ДУ КУШТА ДАР ЯК ИНФИҶОР ДАР ПОЙТАХТИ ҚАЗОҚИСТОН
Дар наздики боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар шаҳри Остона инфиҷоре рух дода ва бар асари он ду нафар кушта шудаанд. Бар асоси гузоришҳои расида аз шаҳри Остона, як утумубили сурхи “Аудӣ-100” мунфаҷир шудааст.
Гуфта мешавад, ду нафари кушташуда мусофирони утумубил буда ва аз афроди ғайринизомӣ касе осеб надидааст. Бар асари инфиҷор ба манозил ва сохмонҳои атрофи маҳалли ҳодиса хисорот ворид гардидааст. Бино ба иттилоъи хабаргузориҳои маҳаллӣ, инфиҷор дар соъати 3.30 субҳ иттифоқ афтодааст.
Шоҳидони айнӣ аз аҷсоди порашудаи одамон ва ба маҳалли ҳодиса рехтани онҳо сӯҳбат кардаанд. Тибқи иттилоъоти муқаддамотӣ, ин инфиҷор дар натиҷаи ҳамлае интиҳорӣ рух додааст. Аммо манобеъи ниҳодҳои интизомии Қазоқистон гуфтаанд, ки ҳануз барои ҳамлаи теруристӣ хондани ин инфиҷор барвақт аст.
Ба гуфтаи манобеъи Вазорати дохилаи Қазоқистон, афроди мунфаҷиршуда дар утумубил ба созмонҳои ифротӣ ё мазҳабӣ иртиботе надоштаанд. Ин манобеъ имкони худ аз худ мунфаҷир шудани утумубилро низ баъид намедонанд. Ба далели пайдо нашудани нишонаҳо аз маводди мунфаҷира дар утумубил чунин тахмин ба миён омадааст.
Дар баёнияи ниҳодҳои интизомии Қазоқистон таъкид шудааст, ки утумубили мунфаҷиршуда дар манотиқи камодам гузошта шуда ва мусофирони он мавриди ҷустуҷӯйи пулис қарор доштаанд. Дар баёния омадааст, ки дар дохили утумубил зоҳиран ду марди урупоӣ ҳузур доштаанд.
Пулис дар маҳалли ҳодиса асноди ду табаъаи 48 ва 26-солаи Қазоқистонро пайдо карда, аммо асомии ин афрод эълом нашудааст. Гуфта мешавад, ин ду нафар сокини шаҳри Экибастуз, дар шимоли Қазоқистон, будаанд.
Бар асоси гузоришҳои ахир, ки аз Қазоқистон расидаанд, дар қиболи инфиҷор дар наздикии бахши Вазорати дохилаи Қазоқистон дар шаҳри Остона тибқи моддаи 188, яъне, “бинобар беэҳтиётӣ хароб кардани манозили ягон нафар” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар ҳафтаи гузашта дар сохтмони Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар вилояти Оқтеппа як ҳамлаи интиҳорӣ рух дода ва Раҳимҷон Махатови 25-худро мунфаҷир карда буд. Муҳоҷим дар маҳалли ҳодиса ҷон бохта ва ду нафари дигар захмӣ шуда буданд.
Аммо мақомоти расмӣ ин ҳамларо на амали терруристӣ, балки кори афроди ҷиноятпеша унвон карда буданд, ки ба хотири холӣ кардани шона аз масъулияти ҷароим ба чунин амал даст задаанд.
Би-Би-Си