07:40:02 01-уми Июни 2025 сол

ЭРОН АЗ БОЗДОШТИ 30 "ҶОСУСИ АМРИКО" ХАБАР ДОД

Вазорати иттилоъоти Эрон аз шиносоӣ ва инҳидоми (нобусозии) "як шабакаи печидаи ҷосусӣ ва харобкории" вобаста ба Созмони Иттилоъоти Марказии Амрико (CIA) хабар додааст. Ин вазоратхона дар иттилоъияе эълом кардааст, ки бо муталошӣ шудани (фурӯпошии) ин шабака "30 нафар аз ҷосусони Амрикоӣ" боздошт ва 42 нафар аз "афсарони иттилоъотӣ-амалиётии" Созмони Иттилоъоти Марказии Амрико шиносоӣ шудаанд.

ministry_of_intell-4.jpg

Бино бар иддаъои Вазорати иттилоъоти Эрон, ин шабака дар чанд кишвари ҷаҳон фаъол буда ва бо истифода аз пӯшишҳое, монанди ироаи визо, ваъдаи иқомат, иштиғол ва таҳсил дар хориҷ аз Эрон, "дар садади фиреби иддае аз шаҳрвандон, тахлияи иттилоъотӣ ва ба ҷосусӣ водоштани онҳо" будааст. Вазорати иттилоъоти Эрон аз сафоратхонаҳо ва кунсулгариҳои Амрико дар чанд кишвар "бавижа Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Молезӣ ва Туркия" ба унвони пойгоҳҳои ҷамъоварии иттилоъоти ин шабака ном бурдааст.

"Аҳдофи густарда"

Бино бар иттилоъияи вазорати итилоъот, "шабакаи ҷосусии" кашфшуда дар ҳоли ҷамъоварии иттилоъот аз марокизи илмӣ, таҳқиқотӣ, донишгоҳӣ ва ҳамин тавр, аз ҳавзаҳои энержии ҳастаӣ, саноеъи ҳавоӣ ва дифоъӣ ва биютекнулужии Эрон будааст. Гирдоварии иттилоъоти бисёр рез перомуни лӯлаҳои нафту гоз, шабакаҳои барқ ва мухобироти кишвар, фурӯдгоҳҳо ва гумрукоти кишвар, амнияти шабакаҳои иртиботӣ ва бонкӣ ва "мавориде аз ин қабил" низ аз аҳдофи дигари ин шабака унвон шудааст.

Бино бар иттилоъияи Вазорати иттилоъоти Эрон, истифода аз "амалиёти маъкуси иттилоъотӣ" ва иқдом ба "дубл кардани теъдоде аз ҷосусоне, ки ба истихдоми созмони СИО (CIA) даромада буданд", аз ҷумлаи шеваҳои бакоррафта барои касби иттилоъ аз аҳдоф ва иқдомоти ин шабака ва "фиреби" он будааст.

Вазорати итилоъоти Эрон зимни таъкид бар ин ки "ин иқдоми хасмона (душманона) аз ҳофизаи вазорати иттилоъот зудуда нахоҳад шуд", ба мардуми Эрон тавсия кардааст, ки нисбат ба "иртибототи машкук дар пӯшиши даъват ба таҳсил, иштиғол ва ё иқомат дар хориҷ аз кишвар, ахзи раводид ва низ назарсанҷиҳои телефунии фоқиди маншаъи мӯътабар" ниҳояти диққатро дошта бошанд.

"Барномаи таҳоҷумӣ"

heydar_moslehiХабари шиносоии ин "шабакаи ҷосусӣ" дар ҳоле мунташир шуда, ки Ҳайдар Муслеҳӣ, вазири иттилоъоти Эрон, исфандмоҳи соли 1389 (5 марти соли ҷорӣ) дар ёддоште аз "барномаи таҳоҷумии вазорати иттилоъот барои муқобала бо сервисҳои иттилоъотии кишварҳои хориҷӣ" дар пайи таъкиди раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ хабар дода буд.

Оқои Муслеҳӣ пеш аз он ҳам гуфта буд: "Сервисҳои ҷосусӣ бо барқарории иртиботи фомилӣ (хонаводагӣ), дӯстӣ ва илмию пажӯҳишӣ роҳҳои нуфуз дар одамҳои мухталифро пайдо мекунанд. Муъовини пажӯҳишии Вазорати улуми Эрон низ авохири соли гузаштаи хуршедӣ (авоили марти соли ҷорӣ) аз "талоши бегонагон барои ҷосусӣ аз тариқи равобити пажӯҳишӣ" сухан гуфта буд.

