13:38:18 01-уми Июли 2025 сол

АЛҚОЪИДА ОХИРИН ПАЁМИ САВТИИ БИН ЛОДИНРО МУНТАШИР КАРДААСТ

Гурӯҳи Алқоъида ахиран як фойли савтӣ аз Усома бин Лодин, раҳбари пешини ин гурӯҳ мунташир кардааст, ки зоҳиран каме пеш аз марги ӯ таҳия шудааст. Дар ин паёми савтӣ бин Лодин зимни таҷлил аз инқилобҳои ахир дар ҷаҳони араб аз ҷумла Тунис ва Миср аз як "мавқеъияти таърихӣ" барои қиёми мусалмонони ҷаҳон сухан гуфтааст.

bin_laden_30447744.jpg

Ин фойли савтии 12 дақиқаӣ дар сойтҳои интернетии исломгароён қарор гирифтааст. Усома бин Лодин, раҳбари гурӯҳи Алқоъида дар рӯзи дувуми моҳи майи имсол тавассути кумондуҳои вижаи дарёии Амрико дар иморате дар Покистон кушта шуд. Гумон меравад гурӯҳи Алқоъида ахиран як сарҳанги собиқи артиши Миср ба номи Сайфуладлро ба ҷонишинии муваққати бин Лодин баргузидааст.

Сайфуладл замоне масъулияти таъмини амнияти бин Лодинро бар уҳда дошт ва гумон меравад дар бумбгузории сафорати Амрико дар шарқи Офриқо дар соли 1998 милодӣ ҳам даст доштааст. Ӯро масъули омӯзиши ҷангҷӯёни сумолиёӣ медонанд, ки дар соли 1993 ҳаждаҳ сарбози Амрикоиро дар Мугодишу куштанд.

Гуфта мешавад баъзе аз ҳавопайморабоёни ҳодисаи 11 сентаябр ҳам таҳти омӯзиши оқои Сайфуладл будаанд. Пас аз ҳамлаи Амрико ба Афғонистон дар соли 2003 Сайфуладл ба Эрон гурехт ва бар асоси баъзе аз гузоришҳо тайи чанд соли иқомат дар Эрон таҳти боздошти хонагӣ будааст.

Бар асоси гузоришҳое, ки авохири соли гузаштаи милодӣ мунташир шуд, эҳтимол дорад Сайфуладл пас аз озодӣ ба шимоли Покистон рафта бошад. Бо ин ҳол баъзе аз таҳлилгарони ғарбӣ дар мавриди нақши ҷадиди Сайфуладл дар гурӯҳи Алқоъида ибрози тардид кардаанд ва мегӯянд, ки эҳтимол дорад Айман Завоҳирӣ, ки ӯ ҳам мисрӣ аст, раҳбарии гурӯҳи Алқоъидаро уҳдадор шуда бошад.

Мақеъияти таърихӣ

Дар ин фойли савтӣ бин Лодин дар мавриди Тунис ва Миср сухан гуфта, аммо ба шуришҳои ахир дар Сурия, Либӣ ва Яман ишора накардааст. Ӯ дар бахше аз ин фойли савтӣ гуфтааст: "Ман фикр мекунам бодҳои тағйир ба изни худованд дар ҷаҳони ислом хоҳад вазид."

Ӯ ҳамчунин афзудааст: "Акнун гузаргоҳи муҳиме пеши рӯи шумо аст ва уммати ислом бояд аз ин мавқеъияти бузург ва камёб барои раҳоӣ аз омоли ҳокимон ва қавонини башарӣ ва султаи Ғарб истифода кунад. Пас дар интизори чӣ ҳастед. Худ ва фарзандонатонро наҷот диҳед, зеро акнун ин мавқеъият ба даст омадааст."

Бардошти умумӣ ин аст, ки гурӯҳи Алқоъида дар муқобили шуришҳои ҷаҳони араб, ки аз январи имсол дар Тунис оғоз шуд ва ба суръат ба Миср сироят кард, ғофилгир шудааст. Таҳлилгарон мегӯянд бо вуҷуде ки гурӯҳи Алқоъида ва кишварҳои ғарбӣ ҳар ду ба наҳве аз ҷунбишҳои инқилобӣ дар кишварҳои арабӣ ҳимоят кардаанд, аммо мардуми ин кишварҳо ба дунболи аҳдофи бисёр мутафовите ҳастанд.

Давлатҳои ғарбӣ умедворанд ин ҷунбишҳо мунҷар ба анҷоми ислоҳоти демукротик дар ин кишварҳо шаванд, дар ҳоле ки Алқоъида мойил аст шоҳиди рӯи кор омадани ҳукуматҳое дар ин кишварҳо бошад, ки бардошти мушобеҳи ин гурӯҳ аз аҳкоми исломӣ дошта бошанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