ПОЙГОҲИ ДАРЁИИ ПОКИСТОН АЗ МУҲОҶИМОНИ ТОЛИБОН ПОКСОЗӢ ШУД
Артиш ва пулиси Покистон ба амалиёти муҳоҷимони Толибон дар як пойгоҳи нерӯҳои дарёӣ дар шаҳри Карочӣ хотима доданд. Субҳи душанбеи 23 май манобеъи артиши Покистон гузориш карданд, ки воҳидҳои низомӣ ва пулис пас аз чандин соъати даргирии хунин, тавонистаанд ба муқовимати гурӯҳе аз муҳоҷимони мусаллаҳ дар як пойгоҳи нерӯҳои дарёии ин кишвар поён диҳанд ва амалиёти поксозии ин маҳал аз муҳоҷимонро оғоз кунанд.
Ҳамла ба ин пойгоҳи муҳимми низомӣ асри якшанбе оғоз шуд ва набарди байни ду тараф дар соъоти шаб ҳамчуноон идома дошт. Дар ин амалиёт дастикам 12 нафар аз персуноли нерӯҳои дарёӣ ва шибҳанизомиёни вобаста ба артиш ҷони худро аз даст дода ва чанд нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ҳанӯз мақомоти покистонӣ аз шумори дақиқ ва вазъияти муҳоҷимон ҷузъиёте дар ихтиёри расонаҳо қарор надодаанд, вале интизор меравад бо поён ёфтани амалиёти поксозӣ, гузорише дар ин замина интишор шавад. Соъоти пас аз оғози ҳамла ба пойгоҳи дарёии “Меҳрон”, сухангӯйи исломгароёни тундрави мавсум ба Толибони покистонӣ гуфт, ки ин гурӯҳ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда дорад.
Вай гуфт, яке аз ҳадафҳои ба иҷро гузоштани ин амалиёт интиқомҷӯйӣ аз “шаҳодати” Усомо бин Лодин, раҳбари шабакаи Алқоида будааст, ки ба гуфтаи мақомоти Омрико рӯзи 2 май дар махфигоҳаш дар шимолу ғарби Покистон кушта шуд.
Сухангӯйи Толибон ҳадафи дигари ин ҳамларо тазъифи (заиф кардани) артиши Покистон унвон кард, ки ба гуфтаи ӯ, ҳомии низоми секулор ва ҳамкори Иёлоти Муттаҳида аст, аммо наметавонад “аз сарзамин ва мардуми Покистон ва ислом дифоъ кунад.”
Гуфта мешавад байни даҳ то понздаҳ фарди мусаллаҳ ба норинҷаки Ор-пи-ҷӣ ва туфанги худкор дар ин амалиёт ширкат доштанд ва пас аз вуруд ба пойгоҳи низомии Меҳрон ба гурӯҳҳои кучактар тақсим шуданд ва ба тирандозӣ ва чанд маврид инфиҷори паёпай оғоз карданд. Дар ин амалиёт дастикам ду фарванд ҳавопаймои дарёии сохти Омрико нобуд шуд ва муҳоҷимон теъдоде аз персуноли ҳозир дар пойгоҳро ба гаравгон гирифтанд.
Аз сарнавишти гаравгонҳо ҳанӯз гузорише нашудааст. Дар гузоришҳои аввалия омада буд, ки теъдоде аз мушовирони омрикоӣ ва коргарони чинӣ ҳангоми ҳамла дар ин маҳал ҳузур доштанд, ки мумкин аст кушта шуда ва ё дар дасти муҳоҷимон бошанд, аммо ин гузоришҳо таъйид нашудааст.
Ба гуфтаи коршиносон наҳваи анҷоми амалиёт бешабоҳат ба ҳамалоте набуд, ки гурғҳе аз исломгароёни тундрав дар соли 2008 дар шаҳри Мумбайи Ҳинд ба иҷро гузоштанд, ки ба чанд рӯз даргирии онон бо воҳидҳои низомии артиш ва кушта шудани ҳудуди дувист нафар мунҷар шуд.
Дар пайи интишори хабари кушта шудани Усомо бин Лодин, ҳамалоти мутаъаддиде дар нуқоти мухталифи Покистон, аз ҷумла бумбгузорӣ дар наздикии як утумубили мутаъаллиқ ба ҳайъати диплумотики Омрико дар Покистон сурат гирифт, ки Толибон масъули он шинохта шудааст.
Би-Би-Си