Муҳаммад Меҳдинажоди Нурӣ бо ҳушдор ба устодоне, ки аз хориҷ даъватномаҳое бо "рангу луъоби илмӣ" дарёфт мекунанд, гуфта буд: "Онҳо шахсиятҳои илмиро ба хориҷ аз кишвар даъват ва тахлияи иттилоъотӣ мекунанд, сипас бо додани миқдори ночизе пул ӯро шарманда карда ва дар мавқеъияте қарор медиҳанд, ки пас аз бозгашт ба Эрон доиман бо онҳо дар иртибот бошад."

Визои Амрико барои донишҷӯёни эронӣ

Хабари Вазорати иттилоъоти Эрон дар бораи кашфи "шабакаи ҷосусӣ" ва ҳушдор дар мавриди "даъватҳои машкуки" устодону донишҷӯёни эронӣ ба таҳсилу иштиғол дар ҳолест, ки давлати Амрико аз осон кардани шароити дарёфти раводиди худ барои донишҷӯёни эронӣ хабар додааст. Ҳилорӣ Клинтун, вазири хориҷаи Амрико, рӯзи панҷшанбеи 19 май эълом кард, ки маҳдудияти замонии дарёфти раводиди ин кишвар барои донишҷӯёни эронӣ коҳиш ёфтааст.

Визои Амрико барои донишҷӯёни эронӣ ва соири афроде, ки бар асоси барномаҳои табодули таҳсилӣ аз Эрон ба Иёлоти Муттаҳида сафар мекунанд, то кунун ба муддати се моҳ эътибор дошт ва танҳо барои як бор вуруд ба хоки ин кишвар содир мешуд. Аммо хонуми Клинтун дар як паёми видиюӣ эълом кард, ки муддати эътибори ин визо ба ду сол афзоиш ёфта ва мутақозиёни эронӣ маҷбур нахоҳанд буд, ки ҳар бор пас аз тарки Амрико барои вуруди муҷаддад тақозои визо бидиҳанд.

Бар асоси баёнияи Вазорати хориҷаи Амрико: "Аз таърихи 20 майи соли 2011 ба баъд мутақозиёни эронии дорандаи шароит барои визо дар радаҳои J, F ва M ба манзури таҳқиқ ва таҳсил дар риштаҳои ғайриҳассос, ғайрифаннӣ, ва вобастагони онҳо, барои дарёфти раводиди дусола бо имкони вуруди мукаррар воҷиди шароит хоҳанд буд."

Хонуми Клинтун ин иқдомро "гоме бузург" аз сӯйи давлати Барак Обама барои ҳимоят аз мардуми Эрон тавсиф кард. Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико, дар паёми наврӯзии ахири худ ваъда дода буд, ки аз ҷавонони эронӣ ҳимоят мекунад. Бар асоси завобити гузашта, донишҷӯёни эронӣ, ки ҳатто дар мавориди изтирорӣ маҷбур ба тарки хоки Амрико мешуданд, ногузир буданд, ки барои вуруди дубора ба ин кишвар дархости визо кунанд.

Вазорати умури хориҷаи Амрико мегӯяд: "Ин тағйир ба донишҷӯёни эронӣ ва касоне, ки тибқи барномаҳои мубодила ба Амрико меоянд, имкон медиҳад, то бо суҳулати бештаре мусофират кунанд ва аз ин тариқ мӯҷиботи пешбурди ҳадафи мо дар иртиқои ҷараёни озоди иттилоъот ва андешаҳо фароҳам хоҳад шуд."

Ҳилорӣ Клинтун зимни эъломи хабари ин тағйир гуфт Амрико хоҳони "гуфтугӯ ва табодули бештар" бо ҷавонони эронӣ аст, ки ба гуфтаи ӯ, ояндаи Эронро рақам мезананд. Ӯ гуфт: "То замоне ки давлати Эрон ба саркӯби зарфиятҳои шумо идома медиҳад, мо дар каноратон хоҳем истод ва аз ормонҳо ва ҳуқуқи шумо пуштибонӣ хоҳем кард."

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854