08:01:19 11-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

40 ШАЛЛОҚ БАРОИ ПӮШИДАНИ ЛИБОСИ АВРУПОӢ

Боздошти як гурӯҳи занон дар Судон бо айби пӯшидани либосӣ аврупоӣ дар матбуоти ҷаҳонӣ ба хабари муҳим ва шӯрангез табдил шудааст.

Лубна Ҳусейн, хабарнигори собиқи бахши матбуотии дафтари СММ дар Хартум пойтахти Судон, дар авоили моҳи ҷорӣ барои пушидани шалвор дар тарабхонаи машҳури шаҳр боздошт шуда буд. Хонум Лубна дар тарабхонае, ки миёни рӯзноманигорон ва хориҷиён шӯҳрат дорад дар шабнишинии хусусӣ ширкат мекард. Вай танҳо набуд ва кормандони полис ҳамроҳаш боз 12 хонумони судонии дигарро бо иттиҳоми бар тан доштани либоси ғайрисуннатӣ боздошт карда буданд. 

Аммо дар ҳоле, ки 10 зани боздоштшудаи дигар ба муҷозот розӣ шуданд, Лубна ва боз ду зани дигар онро қабул накарданд. Ин даҳ занро баъд аз задани 40 шаллоқ ва ситондани 120 доллар ҷарима аз ҳар кадомаш озод карданд ва аммо Лубна ва ду ҳамкораш талаб намуданд, ки парвандаашонро додгоҳ баррасӣ кунад. 

Дирӯз Лубна барои нахустин муҳокимаи парвандааш ба додгоҳ омад ва сабаби ҳаёҳуву ғавғо шуд, чунки Лубна дар тан ҳамон шалвори сабзашро дошт, ки барои он боздошташ карданд.

Баъзе дугонаҳои Лубна бо нишони ҳамдилӣ бо вай ба додгоҳ низ бо шалвор омаданд. Шалвор ишораи он буд, ки Лубна дар додгоҳ то охир мубориза хоҳад кард. Дар сӯҳбат бо матбуот вай гуфт, ки мехоҳад на танҳо муқобили шаллоқзанӣ барои ба ном “беназокатӣ”, балки тамоман аз байн бурдани ин қоидаҳо аз қавонини Судон мубориза барад. 

Дар сӯҳбат бо хабаргузории Ассошиэйтед Пресс хонум Лубна гуфт, ки гап на дар бораи шалворпӯшии танҳо ӯ, балки дар бораи лағви ин моддаи қонун меравад, ки мухолифи Қонуни асосӣ ва қавонини Ислом аст. 

Муборизаи Лубна аз як ҷониб барои корманди СММ буданаш ва аз дигар ҷониб барои он, ки вай ба муҳокимаи додгоҳӣ хабарнигорони хориҷиро даъват намуд, таваҷҷӯҳи байнулмилалиро ҷалб кард. Ҳомиёни ҳуқуқи башар низ ба додгоҳ омаданд. 

Бино бар созишнома миёни СММ ва давлати Судон, хонум Лубна аз муҷозот масуният дорад ва барои баррасии парвандааш додгоҳ бояд аз СММ иҷозат бигирад. Аммо ин хонуми нотарс таъкид кард, ки барои имконпазир шудани муҳокимаи парвандааш аз кори СММ даст мекашад ва қозӣ барои ба истеъфо рафтанаш ба вай то 4 август мӯҳлат дод. 

Дар СММ парвандаи Лубна Ҳусейн ба рӯдоди намоён табдил ёфта, дабири кулли ин созмон Бан Ки Мун дар Ню Йорк дар бораи ин ҳодиса нишасти вижаи матбуъотӣ баргузор кард. Вай гуфт, СММ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод, то ки тазмин диҳад, ки ҳуқуқҳои кормандонаш дифоъ мешаванд. Бан Ки Мун низоми додгоҳии Судонро барои шаллоқзанӣ мавриди интиқод қарор дод.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi