17:32:00 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОҚИЕВ САВГАНДИ ВАФОДОРӢ ЁД КАРД

Субҳи имрӯз, 2-юми август, Қурмонбек Боқиев дар маросиме дар Бишкек барои оғози давраи дуввуми президентиаш савганди вафодорӣ ёд кард.

Вай чаҳор соли дигар дар Қирғизистон ин мақомро бар уҳда хоҳад дошт. Маросими савганди Қурмонбек Боқиев дар бинои ҳукумати ин кишвар дар ҳузури вакилони порлумон ва намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ баргузор шуд. Аз меҳмонони олирутбаи хориҷӣ танҳо Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар ин маросим ширкат кардааст. Расми савганди Қурмонбек Боқиевро рӯзноманигорон «хоксорона» унвон кардаанд. 

Маросими савганди қаблӣ ва нахустини Боқиев дар соли 2005 дар майдони марказии шаҳри Бишкек бо ширкати ҳазорон нафар ҷонибдорони ӯ баргузор шуда буд.

Бино ба натиҷаҳои расмӣ, дар интихоботи президентии 23-юми июл дар Қирғизистон Қурмонбек Боқиев 76 дарсади овозҳоро ба даст овардааст. Ба рақиби ӯ аз иттиҳоди мухолифин Алмосбек Ҳотамбоев ҳамагӣ 8,4 дарсади раъйдиҳандагон овоз додаанд. 

Алмосбек Ҳотамбоев ва дигар номзадҳои мухолифин чунин натиҷаҳоро қабул накардаанд ва интихоботро ғайридемократӣ номидаанд. Нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо низ интихоботи Қирғизистонро ғайридемократӣ арзёбӣ кардаанд ва иброз доштаанд, ки бо вуҷуди баъзе ҷанбаъҳои мусбат, интихобот ҷавобгӯи меъерҳо набудааст. 

Рӯзи шанбе мақомоти ИМА низ дар мавриди интихоботи ахири Қирғизистон изҳори нигаронӣ назар кардаанд. Дар изҳороти сафорати Амрико дар Бишкек омадааст, ки дар ҷараёни интихобот баъзе унсурҳои мусбат ба чашм мехӯрданд, вале ИМА бо натиҷагирии гурӯҳи нозирони мустақил мувофиқ аст, ки интихобот ба аксари ӯҳдадориҳои байнулмилалии Қирғизистон мувофиқат намекард.

ИМА аз Қирғизистон даъват кардааст, бар пояи ӯҳдадориҳои байнулмилалияш тамоми талаботи қонунҳои марбут бо интихоботро бидуни тарафгирӣ иҷро намояд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi