07:27:15 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РОДИОИ ЭРОН: ДИГАР САДОИ ШАҶАРИЁНРО ПАХШ НАМЕКУНЕМ

Муҳаммад Ҳусейни Суфӣ, муъовини шабакаи родиюи давлатии Эрон (Садо) аз тасмими ин расона ба таваққуфи пахши куллия осори Муҳаммадризо Шаҷариён дар родию хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории ИСНО, оқои Суфӣ дар вокуниш ба эътироз ва шикояти Муҳаммадризо Шаҷариён нисбат ба пахши осораш дар тайи як моҳи гузашта унвон кард, бархе аз осори оқои Шаҷариён бо ҳазинаи Садо ва Симо ва бархе бо ҳазинаи шахсии эшон таҳия шудааст. Бо ин ҳол ӯ, ки дар гузашта симмати раёсати маркази мусиқии Садо ва Симои Эронро низ ба уҳда дошта, гуфт: "Аз ин пас ҳатто дар моҳи рамазон ҳам садои Муҳаммадризо Шаҷариён аз шабакаҳои родиюӣ пахш нахоҳад шуд." Зоҳиран ишораи оқои Суфӣ ба "пахш дар моҳи рамазон", ба дуъое мавсум ба "Рабано" аст, ки тавассути оқои Шаҷариён иҷро шуда ва ин ҳунарманд пахши онро муҷоз донистааст. Ин дуъо аз родиюи Эрон дар пеш аз соъати ифтор беш аз ду пахш мешуд.

Изҳороти оқои Суфӣ дар шароите мунташир мешавад, ки Муҳаммадризо Шаҷариён шикояте расмиро алайҳи Садо ва Симои Эрон матраҳ карда ва ин расонаи давлатиро ба истифодаи ғайриқонунӣ аз осори худ муттаҳам намудааст. Мушаммадҳусейни Оқосӣ, вакили оқои Шаҷариён дар гуфтугӯе бо рӯзномаи "Эътимоди миллӣ", ба унвони намуна ба пахши яке аз осори оқои Шаҷариён дар ҳангоми нишон додани тасовири бозгашти панҷ табаъаи эронӣ аз Ироқ (рӯзи 12 июн) ишора кард.

Оқои Оқосӣ дар рӯзи 27 июн эълом кард бозпурси парвандаи шикояти Муҳаммадризо Шаҷариён, расман аз Садо ва Симои Эрон дархост кардааст, ки муҷаввизи пахши осори ӯро ироа диҳад.Ин вакили додгустарӣ бо истинод ба модаи 23-и қонуни ҳимоят аз ҳуқуқи муаллифон ва мусанифон эълом кард, касоне ки тасмимоташон мунҷар ба пахши осори як ҳунарманд бидуни иҷозаи ӯ шавад, муртакиби ҷурм шудаанд.

Муҳаммадҳусейни Оқосӣ болотарин мақоми муртабит бо маркази мусиқӣ ва суруди Садо ва Симоро мавриди шикоят донист, ки пахши ҳар гуна мусиқӣ бо мувофиқати катбии ин ниҳод ба зермаҷмуъаҳои Садо ва Симо сурат мегирад.

Шикоят аз "Кайҳон" ва Садо ва Симо

Оқои Шаҷариён пеш аз ин борҳо хостори таваққуфи "пахши ғайриқонунии" осори худ аз Садо ва Симои Эрон шуда буд, аммо шикояти ахир пас аз он матраҳ шуд, ки Садо ва Симои Эрон пас аз даҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ва дар ҷараёни нооромиҳои пас аз он, иқдом ба пахши бархе аз таронаҳои оқои Шаҷариён, аз ҷумла "Эй Эрон, эй сарои умед" кард.

Муҳаммадризо Шаҷариён дар рӯзи 16 июни соли ҷорӣ дар номае хитоб ба Иззатуллоҳ Зарғомӣ, раиси Садо ва Симои Эрон ба пахши ин осор эътироз карда буд ва ин таронаҳоро мутаъаллиқ ба фазои солҳои аввали пас аз инқилоби исломӣ дар Эрон ва "беиртибот бо шароити кунунӣ" дониста буд.

Ин ҳунарманд, ки раёсати Шӯрои олии Хонаи мусиқии Эронро низ бар уҳда дорад, пас аз ирсоли ин нома дар гуфтугӯе бо Би-би-сии форсӣ гуфт: "Дар шароите, ки мардум дар буҳту ҳайрат ҳастанд ва ба гуфтаи оқои Аҳмадинажод, хасу хошок ба ҳаркат даромадаанд, садои ман дар Садо ва Симо ҷое надорад. Садои ман садои хасу хошок аст ва ҳамеша ҳам барои хасу хошок хоҳад буд."

Аммо ин изҳори назар боъис шуд рӯзномаи "Кайҳон" дар мақолае интиқодӣ Муҳаммадризо Шаҷариёнро "ватанфурӯш" бихонад ва оқои Шаҷариён низ шикоятеро алайҳи рӯзномаи "Кайҳон" тарҳ кунад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi