САРҲАНГ ҚАЗЗОФӢ: ТО МАРГ МЕҶАНГАМ
Муъаммар Қаззофӣ, раҳбари Либӣ, дар пайи ҳамалоти шадиди НОТУ ба мақарраш дар Таробулус тайи паёме савтӣ эълом кардааст, ки "зинда ё мурда" дар Либӣ боқӣ хоҳад монд. Ин паём дар пайи ҳамалоти ҳавоии рӯзи сешанбеи НОТУ ба маҷмаъи Боб-ул-азизия, мақарри сарҳанг Қаззофӣ дар Таробулус, пойтахти Либӣ, дар телевизиюни давлатии ин кишвар пахш шудааст.
Оқои Қаззофӣ, ки ҳафтаҳост дар анзори умумӣ дида нашуда ва дар ихтифо ба ба сар мебарад, гуфт тарҷеҳ медиҳад бимирад, аммо таслим нашавад. Ӯ аз ҳомиёнаш хост, ки ҳамалоти НОТУ-ро нодида бигирад ва дар мақарраш таҷаммуъ кунанд. Сарҳанг Қаззофӣ гуфт: "Мо фақат як гузина дорем. Ин кишвари мост ва то охир дар он боқӣ хоҳем монд, мурда, зинда, пирӯз".
Ин изҳорот пас аз амалиёти Созмони Паймони Отлонтики шимолӣ анҷом шуд, ки тайи он ҳавопаймоҳои ҷангии НОТУ дастикам 20 ҳадафро дар мақарри раҳбари Либӣ ва навоҳии атрофи он бумборон карданд. Давлати Либӣ мегӯяд, ки шуморе аз марокизи горди раёсати ҷумҳурӣ бумборон шудааст.
Шоҳидон гуфтаанд, ки субҳи сешанбе ҳавопаймоҳои НОТУ-ро ҳангоми парвоз дар иртиқоъи пойин бар фарози Таробулус мушоҳида кардаанд. Аз сӯйи дигар, Русия ва Чин дар талошанд, ки аз тариқи диплумотик ба ҷанги Либӣ хотима диҳанд.
Вазири умури хориҷаи Либӣ ба Пекин, пойтахти Чин, сафар карда ва як ҳайъати диплумотики Русия низ дар шаҳри Бенғозӣ, маркази аслии мухолифон ба сар мебарад. Манобеъи низомии НОТУ гуфтаанд, ки аз оғози амалиёти ҳавоӣ дар иҷрои мусаввабаи Шӯрои Амният дар мавриди ҳимоят аз ғайринизомиёни Либӣ, беш аз даҳ ҳазор маъмурияти ҳавоӣ дар хоки Либӣ анҷом додаанд.
Би-Би-Си