштааст, ки пулис ӯро маҷбур карда, ки гӯристонро тарк кунад. Ба гузориши ин хабаргузорӣ, шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки оқои Мусавӣ аз утумубили худ хориҷ шуда ва кӯшидааст, ки бар сари мазори Нидо Оқосултон, духтари ҷавоне, ки дар ҷараёни эътирозоти рӯзи 30 хурдоди Теҳрон кушта шуд, ҳузур ёбад.

Як шоҳиди айнӣ ба Фронс пресс гуфтааст, ки маъмурони пулиси зиддишӯриш фавран оқои Мусавиро иҳота кардаанд ва дар ҳоле ки садҳо тан аз азодорон шиъори "Ё Ҳусейн, Мирҳусейн" сар медоданд, ӯро ба утумубилаш бозгардондаанд.

Ба гуфтаи ин шоҳиди айнӣ, азодорон утумубили оқои Мусавиро иҳота кардаанд ва кӯшидаанд монеъ аз рафтани оқои Мусавӣ шаванд, аммо маъмурони пулис ба зӯр роҳро боз кардаанд, то утумубил аз маҳал хориҷ шавад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi